Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбатҳо аз тазоҳурот


Барои имтиҳон ба риштаи бефосилаи хабарҳои ҷаҳон нигаристам. Ба наворе ки мисли пайнавишти зарбони дил, лаҳза ба лаҳза аз тамоми дунё хабар меорад. Кардиограммаи сайёраи Замин. Имтиҳон ин буд, ки дида шавад, дар як рӯз дар ҷаҳон чанд гирдиҳамоӣ, раҳпаймоӣ, пикет ва ҳамоишҳои эътирозӣ барпо мешавад.

Ин хабарҳо ба чашмам афтод:

БАРОИ ДОДГОҲИ МУСТАҚИЛ

Ҳазорон нафар дар ду гирдиҳамоии ҳамзамон дар Исломобод, ба пуштибонӣ ва бар зидди раиси Додгоҳи олии Покистон тазоҳурот карданд. Тарафдорони Ифтихор Муҳаммад Чадрӣ, ки президент Мушарраф ӯро аз мақомаш барканор кардааст, мегӯянд, додгоҳ мустақил аст ва Мушарраф бояд ба истеъфо равад. Мухолифонаш аз қарори президент ҳимоят мекунанд.

БАРОИ НИРӮИ БАРҚ

Даҳҳо нафар аз занон дар раҳпаймоии эътирозӣ дар Зимбабве дар ҳоле ба ҳабс гирифта шуданд, ки дар бағали худ кӯдак доштанд. Эътирозгарон дар Ҳараре бо норозигии сахт аз камбуди нирӯи барқ ба майдонҳо рехта буданд. Аз онҳое ки дар чанд минтақаи шаҳр бо шиъори "Барқ ба мардум!" ба майдонҳо баромаданд, ҷамъан 80 нафар боздошт гардид.

БАРОИ ОЗОДИИ ЛИБОС

Ду ҳазор донишҷӯи Донишгоҳи Шероз дар Эрон аз қоидаҳои нави либоси таҳсил даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо дари донишгоҳро бастанд ва ба устодон иҷозаи вуруд надоданд. Қоидаҳои нав пӯшидани поҷомаҳои кӯтоҳ ва пираҳани беостинро манъ мекунанд.

БАРОИ ОБИ ТОЗА

Эътирозагрон дар Дублин, пойтахти Ирлонд, норозиянд, ки бо сабаби олуда шудани оби ошомиданӣ маҷбуранд, оби шишагӣ харидорӣ кунанд. Онҳо шаҳрдориро айбдор мекунанд, ки бо сабаби беэҳтиётӣ дар оби шабакаҳои обрасонӣ ангали исҳол пайдо шудааст.

БАРОИ НОН

Гурӯҳе аз мардуми Муанмар дар Янгун аз бад шудани вазъи зиндагӣ ва бетаваҷҷӯҳии давлат ба ҳалли мушкили фақирон намоиши эътирозӣ барпо карданд.

БАРОИ ПРЕЗИДЕНТ

Даҳҳо ҳазор нафар дар Бухарест зидди порлумони Руминия шиъор заданд ва қарори тавқифи фаъолияти Траян Басескуро дар мақоми президенти кишвар маҳкум карданд.

БАРОИ ҲИҶОБ

Дар Истамбул эътирозгарони зан ва мард ҷудо аз ҳам шиъорҳои ҳамсон сар доданд, ки ба рӯмолу рӯсарӣ ва ҳиҷоб иҷоза дода шавад.

БАРОИ СУЛҲ

Дар Носирияи Ироқ раҳпаймоён аз фаъолияти як ҳизби хурд, вале нирӯманди шиъаҳо эътироз карданд.

Ва ҳамин тавр боз даҳҳо хабари дигару хабарҳои нав, ки меоянду меоянд ва гӯё охир надоранд. Дунё саросар пур аз эътироз аст. Эътирозҳо бо умеди расидан ба ҳадаф. Агар на ҳамааш, дастикам нимаш.


ШИКАСТИ БИШКЕК

Тазоҳуроти Бишкек, ки 9 рӯз давом кард ва аксарият бар ин буд, ки тағйири сиёсиеро ба бор хоҳад овард, ноком анҷомид. Пас чаро одамон ба майдон баромада буданд? Онҳо ба чӣ бовар доштанд? Оё тазоҳуроти Украин аломати тақвияти мардумсолорист ва ё заъфи он? Ҳамоиши Бишкек чи таъме дар комҳо гузошт?
Биёед беҳтараш ин суолро аз хабарнигори радиои Озодӣ дар Бишкек, барандаи ҷоизаи ҷасорати журналистии ба номи Дейвид Бурк, Мирасрори Фарғонӣ бикунем, ки ин ҳама муддат гӯшу чашму ҳуши мову шумо дар майдони пуриздиҳом буд.
Суоли аввали ман ин буд, ки оё хаста нашудед дар ин ҳама рӯз?

