Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарсоиши эҳтиром ба дин дар Тоҷикистон


Дар гузориши Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфта мешавад, Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро таъмин мекунад ва ҳукумати ин кишвар ба ҳаққи бовари мардум қоил аст, аммо дар вазъи умумӣ чанд бахши ташвишовар ба мушоҳида расидааст. Чунончи, дар як соли гузашта эҳтиром ба озодии дин коҳиш дида, сиёсати ҳукумат баёнгари изтироб аз тундгароии исломист, ки ба аксарияти аҳолӣ низ хос мебошад.

Ҳукумат фаъолияти ниҳодҳои мазҳабиро ҷиддан таҳти назар дорад ва талош мекунад ва беш аз ҳад сиёсӣ шудани онҳо монеъ гардад. Агарчи, гуфта мешавад, ягон масҷиди расмӣ баста нашудааст, ҳукумат чандин масҷиди номнависнашуда, хонаҳои намозгузорӣ ва мадрасаҳоро баста, тартиби сабти номи масҷидҳои навро мушкил гардондааст.

Вазорати маорифи Тоҷикистон пӯшидани иҳҷобро дар макотиби оммавӣ манъ кард. Ҳукумат тартиби сабтиномро бо мақсади ихлол ба бархе аз фаъолиятҳои мазҳабӣ истифода мекунад. Баъзе аз созмонҳо ва афроди динӣ бо зарбулат, боздоштҳои муваққат ва бозпурсии мақомоти давлат рӯбарӯ шудаанд. Ҳукумат, ба шумули президент Эмомалӣ Раҳмон ошкоро эълом медоранд, ки сиёсати дунявияти фаъолро дар пеш гирифтаанд.

Дар гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфта мешавад, ба сурати умум вазъи ақаллиятҳои динӣ дар Тоҷикистон мӯътадил аст, аммо чанд ҳодисаи боздошт ва муҳокимаи намояндагони адёни гуногун, манъи нашри адабиёти динӣ, мумониат ба баргузории маросими мазҳабӣ ба мушоҳида расидаанд. Бо вуҷуди он ки муносибат дар байни намояндагони динҳои мухталиф осудааст, гоҳе рӯҳониёни баландпоя мавҷудияти ақаллиятҳои диниро хатаре ба ваҳдати миллӣ унвон кардаанд. Инчунин тирамоҳи соли гузашта ба канисаи яҳудӣ ва калисои православи Душанбе шишаҳои оташдода шудаи бензин партофта шудааст.

Вазири умури хориҷии Амрико Кондолиза Райс дар расми муаррифии гузориши вазъи озодии дин дар ҷаҳон дар соли 2006 дирӯз дар Вошингтон гуфт, нашри гузориши солона ин бор ба ду рӯйдоди муҳими динии ҷаҳон рост омад, ки яке оғози моҳи Рамазони мусулмонҳо ва дигаре, Рош Ҳашана, соли нави яҳулдиҳост. Вай ҳамчунин гузоришро ба ёдбуди рӯйдодҳои 11-уми сентябри соли 2001 низ пайванд дод. Вай гуфт: "Озодии дин бахши ҷудонашавандаи талошҳои мубориза бо афкори бад ва носозгории мазҳабист, ки ба оташи терроризм рӯған мерезанд. Солрӯзи фоҷиаи 11-уми сентябр дар сешанбеи гузашта бори дигар ба аҳамияти ин гузориш таъкид мекунад ва ҳам ба садоқати мо дар ифшои вазъи ҳамаи мамлакатҳо, ки дар он ҷо мардум таҳти фишори ҳукумат, ҷиноятҳои нафратомез, беҳуқуқӣ ва хушунат ба сар мебаранд."

Бо вуҷуди зикри бархе аз пешрафтҳо Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида изҳори нигаронӣ мекунад, ки тарҳи қонуни нави адён метавонад, ин вазъро аз байн барад. Дар ин тарҳ шумораи пайравон барои таъсиси ҷомеаи динии худ то 400 нафар афзун шуда, таълими мазҳабӣ дар манзилҳои хусусӣ, таблиғи дини худ, ширкати иттиҳодҳои мазҳабӣ дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва таъсиси аҳзоб бар пояи ақоиди динӣ мамнӯъ эълон хоҳанд шуд. Дар моҳи июни соли 2007 намояндагони 22 гурӯҳи мазҳабии Тоҷикистон бо эътироз аз тарҳи нав ба раисиҷумҳури кишвар нома фиристодаанд.

Дар гузориш омадааст, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида масъалаҳои озодии динро ҳамчун бахше аз кӯмак ба ҳуқуқи инсон бо ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон вазъро зери назар дорад ва ба афзоиши тафоҳуми миёни мазҳабҳо мусоъадат мекунад.
XS
SM
MD
LG