Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президент Раҳмонов


Салом ба хонандагони ин сайти интернетӣ!

Албатта, ин сафар бефоида нахоҳад буд ва фоидааш дар дарозмуддат ба мо хоҳад расид. Ва ба фикрам, агар раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмонов ба дигар кишварҳои халиҷии араб сафар мекард, беҳтар буд, чунки ин кишварҳо аз лиҳози нафт хеле сарватманд ҳастанд ва бисёр кишварҳо мехоҳанд, бо онҳо робитаи хуб дошта бошанд. Ба фикрам, ҷалби сармояи ин кишварҳо ба Тоҷикистон бисёр муҳим аст, зеро онҳо пул доранд, вале ҷои хуби гузоштани сармоя надоранд.

Бо эҳтиром
Қосимҷон
---------------------------------------

Салом ба халқи азизи тоҷик.

Шабакаи интернетӣ ин ягона восита аст, ки халқ озодона сухан мекунад. Агар ба гуфти Фаридунҷони ҷонона мо ин воситаро ҳам қатъ гардонем, пас вой бар ҳоли халқи зери ҷабр! Мо бояд чашми бинанда дошта бошем, ки норасоиҳои худро ва сардорони худро тавонем, ки бубинем ва фошофош бигӯему роҳи ислоҳи онҳоро биҷӯем.

Дар хусуси сафари ҷаноби олӣ ба Миср ва Сурия ҳаминро гуфтаниям, ки албатта, ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи мамолики ҷаҳон фоидаи хуб меорад.

Далер
------------------------------------

Сипос ба радиои Озодӣ, ки ба мо фурсати баҳсро фароҳам кардааст.
Сафари ҷаноби президент ба ин ду кишвар муфид аст, зеро мо ҳама мусулмон ҳастем ва бигзор агар сармояҳои бузург гузошта нашаванд ҳам, шурӯъи рафтуомад хидмате барои оянда аст.

Ҳамзамон ба бародар Алиҷон бояд бигӯям, ки сабаби нооромиҳо дар Шарқи Миёна Эрон ва табааи шиъагон аст. Биноан, дӯсти азиз, набояд фирефтаи шиъорҳои дурӯғини Эрон шуд ва исломи тоҷикии худро аз даст дод.

Бо эҳтиром
Абӯмуҳаммад аз хориҷи кишвар
----------------------------------------
Салом.
Mан аз барномаи озоди.орг хохиҳои зиёд дорам, ки ҳамин хел пастзаниҳои давлат ва президентро аз баъзеҳо дар шабакаи интернетии озоди.орг пахш накунанд. Илтимос!!!

Ба фикрам, ки сафари президенти ҷумхурии Тоҷикистон ба Мисру Сурия фоидаҳои калоне дорад. Имрӯз президент,ки сафар кард пагоҳ мо сафар хоҳем кард!!! Ин як фоидаи мо ҷавонон ва соҳибватанон ҳаст, ки рафта таълим гирифта, дар оянда боз баргашта ватани худро обод хоҳем кард!!!
Барои ҳамин ман хоҳиш дорам, ки хамин хатҳои мо дар озоди.орг пешкаш карда шавад!
Бо эҳтиром
Фаридунҷон..
-------------------------------------

Салом ба иштирокчиёни майдони баҳс.
Қабл аз ҳама ман умед бар он дорам, ки сафари раиси ҷумхур барои Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест, чун мардуми Тоҷикистон мусулмонанд бояд равобити ҳасанае бо кишварҳои исломӣ дошта бошад. Дар мавриди суханҳо ва фикрҳои баъзе аз иштирокчиёни майдони баҳс нисбати дини ислом ва поймол кардани ҳуқуқҳои занон ҳаминро гуфтаниам, ки шояд он бародарон маълумоти кофие дар даст надоранд, ки чи гуна занҳо пеш аз дини ислом зиндагӣ мекарданд ва ҳаёт ба сар мебурданд. Пеш аз ислом занҳо дар бозорҳо фурухта мешуд ва дар оилае, ки зан ба дунё меомад ӯро зинда ба зинда мегӯронданд. Ислом беҳтарин ҳуқуқро ба занҳо додааст; ҳуқуқи хондан, кор кардан бо риоя кардани қонунҳои исломӣ.

