Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Бародаъӣ: Баҳси ҳастаии Эрон умда мешавад


Ба гуфтаи раиси Агентии Байналмилалии Нерӯи Ҳаставӣ феълан дар Эрон беш аз як ҳазор сентрифуга фаъол буда, Теҳрон имкон дорад, ки уранро то панҷ дар сад ғанӣ гардонад.
Як рӯз пеш аз он, ҳангоми тақдими гузориши ин ниҳоди СММ, Ал-Бародаъӣ изҳори нигаронӣ карда буд, ки барномаи ҳастаии Эрон дур аз назари муфаттишони ҳастаии СММ амалӣ мешавад.

Раиси Агентии Байналмилалии Нерӯи Ҳастаӣ ҷонибдори он аст, ки ғанигардонии уран дар як корхонаи байналмилалии ҳастаӣ ба вуқӯъ пайвандад, то ҷилави ҳар гуна муноқишаҳои амсоли баҳси феълӣ бо Эрон аз қабл гирифта шавад.
Ал-Бародаъӣ дастовардҳои барномаи ҳаставии Эронро ин гуна арзёбӣ намуд: "Бар пояи таҳлилҳоямон ман бештар бо афроде монанди муовини котиби Давлатии ИМА Ҷон Негропонте ва раиси нави Агентии Марказии кашфи ИМА ё худ СИ АЙ ЭЙ мувофиқам, ки мегӯянд, ҳатто агар Эрон дар паи тавлиди силоҳи ҳастаӣ бошад, барои ин кишвар то охири даҳсолаи кунунӣ ва ё то миёнаҳои даҳсолаи оянда вақт зарур хоҳад шуд. Хулоса, ба Эрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ аз се то ҳашт сол зарур хоҳад шуд".

Рӯзи чоршанбе баъди нашри гузориши Агентӣ сафири ИМА дар СММ Залмай Халилзод таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъномаи Шӯрои Амниятро нодида мегирад: "Феълан гузориши Шӯрои Мудирони Бунгоҳи Ҳастаии СММ мавриди баррасӣ қарор дорад, вале ҳозир ҳам возеҳ аст, ки ҳукумати Эрон тақозои Шӯрои Амнияти СММ-ро иҷро наме кунад: Эрон иттилои мавриди ниёзи Агентии Байналмилалии Нерӯи Ҳастаиро тақдим намекунад ва иддаоҳои ҳадафи осоишта доштани барномаи ҳастаии Теҳрон қобили эътимод нест, зеро Эрон дар масъалаҳои калидии қатъи марбути ғанигардонии уран ва таваққуфи кор бо оби вазнин ҳамкорӣ намекунад".

Залмай Халилзод бар ин ақидааст, ки таҳрими Эрон бояд тавсеа ёбад.
Дар ин масъала сафири Британия дар СММ Эмир Ҷон Перрӣ мегӯяд, ҳар гуна музокирот бо Эрон фақат баъди таваққуфи комили ғанигардонии уран барпо хоҳад шуд: "Ман фикр намекунам, ки гузориши Агентии Байналмилалии нерӯи ҳаставӣ касеро ба ҳайрат оварда бошад. Гузориш шаҳодат аз он аст, ки Эрон хилофи қатъномаи шӯрои Амнияти СММ амал мекунад. Акнун ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба он ҷавоби муносиб бияндешад".

Дар ин миён дигар узви доимии Шӯрои Амният: Чин ба гузориши Агентӣ баҳои баланд дод. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин хонум Ҷиянг Ю гуфт, ки кишвараш тарафдори иҷрои қатъномаи Шӯрои Амният дар мавриди қатъи ғанигардонии уран аст. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки ҳамаи ҷонибҳо бояд кӯшишҳои дипломатии ҳалли бӯҳронро тақвият бахшанд.

Ба ваҷҳи умум Чину Русия ба кӯшишҳои дигари се узви доимии Шӯрои Амният, ИМА, Британия ва Фаронса дар мавриди тавсеаи таҳрими Эрон муқовимат мекунанд.
Аз эҳтимол дур нест, ки ба ҳамин наздикиҳо панҷ узви доимии Шӯрои Амният ҷамъи Олмон мулоқот доир намуда, тавсеаи таҳрими Эронро баррасӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи панҷашнбе раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бори дигар таъкид кард, кишварҳои Ғарб намехоҳанд, ки Эрон ҳамчун як нерӯи ҷаҳонӣ зуҳур намояд. Ӯ илова кард, ки сарфи назар аз фишорҳо Ҷумҳурии Исломӣ татбиқи "барномаи осоиштаи ҳаставӣ"-ро давом медиҳад.
XS
SM
MD
LG