Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлавӣ: «Мо бурунро мангарему қолро...»


Дар ин нишасти илмӣ мавлавишиносон аз 27 кишвари олам, бо шумули Амрикову Фаронса, Туркияву Эрон, Афғонистон ва Ҳинду Чин, ширкат доштанд.

Ҳамоиш ба 5 банд ё ҷаласа - «Арзишҳои инсонӣ дар фалсафаи Мавлоно», «Таъсири афкори Мавлавӣ ба ҷаҳони муосир», «Сулҳ ва мудоро дар тасаввуф», «Муколама дар фалсафаи Румӣ» ва «Натиҷагирӣ ва баҳогузории умумӣ» - табақабандӣ шудааст.

Дар назар аст, ки дар давоми се рӯз 17 мавлавишинос, аз ҷумла Ростислав Рибаков, Навид Зафар, Шепард Бодман, Алӣ Билкан, Гю Сеоб Шин, Уилямс Ян дар ҳузури дӯстдорони ин алломаи замонаҳо маъруза кунанд.

Эраҷи Баширӣ, устоди Донишгоҳи Минесуттои ИМА, мегӯяд, пас аз ҳамлаҳои террористӣ ба Амрико дар сентябри соли 2001 таваҷҷуҳи мардуми ин кишвари пешрафтаи ҷаҳон ба эҷодиёти Мавлавӣ ва ғояҳои таҳаммулпазирии ӯ зиёд шудааст ва серхонандатарин шоир дар Амрикои имрӯза Ҷалолиддини Балхист.

Ва аммо суоли баҳсбарангезе, ки дар конфронс садо дод, аз Иван Драчи укроин буд, ки чаро миллате, ки 800 сол муқаддам Мавлавӣ дошт, ба ҷанги шаҳрвандӣ сар ба сар гашт.

Ба ин суол Муъмини Қаноъат, шоири тоҷик, посух дод: «Дар тӯли 70 сол, ки Мавлавӣ мамнӯъ буд, таҳаммулпазирие, ки Мавлавӣ дар зеҳни мо ҷойгир карда буд, то ин замон аз зеҳни мо бароварда шуд. Ҳарчи, ки дар авоили солҳои 90-и асри гузашта ба ҷунбиш омад, ғайритоҷикӣ буд. Демократияамон ғайритоҷикӣ буд, риштаҳои неҳзатии исломии мо ғайритоҷикӣ буданд, ҳама онҳоро оварда буданд ва, шукри худо, мо бармегардем ба асолати тоҷикӣ ва ҳамин нишасти имрӯза натиҷаи ҳамон заҳмати Мавлавист».

Нуқтаи заъфе, ки дар ҳамоиш ба назар мерасид, ба қавли коршиносон, ин буд, ки, агар то 70 сол муқаддам Мавлавиро танҳо чун шоир, вале на чу файласуф меомӯхтаанд, пас дар ҳамоиши ахир уламо танҳо ба андешаи таҳамммулпазирии адёни Мавлавӣ такя кардаанд, на бар шеъри ӯ.

Мирзо Шукурзода, пажӯҳишгари макотиби адабии Ҳироту Балх: «Хоммағзии ҷаҳолат хомӣ аст, То ҷанини кор хуношомӣ аст, мефармояд Мавлоно, ё: Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малӯламу инсонам орзуст, ва ё дар ҷои дигар мегӯяд, Одамихоранд ағлаб одамон, Аз саломалекашон кам ҷӯ амон! Мавлоно, худ медонед, ки шоири ориф ва орифи шоир аст. Ку бубинем, шояд дар рӯзҳои дигари нишаст сари ин мавзӯъ низ ҳозирин баргарданд?.. »

Ва аммо ба ин фикр, ки Мавлавӣ дар саргаҳи раванди таҳаммулпазирӣ ва ҷараёни «Гуфтугӯ миёни адён» меистад ва ин андешаро 800 сол пеш зидди ҷангу хунрезӣ ба башарият пешниҳод кардааст, ағлаби мавлавишиносон мувофиқ буданд.
XS
SM
MD
LG