Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе хоҳарони оҳанрабо пайдо шудаанд


Агар Тоҷикистон Амрико мебуд, мегӯянд, хоҳарон Зебо ва Зумрад, шояд бо лаёқати фавқулодаи худ барандаи китоби рекордҳои Гиннес мешуданд. Зебо ва Зумуррад ба ин боваранд, ки дар вуҷуди худ оҳанрабое доранд ва он ҳама гуна ашёи оҳанину алюминиро ба пӯсти бадани хоҳарон, аз ҷумлаи дасту пешонаашон мекашад.

Зумуррад ҳоло 21 сол дорад ва мегӯяд, нахуст ӯ ин маҳоратро баъд аз тамошои як барномаи муаррифии чеҳраҳои нави рекордҳои Гиннес, ки зане дарзмол ва дигар ашёи оҳанинро бо қувваи пӯсти баданаш дар худ нигаҳ медошт, кашф кардааст. Лаёқати ин зан таваҷҷӯҳи Зумурради панҷсоларо ҷалб мекунад ва ӯ дар нахустин таҷриба волидону наздиконашро ба ҳайрат меоварад. Баъдан ин қувва дар вуҷуди хоҳари 9- моҳаи ӯ Зебо ҳам эҳсос мешавад.

«Баъд мо ба ошхона рафтему қошуқу вилкаро ба даст мондем, ки часпид. Ба падару модарамон нишон додем онҳо бисёр ба тааҷуб омаданд. Якум саволашон ин буд, ки Шумо ба даст чӣ молидед, ки қошуқро тавонистед дошта, вале вақте мо нишон додем, ки ҳеҷ сирре надорад дастҳоямон танҳо қошуқро, ки наздики дастамон меорем худаш ба мисли магнит мекашад ва мечаспад. Баъд бовар карданд.»

Ин маҳорати фавқулоддаи хоҳарон дар чандин нашрияву васоити электронии ахбори маҳаллӣ якбора нашр ва паҳн мешаванд. Пас аз ин, мегӯянд хоҳарон, муносибати атрофиён ва ҳамсояву наздикон то андозае ба онҳо тағйир меёбад. Хоҳарони, ба назари баъзеҳо «тааҷҷубовар», ба хотири он ки мавриди хандаву шухии атрофиён қарор нагиранд, ба хулосае омадаанд, ки дигар дар бораи вуҷуди оҳанрабояшон ба касе нақл накунанд. Зумуррад:

«Баъд бисёр ҳама шухӣ мекарданд, бисёр мепурсиданд, ки нишон диҳед, чӣ хел аҷиб аст. Барои чӣ шумо аз дигарон фарқ мекунед. Барои ҳамин мо дигар намехостем, ки одамон фаҳманд.»

Баъд аз сӯҳбат бо ин хоҳарон ман хостам ба ҷиҳати илмии ин масъала таваҷҷӯҳ кунам ва ба профессор ва табиб Абдулҳомид Қаюмов занг задам. Оғои Қаюмов мегӯяд, ин аз хусусияти пӯсти одам вобаста аст, ки ҳар гуна ашёи оҳаниро ба худ мисли оҳанрабо ҷазб мекунад ва мавҷудияти оҳанрабову дигар электромагнитҳо дар бадани одам чандон фарзияи дуруст нест.

«Часпидани предметҳо бисёртар ба пӯст вобастагӣ дорад. Электромагнит вай қудрати ночизе дорад. Пӯстҳое, ки қабати болоии он мисол хушктар бошанд, ҷисмҳоро кам ҷазб мекунанд. Вале боз равғаннокӣ дар ғадудҳое ҷойгир ҳаст, ки метавонад доим пӯстро чарбноку тар нигоҳ дорад.»

Вале Наврӯзи Ҷӯразода, физиолог инро «магнитизм» ном мебарад ва мегӯяд, чунин қувваҳо аз ҷумла электромагниту оҳанрабо дар бадани аксари одамон ҳаст, аммо дар баъзеҳо ин қувва бештар эҳсос мешавад. Вале на ҳама инро дарк мекунанд ва истифода мебаранд.

«Магнитизм дар ҳама одамон вуҷуд дорад. Вале на ҳама онро истифода мебаранд аз ҷиҳати дигар сивилизация ҳамаро хомӯш кардагӣ. Мо одат кардагӣ бо оби гарм, хонаи гарм. Дар ҳама ҳар хел вуҷуд дорад, вале дар баъзеҳо бештар аст.»

Ба гуфти Наврӯзи Ҷӯразод чунин нафарон агар аз болои ин маҳорати худ бештар кор кунанд ва дар донишгоҳ таҳсил кунанд, метавонанд табиб шаванд. Зимнан, Зебо мегӯяд, ки орзуи табиб шуданро дорад. Аммо ҳоло ӯ ҳунари ғайритабиии худро танҳо дар ҳалқаи дустонаш намоиш медиҳад:

«Якум суоли ман Шумо боварӣ доред, ки чунин инсоне ҳаст, ки ба бадани ӯ оҳану дигар ашёҳо мечаспанд. Мегӯянд не. Баъд ман механдам ва вақте нишон диҳам ин маҳоратамро онҳо бисёр дар тааҷуб меафтанд ва суолҳои зиёде медиҳанд. »
XS
SM
MD
LG