Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои таъсиси бонк 15 миллион доллар талаб мешавад


Сармояи оинномавии бонкҳои тиҷоратӣ барои фаъолият дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли ояндаи 2008 бояд на камтар аз 15 миллион доллари амрикоӣ бошад.

Бонки миллии Тоҷикистон аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон талаб кардааст, ки дар соли 2008 ҳаҷми камтарини сармояи онҳо аз 15 миллион доллари амрикоӣ бояд бештар бошад ва дар сурати аз ин ҳаҷми муайяншуда кам будани сармояашон фаъолияти онҳо қатъ карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки соли равон ҳаҷми сармояи оинномавии бонкҳо дар соли равон ба 5 миллион доллари амрикоӣ баробар буд. Яъне, бонкҳо метавонистанд, бо сармояи 5 миллион доллара фаъолият кунанд. Ҳамакнун, Бонки миллии Тоҷикистон ин меъёрро ҳудуди 3 баробар афзоиш дод.

Раҳматшо Додхудоев, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон сабаби ин иқдомро дар зарурати ҷалби сармояи ҳаҷман бузурги хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон тавзеҳ дод. Оқои Додхудоев афзуд, як сабаби ин иқдоми Бонки миллӣ он аст, ки ҳаҷми 5 миллион доллараи сармояи оинномавии бонкҳои хусусии Тоҷикистон алъон ҷиҳати қарздиҳии дарозмуддат ва поин бурдани меъёри фоизӣ дар бозори пули кишвар мушкилот эҷод мекардааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, ин тасмими Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳоло ба мавҷудияти бархе аз бонкҳои Тоҷикистон – Бонки «Айём», «Сомонбонк», «ИСТ –КРЕДИТБОНК», «Бонки Олимп» ва «СТБ -ИНВЕСТБОНК», ки сармояашон аз 15 миллион доллар камтар аст, таҳдид мекунад. Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, феълан, аксари бонкҳои хусусии Тоҷикистон имкони якбора ба 15 миллион расонидани сармояашонро надоранд ва ин тасмими Бонки миллии Тоҷикистон ин бонкҳоро ба шикаст мувоҷеҳ мекунад.

Бино ба гузориши саҳифаи интернетии Бонки миллӣ, феълан, дар Тоҷикистон 8 бонки тиҷоратӣ амал мекунанд, ки аз рӯи ҳаҷми сармоя «Ориёнбонк» бо бештар аз 34 миллион доллар, «Тоҷиксодиротбонк» бо 32 миллион доллар ва «Агроинвестбонк» бо 25 миллион доллар - бонкҳои бузургтарини кишвар ба шумор мераванд. Тибқи иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, сармояи умумии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон феълан каме бештар аз 170 миллион доллар будааст. Ин рақам соли гузашта ба 100 миллион доллар баробар буд.

XS
SM
MD
LG