Муҳаммадӣ
Водии Вахё

--------------------------------------

Ин сафари Раҳмонов ба ягон ҳадафи аниқ намерасад. Ҳамаш як масрафи нодаркор аз буҷаи давлат.
Аз сабаби он ки Раҳмонов карз мегирад мо ҳеч вақт обод намешавем.

Даврон
--------------------------------------

Сафари Эмомалӣ ба сарзамини Мӯсо алайҳиссалом ва Фиръавн ду чизро мефаҳмонад:
1. Ё пайрави Мӯсо мешавад
2. Ё пайрави Фиръавн.
Худо кунад, якумӣ шавад.

Бо эҳтиром
Озод аз шаҳри Душанбе, маҳаллаи 46

----------------------------------------

Ман ифтихор мекунам ба ҳамчун Президенти мутафаккир ва мутадаббир ки воқеан ба ин андеша расидаст ки ба кишварҳои араби + исломӣ мехоҳад иртибот барқарор кунад
Дар робита бо сафари Президент ба кишварҳои Миср ва Сурия сарфи назар аз равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ ,ман метавонам робитаи фарҳангии мо бо Миср ва Сурияро хуб арзёби кунам чаро ки ба ҳамаи мо маълум аст ки мо тоҷикон ҳама мусалмонем ва кишвари Миср ҳам яке аз кишварҳои исломӣ ва мудофеъ ва пуштибони арзишҳои исломӣ ба шумор меравад ва "Ҷомиул Азҳар" ки бузургтарин ҷомеи исломии дар дунё аст, дар Миср вуҷуд дорад ва мо умедворем ки аз тарафи ҳукумати Миср ва Суриа намояндагоне ва ба истилоҳи имрӯза Сафорат дар Душанбе дошта бошанд то битавонем бисёре аз корҳои фарҳангӣ ва исломиро ба таври озод ва роҳат ҳал ва фасл кунем.

Амриддин
--------------------------------------
Он пулҳое ки чанд сол пеш Раҳмонов аз давлатҳои Ғарб талбидагӣ буд ҳамаи онро бо хешу табор ва ҳаммаслаконаш хурда тамом кард он пулҳо ба ивази қасру кушки боҳашамат боз ба хориҷа гашта рафтанд ва ҳамаи он дар гардани мардуми тоҷик қарз мондааст ваҳхоло бошад дигар давлатҳои Ғарб ба ӯ пул намедиҳанд бинобар ин Раҳмонов ба тарафи Шарк рӯ овардааст
Ва боқӣ ҳамаи ин дурӯғ аст росташ ҳамин аст.

Бо эҳтиром
Ғариб
------------------------------------

Ассалому алейкум.
Мо гумон дорем, ки ин сафари раиси ҷумҳур дар оянда барои густариши байни Мисру Тоҷикистон мешавад дар соҳаи илм ва маърифат...

Мансур
------------------------------------
Ҳарчанд дар арсаи сиёсии хоричии кишварамон (аниктараш идораи сиёсии кишвар, - ВКХ) "арабшиносони машҳур" дорем, дар муддати 15 сол Тоҷикистон натавонист диккати кишвархои арабро чалб кунад ва он дипломатхо фақат аз паи "дипломатхо" буданд, аз хамин сабаб, он кишвархо сафоратхои худро накушодаанд. Вале холо, ки хазорхо точикистони дар кишвархои араб аз паи лукмаи зиндаги ва ё тахсили илманд, Тоҷикисторо мебояд сафоратхо худро дар баъзе аз онхо кушояд.