Мирасрор: "Як миқдор хастагӣ ҳаст, зеро ҳар рӯз мебоист дар майдон бошӣ, то аз ҳама хабарҳо огаҳӣ ёбӣ. Дар фосилаи ин ба нишастҳои хабарӣ дар идораҳои давлат ё маркази оппозисюн бишитобӣ ва пуризтиробтаринаш соъатҳои зӯроварӣ ба тазоҳуркунандагон буд, ки дар он лаҳзаҳо низ дар майдон будам."

Ба назари Шумо чӣ чиз ин мардумро ба майдон оварда буд?

Мирасрор: "Пеш аз ҳама сатҳи пасти зиндагӣ ва орзуи беҳбуди он, орзуи пешрафт дар ҳаёти сиёсӣ, мубориза бо ришватхорӣ ва ғайра. Аммо пеш аз ҳам фақр."

Митингҳои Душанбе ба ёд мерасанд, ки яке истеъфои раиси порлумонро мехост, дигаре аз камбуди шакар эътироз мекард. Оё ин ҷо чӣ гуна буд?

Мирасрор: "Ин ҷо ҳам аз нисф зиёди одамон бештар барои дарду ғами хусусиро гуфтан омада буданд. Якеро додситонӣ ранҷондааст, дигарро мақомоти маҳаллӣ ва ғайра. Бархи дигар барои маоше ки ин ҷо метавонистанд бигиранд ва гурӯҳе аз ҳангоматалабон"

Яъне барои ширкат дар тазоҳурот пул медоданд?

Мирасрор: "Бале, ин аз касе ҳам пӯшида намонд. Ҳатто шиносномаи баъзе аз ширкаткунандагон дар дасти нафарони ташкилкунанда буд ва танҳо баъд аз ширкат дар гирдиҳамоӣ ба онҳо баргардонида мешуд."

Аммо ҳамаи онҳо шикаст хӯрданд, на?

Мирасрор: "Бале, ҳизбҳои мухолиф низ инро иқрор мекунанд."

ТАРС АЗ ЭЪТИРОЗ

Охирин кӯшиши тазоҳурот дар Душанбе аз тарафи се узви Ҳизби демократи Тоҷикистон Раҷаби Мирзо, Темур Искандаров ва Хайриддин Гуляев дар рӯбарӯи Вазорати адлияи Тоҷикистон лаҳзае пеш аз оғозаш саркӯб шуд. Полис шиъорҳоро пеш аз боз шуданашон мусодира кард ва ин сегонаро пеш аз даҳан во кардан, боздошт намуд.

Дертар додгоҳ онҳоро ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум кард ва баъд аз моҳҳо низ Раҷаби Мирзо мегуфт, то ҳанӯз намедонад, тибқи кадом банди қонун ба ӯ доғи, ба истилоҳ, судӣ заданд.

Аз раиси ситоди демократҳои тоҷик Раҳматулло Валиев мепурсам, оё аъзои ҳизби Шумо ҳақ доштанд, чунин эътирозеро ба роҳ монанд?

Раҳматулло Валиев: "Бале, зеро ҳаққи моро Вазорати адлия ва вазири онвақта Халифабобо Ҳомидов поймол кард, ба умури дохилии ҳизб ба хотири тахриб кардани он дахолат сурат гирифт, тамоми номаҳо расмӣ ва далелҳои хаттии моро ба эътибор нагирифтанд ва аъзои ҳизб охирин василаро дар ҳамин навъи эътироз диданд. Мутаассифона, қонунҳои Тоҷикистон дар ин мавриди духӯраанд ва ҳарчанд дар бораи иҷоза гирифтан барои пикет дар онҳо чизе гуфта нашудааст, қонундонҳо гуфтанд, чун ин ҳам як навъи эътироз ва гирдиҳамоист, мебоист, иҷоза гирифта мешуд."

Аммо агар иҷоза мехостед ё ягон ҳизб чунин дархост кунад ба он иҷоза дода мешавад?

Раҳматулло Валиев: "Ёдам ҳаст, Ҳизби наҳзати ислом мехост дар робита ба вазъи Ховари Миёна як намоиш баргузор кунад, аввал онҳоро ба варзишгоҳи "Спартак" роҳӣ карданд, баъд маълум шуд, дар ҳамин вақт ин ҷо маъракае ба муносибати иди истиқлдолият аст, хуллас, роҳ надоданд. Ба фикри ман, ҳукумати Тоҷикистон набояд аз тазоҳурот, раҳпаймоӣ ё намоишҳои эътирозӣ битарсад, зеро дар ин ҷо мардум дарду ғаму мушкилоташро мегӯяд ва баракс ҳукумат метавонад, бо истифода аз ин вазъро ислоҳ кунад ва манфаъат бардорад."
XS
SM
MD
LG