Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои ҷилавгирӣ аз гармоиши Замин дар Балӣ


Конфронси байнулмилалӣ дар шаҳри Балӣ дар бораи масъалаи гармоиши Замин, 14 декабри 2007
Конфронси байнулмилалӣ дар шаҳри Балӣ дар бораи масъалаи гармоиши Замин, 14 декабри 2007

Чунин ба назар мерасад, ки дар конфронси Балӣ - пойтахти Индунезӣ ширкаткунандагон дар бораи барномаҳои коҳиши газҳои гулхонаӣ назари яксон надоранд.

Бо вуҷуди ин шоми ҷумъа Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар Балӣ ба тавофуқ расданд, ки дар бораи коҳиши газҳои гулхонаӣ музокира анҷом бигирад. Дар ин конфронс, ки ба ибтикори СММ баргузор шуд, намояндагони тақрибан 180 кишвар, аз ҷумла Амрико ширкат доштанд. Амрико аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар Протоколи Киото роҷеъ ба коҳиши газҳои гулхонаӣ имзо нагузоштааст. Эътибори ин протокол соли 2012 ба поён мерасад.

Ба ин далел дар ин конфронс ширкаткунандагон саъй карданд, санадеро ба унвони ҷойгузини ин протокол ба тасвиб расонанд. Онҳо пешбинӣ мекунанд, ки баъд аз соли 2012 то соли 2020 тавлиди газҳои гулхонаӣ аз 25 то 40 дарсад коҳиш ёбад. Аммо Амрико пофишорӣ мекард, ки ба ин миқдор коҳиши газҳо розӣ нест. Дана Перино, сухангуи Кохи Сафеди Амрико, дар бораи барномаҳои Амрико гуфт, мо дар ин самт ба пеш ҳаракат мекунем, бо вуҷуди ин, ки барои коҳиш барномаи вижа надорем.

Вай афзуд, мо ин коррро дар чаҳорчубаи барномаҳои баъд аз соли 2012, яъне баъд аз хатми муҳлати протоколи Киото, анҷом медиҳем. Вай гуфт, аммо ҳадафҳои конфронси Балӣ ин аст, ки чаҳорчубае барои он таъйин кунад, на миқдори хосе.

Ширкаткунандагони конфронс гуфтанд, барои ҷилавгирӣ аз гармоиши сайора барномае аз қабили барномаи Маршал зарур аст, яъне барномае, ки дар поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум ба унвони Харитаи роҳ пазируфта шуда буд. Иттиҳоди Аврупо таҳдид мекард, ки агар Амрико ҳадафҳои пешниҳодшударо напазирад, аз музокирот дар бораи тағири иқлим хориҷ хоҳад шуд. Ин музокирот ба ибтикори Амрико моҳи январи соли оянда, яъне баъд аз як моҳи дигар баргузор мешавад ва Амрико аз Чину Ҳиндустон низ даъват кардааст, ки дар ин музокирот ширкат ҷуянд.

То ҳол 16 кишвар розӣ шудаанд, ки барои коҳиши гозҳои гулхонаӣ бо Амрико ба музокира биншинанд. Тибқи маълумоти мавҷуда дар 25 соли ахир 70 дарсади бухори газҳои гулхонаӣ дар кишварҳои рушдёбандаи санъатӣ, аз қабили Чину Ҳиндустон мушоҳида шудааст. Донишмандон пешгуӣ мекунанд, ки агар тавлиди газҳои гулхонаӣ дар ҳамин меъёр боқӣ бимонад, ҳарорати ҳаво дар нимкураи шимолӣ боло меравад ва он боиси об шудани пиряхҳои Арктика мешавад.

Дар он сурат то тобистони соли 2040 пиряхҳои Арктика комилан аз байн хоҳанд рафт, ки паёмадҳои нохуше барои кураи Замин хоҳад дошт. Маркази мутолеъоти барф ва ях, воқеъ дар Амрико, моҳи сентябр эълон кард, ки сатҳи ях дар баҳри Арктика нисбат ба соли 2005 23 дарсад поинтар рафтааст.

XS
SM
MD
LG