Умуман, масъалахои халталаб барои Тоҷикистон дар кишварҳои араб кам нестанд.
Мисол, тоҳиконе, ки дар Арабистони Саъудӣ икомат мекунанд. Дар форумхои Точикони Олам хама овозу дарвози мекунем, ки ба Тоҷкистон мадад кунем, вале дар асл ҳеч кореро дар ин самт ба ҷо наовардаем. Онҳо тоҷиконе мебошанд, ки дар солҳои 20-30 қарни гузашта овора шуда, ба воситаи Афғонистону Покистон ба Арабистон рафтаанд. Дар муқоиса Арманистон 10 млн. шаҳрванд дорад, дар ҳолате, ки камтар аз 3 млн арманӣ дар Арманистон зиндагӣ мекунад.

Умуман масъалаҳо зиёданд ва паи онҳо чора бояд ҷуст.

ЧМА
-----------------------------------
Салом ба ҳама

1 - Рости "Аклхоро аклхо ёри диханд" гуфта хар яки мо дар атрофи масъала никош мекунем. Вале барои хамаи бародарон омматан ва ба бародари азизу гиромикадр "ДУСТИ" хоссатан гуфтаниям, ки хангоми бахс камтар зимоми нафси худоро дорад. "Хар пеша гумон мабар ки холест". Чунончи Худованд мефармояд: "Хар ойина баъзе гумонхо гунох аст". Ва Пайгамбар (с) мефамояд: "Хар ойна гумон дуругтарини суханхост". Бояд шахси омузгор намунаи дигарон бошад.
2- Дар бораи сафари раисчусхур ба Миср ва Сурия гуфтаниям, ки ин сафар аз сиёсатмадории худи раисчумхур вобаста дорад, аммо раддифеъли мо бояд манфи набошад. Зеро дар хар сурат намояндаи Точикистони азиз дар хоричи кишвар аст ва бояд хамчун шахрванди точикистон дар кори хайр уро дастгири намуд. ва гуфти хазрати Умар (р): "Мо бояд ба зохири мардум хукм кунем", ботини мардум кори мо нест. ин маком макоми итола нест ва ба хар хол ободию амонро барои кишварам хохонам.
Бо эхтиром

Ч. Мирзо
-------------------------------------

Ба номи Худо.
Маколаи навистаи Искандари Хочамирзодаро дар ОЗОДИ хондам, ки дар тули дах соли гузашта наздик ба 100 000 шахрванди Бритониеву Фронса исломро кабул кардаанд.
Ва аммо дар Точикистон бошад ба монанди
Насиму "ПРАГА" Ашур Назаров аз исломи азиз
ру гардондаистодаанд.Ва ба Киропол гуфтаниам,ки Худовандеки нигохбони ислом аст туро боин акидаеки дори шак аст,ки хаети якуму дуюме ,ки мехохи обод кунад.
Худованд инхел шахсонро ба ислом боз гардонаду сафари раиси чумхурии моро бо барору пур файз гардонад ОМИН.

Сайид, Перм, Русия
---------------------------------------

Сиёсати давлат ба дасти ҷаноби олист ва худи ӯ хуб медонад, ки чӣ кор кунад. Иншоаллоҳ, рӯ ба мамолики исломӣ овардаст, бисёр хуб аст.

Бубинед, то ҳол ягон давлати араб дар Тоҷикистон сафорат надорад, ҳол он ки Ӯзбакистон дар 12 кишвари арабӣ сафорат дорад. Ҳарчанд бо Имороти Муттаҳидаи Араб додугирифти тиҷоратӣ дорем, вале ягон намояндагии Тоҷикистон дар он ҷо нест. Иншоаллоҳ ҷаноби олӣ сафоратҳои моро боз хоҳад кард ва аз онҳо даъват мекунад, дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Ва дар охир гуфтаниям, ки ҷавонони мо набояд исломситез бошанд, зеро агар айбе ҳаст, на дар ислом аст.

