Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё тарҳи буҷаи давлатии соли 2008 шаффоф аст?


Беш аз 40 дар сади Буҷаи Тоҷикистон барои соли 2007 асосан барои иҷрои Барномаи коҳиши мизони фақр ва таъмини иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ шудаааст. Инчунин дар ин сол барои рушди соҳаҳои энерживу нақлиёт ва маориф беш аз якуним миллиард сомонӣ ихтисос дода хоҳад шуд.

Масъуд Собиров, раиси эътирофшудаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки дар Буҷаи давлатии соли 2008 низ авлавият болои соҳаҳои маориф ва таъмини иҷтимоӣ дода мешавад: «Пешгӯӣ ҳам карда метавонам, ки афзалият дар Буҷаи давлатии соли 2008 ба соҳаҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дода мешавад. Ҳамзамон бахши низомии кишвар низ маблағи зиёд хоҳад гирифт, чун ба ин соҳаҳо худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хос дорад».

Ин дар ҳолест, ки Ҳаким Солиев, раиси Кумитаи андоз, мегӯяд, давлати Тоҷикистон ниҳоят имсол ба ҳадафи чанд соли қабл пешгузоштааш комёб хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2008 бе дарназардошти сармоя ва қарзҳои хориҷӣ аз марзи 3 миллиард сомонӣ хоҳад гузашт: «Буҷаи соли оянда бе назардошти кумакҳои башардӯстона, грантҳои техникӣ ва қарзҳое, ки мо мегирем, беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Буҷаи давлатии Тоҷикистон ҳоло на буҷаи иҷтимоӣ, балки тадриҷан буҷаи рушд мешавад - ҳама талошамон бар ин аст. Дар соли оянда аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун, маблағгузорӣ мешаванд».

Ва аммо гурӯҳе аз коршиносони масоили иқтисодӣ иддао доранд, ки маблағҳои пешбинишудаи буҷаи соли 2008 барои иҷрои тарҳҳои азим, мисли сохтмони нерӯгоҳҳо ва ба сурати назаррас даст ёфтан ба коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон кофӣ нест.

Раҳматулло Валиев, як коршиноси тоҷик, мегӯяд: «Ин буҷа ниҳоят маблағи камро пешбинӣ мекунад. Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон назар ба давлатҳои ҳамсояи Узбакистону Қазоқистон баланд аст. Баландшавии нарху наво ҳам метавонад боиси паст шудани сатҳи зиндагии мардум шавад ва ин буҷа барои ҷилавгирӣ аз афзоиши мизони фақр ночиз аст. Ҳамзамон пешбинӣ шудани маблағи кам дар буҷаи давлатии соли 2008 низ сабаб дорад: истеҳсолот дар Тоҷикистон дар дараҷаи паст аст, даромад нест, сатҳи бекорӣ ҳам баланд аст...»

Дар ҳоле ки лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2008 ҷиҳати баррасӣ ба парлумони кишвар ирсол гардид, Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2008-ум ба 14 млрд 800 млн сомонӣ мерасад. Буҷаи соли ояндаи кишвар ҳам 29 дарсади ММД-ро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG