Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Эрон ва Сурия дар Аннаполис


Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз натиҷаҳои нишасти Аннаполис, ки заминаҳои азсаргирии музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластинро баъди ҳафт сол фароҳам овардааст, истиқбол кард. Вай аз ширкатдорони ҳамоиши сулҳи Ховари Миёна, ки 40 кишварро ба ҳам овардааст, даъват кард, ҳама талошашонро ба харҷ диҳанд, то ки ду ҷониб ба сулҳу оштӣ даст ёбанд.

Ҳезер Моҳир, радиои Озодӣ, Вашингтон


Аксар шореҳони сиёсӣ, ки аз кори ин нишаст мушоҳида мекарданд, дар маҷмӯъ мегӯянд, ки ин як ҳодисаи камназир аст, ки чунин ҳамоиш бо натиҷае ба поён расида бошад. Яке аз ин таҳлилгарон Пол Шрам, муҳаққиқи пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна, воқеъ дар Вашингтон аст. Вай дар ин бора мегӯяд:

"Ба фикри ман, конфронси мазкур ҳама кореро, ки аз дасташ омад, анҷом дод. Яъне намояндаҳои чандин кишварҳоро - ба мисли Арабистони Саъудӣ ва Сурияро ба ҳам овард. Баъзе ҷараёнҳоро ба самти дар инзиво гузоштани Эрон оғоз кард. Ва ваъдаҳои ду ҷониб ҳам дар заминаи расидан ба қарорҳои ниҳоӣ садо дод. Ба забони дигар гӯем, дар муқоиса бо нишастҳои пешин, ки бенатиҷа будааст, ин навбат чизе ба даст омад. Аммо савол ин аст, ки оё дар ин ҳама ҷараёнҳо иродаи сиёсӣ мавҷуд аст ё на? Ҳоло чунин иродаи сиёсиро танҳо дар мавқеи раҳбарон дидан мумкин аст. Аммо бо назардошти заъфияти онҳо, оё мешавад умед баст, ки ин ҳама аз роҳи сохторҳои қонунгузор ва ҳукуматӣ гузашта метавонад? Ин аст саволи асосӣ дар ин замина"

Таҳлилгари сиёсӣ Пол Шрам мегӯяд, ки нишасти Аннаполис ба таври рӯшан нишон дод, ки Эрон махсусан нодида гирифта шуд ва бо назардошти мавқеи он дар минтақа ва мушкилоте, ки ин кишвар эҷод мекунад, Эрон бояд худ хулосабарорӣ кунад, ки ба кадом самт ҳаракат мекунад. Оё мехоҳад як давлати бузурги қудратманд ва соҳиби обрӯ бошад ё баръакс. Аммо ҳоло, мушаххас аст, ки дар минтақа се бозигари аслӣ - Эрон, Сурия ва ИМА қарор доранд ва ҳамаи онҳо миёни ҳам равобити бисёр аҷибе доранд. Оё дар чунин шароит вазъият чӣ гуна тағйир хоҳад хӯрд? Пол Шрам мегӯяд:

"Воқеан ҳам Сурия ҳоло мавқеъи худро чун як кишваре аз ҷабҳаи Эрон бознигарӣ дорад ва ин кишвар дар баробари мухолифатҳояш ба ҷараёнҳои дохилии минтақа, як давлати арабӣ ва суннинишин аст ва аз сӯи дигар, мавриди эътимоди Эрон боқӣ мемонад. Дар сурате, ки ин кишвар қоидаи бозиро дуруст риоя кунад, он метавонад дар як мавқеи хубе қарор гирад, ки ҳар ду кишвари дигар ба вай моил хоҳанд шуд. Сурия бояд тасмим гирад, ки манфиати вай чӣ хоҳад буд. Дар дохили ИМА ва Исроил гурӯҳи хурди нафароне ҳаст, ки мегӯянд, зоти Сурия ингуна аст, ки "ҳеҷ чизро қабул надорад, террорист аст, ба Эрон алоқаманд буда, ҳеҷ гоҳ намешавад бо Сурия муомила кард". Ҳамчунон Исроил ҳеҷ гоҳ теппаҳои Ҷулонро барнахоҳад гардонд. Аслан ҳузури Сурия дар ин нишаст мавқеи онро боз мушкилтар кард".

Пол Шрам афзуд, ки ҳанӯз роҳи сахте дар пеш аст, ки ҳама ҷонибҳоро қаноатманд карда тавонад ва пеш аз ҳама ин ҳама мушкилоти сиёсӣ аз масоили таърихии минтақа маншаъ мегирад.

XS
SM
MD
LG