Бо эҳтиром
Эраҷи Мубориз
------------------------------------

Мӯҳтарам ширкаткунандагони баҳс!
Бо эҳтирому эътирофи андешаҳои шумо перомуни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Миср ва Сурия, мехостам ду нуктаи назари хешро дар ин мавзӯъ баён кунам:

1. Аз назари сиёсӣ:
Тоҷикистон ҷузъи муҳими олами исломист ва бояд нақши кишвари мо дар муҳовараи Ғарбу Шарқ фаъол бошад. Дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани сафари раиси ҷумҳур ба Миср ва Сурия, ба ин ду кишваре, ки дар олами ислом сиёсати нисбатан мустақил доранд ва мавқеъи олами ислому араб ва Созмони конфоронси исломиро нисбати мушкилоти ҷаҳонӣ муайян менамоянд, имкон аст, ки Тоҷикистон эътибори худро пеш аз ҳама дар минтақаи Осиёи Марказӣ боло барад ва кишвари моро давлатҳои пешбари олами ислом ҳамчун шарики боэътимоди худ дар "минтақаи исломии шӯравӣ" бишиносанд.

2. Аз назари иқтисодӣ:
Раванди ҷаҳонишудан ҳамаи минтақаҳои дунёро то ба андозае пайвастааст, ки "ҷумъабозори Душанберо" метавон бо истифода аз текнолоҷии муосир ҳар ҳафта дар кучаи "Ал -батиния"-и Қоҳира ва ё дар хиёбони "Асад"-и Димашқ ва ё дар Монмарти Париж ташкил намоӣ. Аз мавзӯъи баҳс дур нарафта, гуфтаниям, ки дастовардҳои Сурия ва Миср дар соҳаи туризм месазад, ки дарси ибрат ба кишвари мо бошад. Агар як созишномае ва ё як қарордоде дар ин соҳа дар аснои сафари раиси ҷумҳури мо дар Мисру Сурия имзо шавад, ин ҳам бурди мост.

Агар нафареро дар майдони баҳс бо назари хеш озурда кардам, аз ӯ маъзарат мепурсам. Ба қавли яке аз шуарои замони ҷоҳилияи араб:

Алайно ан накула ва алайкум ан татакаввалу...

Бо орзуи муваффақиятхои рӯзафзуни Шумо,
Шакибо
--------------------------------------

Ҷаноби "БЕИМЗО", агар хоҳем ки дини исломро ҳамчун дини ҳақиқату сулҳ нишон диҳем, фикрҳои мисли Насим доштаро рӯи об барорем, як бор ба мамлакатҳои мусулмонӣ аз наздик истода нигоҳ кунед, ба чӣ хулоса меоед?

Шайхҳо дар як тараф, халқ дар дигар тараф. Ё ки ҳуқуқи зан умуман таҳи по шудааст. Ба ин масъала мо бояд аз рӯи "муллоӣ" нигоҳ накунему ҳамчун як одами бомаданият нигоҳ кунем. Ман мусулмон ҳастам ва кӯшиш мекунам, беҳ аз ҳаёти дуюмро фикр кунам, аз пайи ин дунё бошам, ки ба насли оянда покиву сулҳ мерос кунем.

Киропол
----------------------------
Салом, ба хонандагони сафҳаи радиои Озодӣ!
Ва ба бародар Дӯст.

Бародарҷон, аввал аз худо дуъо мекунам, ки шуморо тавфиқ диҳад. Баъд мо тоҷикон баъд аз 70 соли истисмори рус аз бисёр донишмандон ва мутахассисони соҳаи ислом танқисӣ мекашем. Ва бештари мардуми мо рукнҳои намозашро намедонад ва тақрибан 80%-и аҳолии Тоҷикистон закоташро намедиҳад. Дар баробари дигар кадрҳо дар Тоҷикистон ба кадрҳои исломӣ ҳам ниёз ҳаст. Чун аввал мо мусулмон ҳастем ва дигар ҷаҳони Ғарб рӯ ба масеҳият овардааст, чунки дар талоши Туркия ба дохил шудан дар Иттиҳоди Аврупо ошкор шуд.

