Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Муқтадо-ал -Садр дар бораи хуруҷ аз ҳукумати Ироқ


Таҳдиди Муқтадо ал Садр-яке аз пешвоёни шиъаёни Ироқ дар ҳоле садо медиҳад, ки як рузи пеш дар Бағдод дар натиҷаи руйдодҳои хунин 37 нафар ҷони худро аз даст доданд. Нассор-ал-Рубоӣ - раҳбари гуруҳи муттаъаллиқ ба Муқтадо-ал-Садр гуфт, ҳар қадр, ки ҳузури низомии нируҳои Амрико дар Ироқ ба дарозо кашад, ба ҳамон андоза ҳукумати Ироқ дар муттаваққиф сохтани хунрезиҳо дар кишвар оҷиз хоҳад буд. Ба гуфтаи Нассор-ал-Рубоӣ, мардуми Ироқ мухоҳанд, ки нируҳои Амрико Ироқро тарк кунанд, вале ҳукумати Нурӣ-ал-Моликӣ ба хостҳои мардум гуш намедиҳад:


"Муттассифона, муҳимтарин сабаб ин аст, ки нахуствазир Ал-Моликӣ ба тазоҳуроти милёнҳо нафар мардуми кишвараш дар шаҳри муқаддаси Наҷаф посух намедиҳад ва ба таври мустақим тақозо мекунад, ки нируҳои ишғолгар дар Ироқ боқӣ бимонанд. Чун Моликӣ дар натиҷаи руи кор омадани низоми порламонӣ ба ин мақом расид, аз вай пурсида мешавад, ки хостҳои мардуми Ироқро иҷро кунад".


Муқтадо-Ал-Садр даҳҳо ҳазор нафар аз ҷонибдорони худро ба шаҳри Наҷаф фиристод, то дар робита бо чаҳорумин солгарди суқути Бағдод дар тазоҳуроти сулҳомез ширкат ҷуянд. Дар раҳпаймоии Наҷаф дар ин робита ширкаткунандагон хуруҷи фаврии нируҳои Амрикоро аз Ироқ тақозо карданд.


Давид Ҳартвел аз маркази иттилоъотии Ҷейнз дар Лондон дар бораи ин дархости Садр мегуяд, нируҳои Амрико бар зидди тундравҳо тадобири амниятиро ташдид бахшидаанд ва дар зимн чанд нафар аз размандагони Ҷайши Маҳдиро боздошт кардаанд, ки аз ин кор Муқтадо-ал-Садр хушнуд нест. Ҳартвел мегуяд, дар сурати хуруҷи шаш вазири муттаъаллиқ ба гуруҳи Садр аз кобина дар Ироқ буҳрони сиёсӣ пеш нахоҳад омад. Аъзои гуруҳи Садр ба ҷуз аз шаш вазири кобина дар порламон низ аз 275 курсӣ 30 курсиро дар ихтиёр доранд.


Дар гузашта низ гуруҳи ҷонибдори Садр ба хотири иртиботи ҳукумати Нурӣ-ал-Моликӣ бо Амрико фаъолияти худро дар Маҷлиси Намояндагони Ироқ ду моҳ муттаваққиф сохта буд ва он ба равандҳои сиёсӣ дар Ироқ чандон таъсир надошт.
XS
SM
MD
LG