Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия вакилони Думаи давлатиро интихоб мекунад


Тибқи иттилои Комисиюни марказии интихоботии Русия, то нисфирӯзӣ 43 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд.

Ин дарсадӣ назар ба интихоботи қаблии порлумонӣ дар ин кишвар бештар гуфта мешавад. Ҳамзамон дар вилоёти шарқии Русия ба мисли Сахалин, Хабаровск ва Чукотка, ки дуртарин манотиқи шарқии Русия буда, ба вақт якчанд соат пештаранд, интихоботи порлумонӣ ба охир расид ва аз 40 то 60 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат варзидаанд.

Дар ҳамин ҳол як созмони ҳифзи ҳуқуқи башар дар Русия таҳти унвони «Голос» иттилоъ додааст, ки то нисфирӯзӣ дар ҷамъ беш аз 1000 ҳолати вайронкунии тартиби интихобот ва ҳуқуқи раъйдиҳандагон маълум шудааст. Бино ба хабари ҳамин сарчашма, ин ҳолатҳо аз ҷумла иборат аз фишорҳо ба намояндагони аҳзоби мухолиф, таблиғот дар ҳавзаҳо, иҷборан ба ҳавзаҳои интихоботӣ бурдани муҳассилин будаанд.

Як қатор расонаҳои хабарии Русия низ дар бораи ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи баъзеи раъйдиҳандагон ва нозирони маҳаллӣ иттлоъ додаанд. Аз ҷумла радиои «Эхо Москва» дар бораи дар ба баъзе аз ҳавзаҳои интихоботии Маскав роҳ наёфтани нозирони ҳизби мухолифи Иттиҳоди нерӯҳои рост хабар додааст.

Шумори нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи порлумонии Русия хеле кам гуфта мешавад. Барои назорати раванди раъйдиҳӣ дар 96 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар ҳамагӣ ҳудуди 400 нозири байнулмилалӣ таъин шудааст.

Дар интихоботи Думаи давлатии Русия, ки 2 декбар баргузор хоҳад шуд, 11 ҳизби ин кишвар, аз ҷумла ҳизби ҳокими «Русияи ягона», Ҳизби Комунист, Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), «Яблоко», Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро, «Ватанпарварони Русия», Ҳизби демократ, «Нерӯи шаҳрвандӣ», Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби адолати иҷтимоӣ, ширкат мекунанд. Дар ҷамъ 4600 узви ин ҳизбҳо номзадии худро пешниҳод кардаанд ва танҳо 450 нафар метавонад соҳиби курсии порлумонӣ шавад.

XS
SM
MD
LG