Донишҷӯёне ки илми исломӣ мехонанд, Ҷорҷ Сорос ба онҳо пул намедиҳад. Баъзе мардум закоти худро ба донишҷӯён медиҳанд. Ва ба фикрам, бародар Дӯст, ту он қадар мутолиа дар ислом, ҷаҳон ва кишвари азизамон надоред. Хоҳиш мекунам, ки мутолиаро зиёдтар кун.
Худо ҳофиз.
Кинг
--------------------------------------
Бисёриҳо фикри Насим (Прагаро) рад мекунанд, лекин бояд тан диҳем, ки бисёр суханони Насим дурустанд. Ғайр аз нафту газ дигар чӣ хел дар по истода метавонанд? Агар ин боигариҳои худододро бо ақлу фаросот истифода мекарданд, он давлатҳо ин қадар "кисаи боқувват, лекин хонаи чиркин (масал)" намешуд.

Киропол
--------------------------------------

Ман назарамро қаблан исрол дошта будам, аммо мисли ин ки бо назарҳои мухолиф рӯбарӯ шудааст. Фақат мехостам, аз боби посухгӯӣ як нуктаро қайд кунам.

Вақте ман дар назарҳои феълӣ ва қаблии Ашури Назарзод нигоҳ кардам, мебинам, ки инсон бо ислом мушкил доранд. Намедонам чӣ бадие аз ислом дидааст, ки қаҳру ғазабашро ба сари кишварҳо ва арзишҳои исломӣ мерезад.

Дигар ин ки донишгоҳи машҳур дар ҷаҳон Ҷомиат-ул-Азҳар дар Миср аст ва дар кишварҳои исломие чун Сурия ва Эрон. Агар инҳоро қабул надошта бошем, пас талабаҳои тоҷик дар куҷо бояд дарс бихонанд?

Дар фарҳанги исломӣ супориш шудаст, ки ба дарду ранҷи рӯзгор сабр бикунанд, ки ин аз дӯстдории худованд нисбат ба онҳо гувоҳӣ медиҳад, чунонки дар ҳадис дорем: "Ал балоу лил вало", яъне бало ва сахтӣ аз барои дӯстон аст.

Ниҳоят, набояд ин қадар худбохтаи кишварҳои ғарбӣ шавем, балки равобит бо кишварҳои мусулмонро аз онҳо муқаддамтар бидонем.

Бо эҳтиром
Алишер аз Душанбе
-------------------------------------

Cаломун алайкум кормандони Радиои озодӣ аз шумо ташакур мекунам ки ин баҳси муфид ва пурсамареро пешкаши хонандагон кардаед.
Ба назари ман сафари раиси ҷумҳурамон ба миср сафари хубе аст. Аксарияти назари хонадагон болои хуб шудани иқитисодиёт аст, агар чанде ин сафар мушкили иқтисодиётро ҳал накунад вале мо танҳо мушкили иқтисодӣ надорем дигар мушкилот ҳам дорем.
Аммо рочеъ ба суханони Ашур Назаров ингуна сухан гуфтааст, ки ғайр аз дунё охиратро қабул надорад.Ту як нафари сармоядорро муаррифӣ кун, ки дар ҷаҳон бу унвони инсон хуб муаррифӣ шуда бошад маҳол аст. боз шумо дасти гадои барои чавоби ин суол ба Ислом ва донишмандони Исломи дароз мекунед.Шумо мегуед, ки Ислом,Терроризм, қатлу куштор, таркишҳои худкушон ту ки аз Қуръон бехабар боши тақсири мо чист?
Бародар барои Изҳори назар далел лозим аст далел надори чаро ингуна сухан мегӯӣ?
Бо ташаккур
Муҳаммадалӣ аз Душанбе
-------------------------------------

Бо салом.
Ин сафар аз ду сурат хориҷ буда наметавонад: Ё дорои аҳамият аст, ё на! Аммо дар шароити мавҷуда ман онро хуб арзёбӣ мекунам. Чун агар агар муваффақиятомез буд, "фаҳувалмурод" вагарна аз боби "тире дар торикӣ" ҳеч ишколе надорад.

Аммо роҷеъ ба суханони бародар Насим банда низ мухолифам, ки гуфтааст: "Кишварҳои исломӣ сармоядор буда наметавонанд."

