Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёфтҳои Тоҷикистон аз нишасти Шонгҳай дар Бишкек


Дар раддабандии созишҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай дар нишасти Бишкек, амният ва инержӣ дар ҷои аввал қарор доранд. Чуно ҳароина сарони кишварҳои узв ба таҳдиди терроризм ва ҷудоихоҳӣ, ноамниҳои Афғонистон ва қочоқи маводи мухаддир ишора намуда, дар зимн аз размоишҳои муштараки нирӯҳои худ дар Русия истиқбол карданд.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Қурманбек Боқиев гуфт, фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай бар зидди ҳеч кишвари саввум нигаронида нашудааст. Ин посухе буд ба сӯҳбатҳое, ки гӯё ширкаткунандагон бо зеҳниятҳои зиддиамрикоӣ ва орзуи бунёди НАТО-и шарқӣ ҷамъ меоянд. Аммо президенти Русия Владимир Путин гуфт, созмон бояд ба ҳама гуна талошҳои ҳалли яктарафаи масъалаҳои ҷаҳонӣ, ишора ба яккатозии Амрико, мухолифат кунад. Ва меҳмони нишаст, президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ба як кишваре ишора кард, ки мехоҳад дар чанд минтақаи ҷаҳон сипарҳои зиддимушакӣ устувор кунад. Манзур, Амрико.

Аммо агар шиорҳои забонзади сиёсӣ ва ташаббусҳои нави фарҳангию маърифатӣ, монанди орзуи таъсиси Донишгоҳи Созмони Шонгҳайро, пешниҳоди Путин, як сӯ бигзорем, ба камияш ду масъала дар нишасти Бишкек асосӣ ба назар мерасанд. Яке ризоияти кишварҳои молики захираҳои саршори инержӣ ба таъсиси бозори муштарак ба суди кишварҳои дигари узви Шонгҳай, ки худованд аз нафту газ онҳоро камнасиб сохтааст ва дигаре захираҳои оби минтақаву сармоягузорӣ ба сохтмони нирӯгоҳҳои барқи обӣ. Суханони президенти Узбакистон Ислом Каримов дар ин маврид, мусалламан ба Тоҷикистон дахл дошт:

"Ҳама гуна тасмими истифодаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти барқи обӣ бояд ба таври ҳатмӣ манфиати аҳолии поёнобро ба эътибор бигирад. Дар акси ҳол, ин метавонад, ба боз ҳам бадтар шудани таъмини об дар поёноби Омӯ ва Сирдарё ва фалокати зистмуҳитии хушкидани баҳри Аралро тезонад ва зиндагии даҳҳои миллион аз аҳолии Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистонро дар ин ҷо номумкин гардонад."

Ислом Каримов аз санадҳои меъёрии СММ нақли қавл карда, афзуд, ҳама гуна барномаҳои сохтмон бояд аз таҳқиқи ниҳодҳои мустақили байнулмилалӣ гузарад ва дар сурати саркашӣ кишваре ки ба чунин кор роҳ медиҳад, бояд ба аҳолии поёноб товонпулӣ пардозад. Раисиҷумҳури Узбакистон на танҳо Қазоқистону Туркманистонро дар ин баҳс ҳампаймони худ эълон кард, балки дар рӯбарӯи сармоягузорони мумкини барномаҳои инержии Тоҷикистон -- Чин ва Русия масъаларо матраҳ намуд. Посухи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин нуктаи ҳамтои узбакаш ингуна буд:

"Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам, бори дигар мавқеъгирии усулии худро баён дорам, ки Тоҷикистон ҳаргиз ва ба ҳеч ваҷҳ ҳеч барномаеро оғоз намекунад ва мавриди ҳимоят қарор намедиҳад, ки татбиқи он ба ин ё он шакл ба ҳамсоягон осеб расонад. Биноан бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки айбчаспониҳои ахир ба нақшаҳои сохтмони иншооти обу барқи кишвари мо ба воқеъият робитае надоранд."

Дар ҳоле ки дар гузашта Қирғизистон аксаран аз мавқеъгирии Тоҷикистон ҳимоят мекард, ин бор президент Боқиев шояд аз рӯи одоби мизбонӣ ба мубоҳиса ҳамроҳ нашуд. Русия низ сукут варзид, дар ҳоле ки дар гузашта талош мекард, нақши меросии бародари бузург ё довару миёнарави миёни кишварҳои собиқ шӯравиро бозад. Ва дар ҳоле ки аксари сарварон аз дастовардҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай ҳарф мезаданду акнун раёсати он ба дасти Тоҷикистон мегузарад, президенти Узбакистон пешниҳоди дигаре ба миён гузошт, ки Дабири кулли созмон на барои як, балки панҷ сол интихоб шуда, дар иҷрои қарорҳои бешумори имзокардаи сарони созмон масъулияти бештар зуҳур кунад. Дарёфти дигари Тоҷикистон аз нишасти Бишкек мулоқоти ҷаноби Раҳмон бо Ҳу Ҷинтао, рабҳари Чин аст, ки ваъда дод, соли оянда аз Душанбе дидан кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки Чин зимни шикоятҳои Тошканд аз бунёди нирӯгоҳи барқи обии Зарафшон даст кашидааст ва маълум нест ваъдаи сафари Ҷинтао дар соли оянда ба Тоҷикистон оё дар шакли сафари алоҳида ба амал хоҳад омад ва ё дар чаҳорчӯби нишасти ояндаи сарони созмон, ки қарор шуд дар Душанбе барпо шавад.
XS
SM
MD
LG