Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди бӯҳрони "курдӣ" ба вазъ дар Туркия


Тазоҳуроти зидди Ҳизби коргари Курдистон дар Истомбул, 26 октябри соли 2007.
Тазоҳуроти зидди Ҳизби коргари Курдистон дар Истомбул, 26 октябри соли 2007.

Фазои бӯҳронии миёни Туркия ва Ироқ бар сари Ҳизби коргари Курдистон метавонад, аксарияти курди Туркияро муташанниҷ гардонад.

Дастикам, бархе аз таҳлилгарон аз ҳамин пайомад ҳушдор медиҳанд. Гуфтушунидҳои бесамари миёни Анкара ва Бағдод дар пасманзари идомаи ҳамлаи ҷудоихоҳони курд аз шимоли Ироқ ба Туркия вазъиятро тафсонтар мекунад. Ба думболи ҳалокати 12 сарбози турк дар натиҷаи шабехуни курдҳои Ҳизби коргар, дар чандин шаҳри Туркия тазоҳуроти чандҳазорнафарӣ талаби муҷозоти курдҳоро кард. Ва дар чандин шаҳри Туркия шӯъбаҳои Ҳизби курдии ҷомеаи демократӣ, ки ахиран ба порлумони кишвар роҳ ёфт, мавриди ғорат қарор гирифта, сӯзонида шуданд. Бисёр шореҳон чи дар Туркия ва чи берун аз он ҳушдор медиҳанд, ки вазъият метавонад, аз зери назорат берун равад. Онҳо мегӯянд, мумкин аст, дастовардҳои ахири ақаллияти курди Туркия дар масъалаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва забон зери фишори миллатгароии афзоянда бо хатар рӯбарӯ шаванд.

Майкл Рубин, коршиноси умури минтақа дар Пажӯҳишгоҳи Американ Энтерпрайз, дар авохир аз Туркия бозгашт ва мегӯяд, мавҷи миллатгароӣ ба сони мавҷи парчамафшонӣ дар кӯчаҳои Туркия ба авҷи худ мерасад: "Фазо дар Истомбул ба ман рӯҳияи Вошингтон ва Ню Йорки баъд аз ёздаҳуми сентябрро ба ёд овард. Фақат як ҳамлаи Ҳизби коргари Курдистон на, ин савумин ҳамла буд ва ҳар як ё ду ҳафта ҳамлаҳо мешавад. Ин дарвоқеъ авҷ аст. Косаи сабр лабрез шудааст."

Мустафо Оқйул, ноиби сардабири рӯзномаи Туркиш дейлӣ нюз ба ин ақида розист ва мегӯяд, хашми туркҳо метавонад ба сари курдҳои дохили кишвар низ бирезад ва ҳукуматро зарур аст, тавозуни сахтеро пайдо кунад: "Туркия бояд Ҳизби коргари Курдистонро ҳадаф гирад ва танҳо онро ва ҳамзамон бояд бо мақомоти ироқӣ, раҳбарони Курдистони Ироқ равобити беҳтар дошта бошад. Ва дар ҷомеаи худ низ хеле эҳтиёт кунад, то ба ташаннуҷи қавмӣ роҳ надиҳад."

Ахиран ҳукумати Туркия низ ин ҳолатро дарк карда, ба ягонагии шаҳрвандии туркҳо ва курдҳо дар кишвар даъват кардааст, вале агар курдҳо дар кишвар худро зери фишор эҳсос кунанд ва маҷбур шаванд, ки ба Ҳизби коргари Курдистон рӯй оранд, мақомот бо таҳдиди бузурге мувоҷеҳ хоҳанд гашт.

XS
SM
MD
LG