Имрўз магар кишвари исломии Иронро намебинем, ки тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат оврада ва бесару сомон кардааст? Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки он ҳам як наҳзати кишвари исломист, магар бародар Насим надид, ки чи гуна Исроилро ба зону даровард? Мо набояд худамон ва кишварҳои исломиро дасти кам бигирем. Бояд Насим ако дар ин росто таҷдиди назар кунад.
Бо эҳтиром
Алиҷон аз Душанбе
-------------------------------------

Бародарони гиромӣ.
Ман ин ҳамлаи шуморо ба Насим дуруст намеҳисобам. Як бор андеша кунед, ки дунё имрўз мазҳабгаро нест, балки дарвоқеъ сармоягарост. Шумо, ки дар Русия ба азобу машаққат пул кор намекунед ва ё баччаи ягон мансабдор ҳастеду ё хеши ягон нафар аз Ҳизби наҳзати ислом имрӯз дар Миср ё кишвари дигари исломӣ таҳсил мекунед. Аслан, магар Миср худаш ҷои илмомўзист, ки бо он бояд ифтихор кард? Аммо ин масъалаи дигар, ман гуфтаниям, ки чистанд имрўз кишварҳои исломӣ? Терроризм, қатлу куштор, таркишҳои худкушон, низоьи шиьа ва суннӣ, ақибмондагӣ ва фанатизм. Оё ҷанги Тоҷикистонро ҳамин исломиҳо ба вуҷуд наоварданд? Оё ҳамин исломиҳо нестанд, ки Раҳмоновро дар сари қудрат нигоҳ доштанд бо шиори ҳар қадар бадтар бошад, ҳамон қадар хуб аст?

Барои ҳамин суханони Насим дурустанд. Тоҷикистон агар пешрафт мехоҳад, бояд бо кишварҳои Ғарб наздик шавад, на бо кадом як Сурия ва Миср! Дар ёд дошта бошед, ки бузургтарин мададгорони Тоҷикистон аз лиҳози сармоя Амрико, Чин ва Русия ҳастанд, на инҳо.

Бо арҷгузорӣ ба андешаи шумо
Ашур Назаров

-------------------------------------

Салом.
ҲАДАФ АЗ САФАР ЯК ЧИЗ АСТ. ҶАНОБИ РАҲМАТУЛЛОЕВ ҶАНОБИ ОЛИИ ХЕШРО ПЕШ ПЕШ КАРДА ДАВЛАТХОИ АРАБРО НИШОН МЕДИҲАД ВА ПАС АЗ ЧАНДЕ ХУД ОНЧО САФИР ТАЪИН ХОҲАД ШУД. ЁД ДОРЕД САФАРИ Ҷ.О. БА АМРИКО ВА ДАР САФАР ЗАРИПОВ ЛАҶОМИ АСП ДАР ДАСТ ДОШТАНАШ?

МАНФИАТ АЗ САФАР ВА САФАРҲО ҲЕЧ ЧИЗ НЕСТ, САРМОЯ МЕХОҲЕМ САРМОЯДОРРО ДАЪВАТ НАМОЕМ БОЯД БА МАНЗИЛИ ХЕШ ВАГАРНА АЗ ГАДОИ ПУШТИ ДАР ФАРҚЕ НАХОХЕМ ДОШТ.
БА ДОНИШҶУЁНИ ТОҶИК ДАР МИСР ВА ПОКИСТОН БУДА ГУФТАНИАМ, КИ АЗ ШУМО ФОИДА БА ҶАЪМИЯТ НЕСТ. ШУКРИ ХУДО ШУКРИ ПАДАР (ОМУЗОНДААНД) ПАНҶ ВАҚТ НАМОЗРО ХОНДА РУЗА ГИРУ ЗАКОТ ДОДА ГАШТЕМ, ЯГОН МАРДУМЕ ОЗОР НАДОДАЕМ ВА АЗ ИМОН ШУКР КИ ДУРАМ НЕСТЕМ. ШУМО МУЛЛОБАЧАҲО АЗ МИСР ХОНДАН БО ПУЛИ АРАБ, РАВЕД КАСБУ КОР ОМУЗЕДУ ОМАДА БА ҶАЪМИЯТ ФОИДА РАСОНЕД. ДАҲҲО, САДҲО СОЛ МЕХОНЕДУ, КОР ФАҚАТ ВАСВАСАИ "...".
ИЛТИМОС "ОЗОДИ" ГУФТАҲОИ МАРО ОЗОД МОНЕД.

