Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майор ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон Наримон Абдураҳмонови 43-соларо тибқи шаш банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла қатли беш аз ду шаҳрванд, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва василаи ҷангӣ, сӯиқасд ва таҳдид ба ҷони инсон ва авбошӣ гунаҳкор дониста, барои як умр равонаи зиндон кард.

Ва аммо корманди пешини Академияи пулиси Тоҷикистон, майори милиса Наримон Абдураҳмонов ва вакили дифоъи ӯ бо ҳукми додгоҳ ризо нестанд ва хостори таҷдиди назар ба ин парванда шудаанд. Ба қавли ҷониби ҷавобгар, додгоҳро мебоист унвону рутбаҳо, фарзандони ноболиғ, барои нахустин бор муттаҳам шудан, гунаҳҳои худро иқрор кардани Наримон Абдураҳмоновро ба инобат гирифта, ба ӯ ҷазои сабуктарро таъин мекард.
Дар ҳамин ҳол Нур Нуров, қозии парвандаи мазкур ба радиои Озодӣ гуфт, 22-юми марти соли равон дар яке аз хонаҳои кӯчаи Маяковскийи Душанбе ҳангоми таҷлили Наврӯз Наримон Абдураҳмонов бо чаҳор ҳамсояаш ҷанҷол карда ва ба сӯйи онҳо аз таппонча тир кушодааст. Ба гуфтаи оқои Нуров, таппончаро бо 45 адад тираш яке аз кушташудаҳо - сарҳанги милиса Исроил Содиқов ба Абдураҳмонов додааст:

«Ҳангоми дар РКД-и вилояти Суғд фаъолият карданаш, то соли 2002, полковник Исроил Содиқов ба ӯ таклиф кардааст, маводи ҳероинро хариду фурӯш ва аз тариқи сарҳади Исфара, ба Қирғизистон интиқол диҳад. Ва ӯ розӣ шуда тавассути нақлиёт ҳафт маротиба миқдори муайяни ҳероинро ба кишвари ҳамсоя бурдааст. Барои ҳар бори интиқолшуда Содиқов ба Абдураҳмонов аз 20 то 30 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда кардааст, аммо танҳо 600-800 доллар додааст. Зимнан, ба гуфтаи худи Абдураҳмонов, Содиқов аз ӯ ҳудуди 200 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор шудааст. Вале ба дархостҳои боисрори Абдураҳмонов дар бораи баргардонидани «қарз», Содиқов ӯро таҳқир карда ва аз хонааш рондааст. Баъдан полковник Содиқов бо Абдураҳмонов дар назди соҳили рӯди Душанбе вохӯрда ва ба ӯ як таппонча ва 45 адад тир додааст. Содиқов гуфтааст, ки Наримон бояд як мансабдори баландмартабаро аз ҳаёт маҳрум созад, аммо нагуфтааст, ки киро дақиқан Наримон бояд ба қатл расонад. Гуфтааст, ки дар бораи шахсият ва вақту макони қатл иловатан хабар мекунад».

Ва аммо ба гуфтаи оқои Нуров, муайян нашудааст, ки ҳадафи тири Наримон Абдураҳмонов ва сарҳанги марҳум Содиқов кадом мансабдори баландпоя бояд қарор мегирифт.

Ҳамсари оқои Абдураҳмонов - хонум Зулайхо Абдураҳмонова, ки худ вакили мудофеъ ва ҳуқуқшинос будааст, гуфт, қабл аз ҷиноят содир кардани шавҳараш хонаводаи ӯ ба мушкили зиёди молӣ печида буд, ки ин боиси вайроншавии оилааш гардид ва Наримон Абдураҳмонов дар ҳолати вазнини рӯҳӣ даст ба куштор задааст:

«Азбаски шароити оилавиамон вазнин шуд, Наримонро аз кор гирифтанду дигар бекор монд, ин ҳама мушкилот сар заданд. Солҳои 2000-ум буд, ки вай ҳамроҳи полковник Содиқов кор карда ва фармоишоти ӯро иҷро менамуд, Содиқов ба ӯ ваъда дод, ки бар ивази амалиёти иҷронамудааш, ба ӯ маблағи хуб хоҳад дод, аммо ваъдахилофӣ кард. Қарзҳояшро аз Содиқов ситонида наметавонист, таҳқир мешуд. Аз ин рӯ Наримон ба ҳамин ҳолат расид, ки ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҳам аз ҷиҳати шароити пасти зиндагӣ, даст ба куштор зад».

Наримон Абдураҳмонов пас аз эъломи мутаваққиф шудани иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон, 13-умин нафарест, ки ба ҳабси абад маҳкум мешавад. Зиндониёне, ки ба ҳабси абад маҳкум гардидаанд, дар маҳбаси рақами 1-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG