Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва нақшаи Роҳи Бузурги Абрешим


шаҳри Душанбе Олимон мехоҳанд, масири Роҳи Бузурги Абрешимро дақиқ кунанд

Рӯзи душанбеи 16 апрел таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ё бунёди фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Душанбе ҳамоиши бостоншиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин таҳти унвони «Ёдгориҳои фарҳангӣ дар арзу тӯли Роҳи Бузурги Абрешим» ба кори худ шурӯъ кард. Дар конфронси мазбур бостоншиносон аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Чину Ҷопону Фаронса иштирок доранд.

Раҳим Масов, раиси осорхонаи таъриху бостоншиносии кишвар мегӯяд, нишасти мазбур бояд ба бисёр суолҳо, минҷумла, ба меъмории аҳди қадим, ки шомили феҳристи охирини ЮНЕСКО ё бунёди фарҳанги СММ мегарданд, ҷавоб гӯяд. Музаффар Азизӣ, раиси раёсати бозрасии фарҳангӣ ва ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ба ин феҳраст, ҳашт ёдгории меъморӣ бо шумули Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакент, Бунҷикат ва Ҳулбук пешниҳод кардааст.

Френсинс Чайлд, мудири бахши Осиё ва қораи Уқёнуси Ором дар ЮНЕСКО дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии нишасти мазбур муайян кардани самти Роҳи Абрешим ва мураттаб кардани феҳрасти бузургтарин дастовардҳои меъмории он аст.

Ин нишаст то рӯзи шанбеи 21 апрел давом мекунад. Масъулин тасмим доранд, дар тӯли шаш рӯз номгӯи комили ёдгориҳои мемъории «Роҳи Абрешим»-ро дар қораи Осиё тартиб диҳанд.
XS
SM
MD
LG