Дусти...
-------------------------------------

Аслан, сафари раиси ҷумҳур ба чунин давлатҳо аз ҷиҳате манфиат дорад. Фикрҳое ки Насим баён кардааст 100 дар 100 хатоянд. Агар ин гуна фикр кунем, ба ҷое намерасем. Бародар, дини ислом муллову давлатҳои исломиро кўчагӣ карддаст, мегўед ва боз изофа мекунед, ки пуштибоне аз ислом ҳастед.

Ба фикрам, агар худат ба андозаи донаи гандум имон медоштӣ, чунин суханонро намегуфтӣ. Аз ин рў мо бояд ҳаракат кунем, ки ҳеч набошад, сафорати худро дар давлатҳои зикршуда дошта бошем.

Чй хеле ки бародар Раҳма қайд кард, дар ҳолати набудани чунин шартномаву сафорат мардуми мо дар ин давлатҳо ба мушкили зиёде рўбарў мешавад.

Беимзо
-------------------------------------


Ба номи Худо
Саломун алейкум кормандони хуби радиои Озодӣ.
Ба назари банда сафари раиси ҷумҳурамон Эмомали Раҳмонуф пурсамар хоҳад буд, зеро ҳаргуна дўсти ва иртиботҳо ба кишварҳои дунё ба ҳар ҳол як самараи хубе дорад, агар аз лиҳози иқтисоди самаре надошт аз дигар лиҳоз самарае дорад.

Аз нависандагони ин бахш тавсия мешавад ки ба муқаддасот ва номояндагони ислом тувҳин накунанд, ҳамчунон Мирсаиди Али Ҳамадонӣ мефармояд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айбе, ки аст дар мусулмонии мост.

Бо эҳтиром
Абдусамади Раҳим
-------------------------------------

Ассалому алейкум кормандони мўҳтарами радиои Озодӣ.

Сафари мўҳтарам ҷаноби президент хеле аҳамияти болое дорад, бо аҳдофи шахсии ҷаноб президент шиносоии комил надорам, вале метавонам ҳадс бизанам, ки авомили иктисоди ва сиесии хеле арзешманде дорад на фақат ба ин сафароти ки дар ҳоли ҳозер доранд хар кучо ки ниҳодҳои расмии як давлат ба давлати дигар сафар мекунад чандто омил дорад омили сиесӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ
сафари президент миллат ҳам ин авомилро шомил мешавад. Намехоҳам ба баррасии ҳар як кадоми инхо бипардозам чун бахс тулонӣ ва печида хоҳад шуд ва мумкин аст бархе инро мутаваҷҷеҳ нашаванд,гуфтани ҳастам ки ман яке аз фарзандони миллати тоҷик ҳар гуна кушиши содиқонаи раис чумҳур истикбол намуда ва ҳар гуна иштибоҳоти аъзои ҳукуматро интиқод хоҳам гирифт чунки ин баҳсҳо фарзияхои илмист ки моро ба суи воқеъият ва мустаҳкам кардани пояи давлати Тоҷикон мекашонад ва гуфтани ҳастам мо президентамонро дўст медорем.

Бо эҳтироми фаровон
Тоҷикписар
-------------------------------------

Насим бародар, худат ба дараҷае қадри мулло ва давлатҳои исломиро паст задӣ, боз даъво дорӣ, ки мақсади ту паст задани дини ислом нест?

Бародар, агарчи давлатҳои зикршуда то андозае тараққикарда ҳам набошанд, аз ягон ҷиҳат манфиати худро мерасонанд: Мисли он бародар зикр кард, ки вақте дар Миср мо бо мушкилоти зиёд рўбарў шудем, аз сафоратхонаҳои дигар давлатҳо мадад хостанд...Ҳеч ёрдами худро нарасонанд ҳам, ҳаминаш басанда аст, ки сафоратхонаи Тоҷикистон кушода шавад, ин барои донишҷуёне ки дар он ҷо таҳсил мекунанд, як манфиати бузургест.

Муҳаммад
-------------------------------------

Ман боварии комил надорам, ки сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Миср ва Сурия аҳамияти зиёд дошта бошад. Медонем, ки Миср кишвари сармоягузор нест ва ба он умед бастан ҳам нашояд. Сурия бошад зери фишор қарор дорад. Аз ин ду кишвар чизеро чашмдор шудан лозим нест.

Шояд ин сафарҳо танҳо барои тақвият бахшидан ба робитаҳои дипломатӣ мусоидат намоянд. Таърих гувоҳ аст, ки ягон кишвари исломӣ сармоягузор ё донор нашудааст. Нафту гази зиёд доранд, лекин ҳамаро бар ҷайби худ мезананд. Мисли муллое, ки ҳамаро ба хайру саховат даъват мекунад, аммо худ моли ятимро соҳиб мешавад. Бубахшед, ҳадафи ман ин паст задани дини ислом нест ва нахохад буд. Ман танҳо ҳақиқати ҳолро гуфтам.

Бо эҳтиром,
Насим, Прага
-------------------------------------

Э-э-э, ҷаноби Озодӣ, содда будед - да!
Магар намедонед, ки "бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме"!

Носири Хусрав
---------------------------------------

Аҳамияте хоҳад дошт.
Замоне ман дар кишвари Миср таҳсили илм мекардам. Наздики 5 сол он ҷо будам. Ва хеле хуб дар бораи мушкили тоҷикон, ки аксаран донишҷӯянд медонам. Мушкили асосӣ набуди сафорати Тоҷикистон дар Миср аст. Ба хотирам ҳаст барои ҳалли мушкилот мо ё ба консулгарии Русия ва ё Озарбойҷон муроҷиат мекардем.

Масалан, донишҷӯе шиносномаи худро гум кард, нафаре фавтид (буданд чунин ҳолатҳо), нафаре гирифтори беморие шуд. Мо донишҷӯён баъди муроҷиат ба ин ҷову он ҷо, ба ёдам ҳаст, пул ҷамъ мекардем то тобути ҳамватанеро то Ватан, бемореро то манзил бубарем. Маблағи калон сарф мешуд, зеро..... аммо ин мушкили дигар аст.

Набудани як хаттисайри ҳавойӣ. Медонед чӣ қадар маблағ барои сафар кардан то Тоҷикистон харҷ мегардад. Аз Коҳира то Маскав ва ё то шаҳрҳои Туркия ва ё Алмаато ва аз он ҷо то Тоҷикистон. Ногуфта намонад, ки маҳз ба хотири мусулмон буданамон мардуми Миср, ки хеле мардуми хубанд то ҷое, ки метавонистанд, ба мо кӯмак мекарданд. Умедворам, ки баъди сафари оқои Раҳмонов масъалаи сафорат ва хаттисайри мустақими ҳавоӣ ҳалли худро пайдо кунад.

Раҳма.
-------------------------------------

Салом ба ҳама.
Бале умеди калон дорем ки ин сафар аҳамияти калон дорад барои Тоҷикистон ва инчунин донишҷӯёни тоҷики дар ин давлатҳо буда ва умеду орзу мекунем, ки баъди сафари расмии ҷаноби олӣ мо бисёр чизҳои дигарро дастрас намоем чи дар соҳаи маориф ва дар саёҳхат ва дигар соҳаҳои ҳукуматӣ.
бо арзи салом
Аминҷон
------------------------------------

Кӯчактарин аҳамияташ ин аст, ки чанд рӯзе тафриҳ карда, аз боби "ҷаҳон гаштан беҳ аз ҷаҳон хӯрдан" мамолики арабиро, ки Мисру Сурия мисдоқи онҳост, тамошо мекунад.

Алишер аз Душанбе
------------------------------------



Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG