Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррух Амонатов – пешсафи мусобиқоти қаҳрамонии Русия


Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов
Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов пас аз чаҳор даври марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи Русия байни мардон бо касби 2,5 имтиёз ба гурӯҳи пешсафон дохил шуд.

Дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, 60-умин давраи мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи ин кишвар бо ширкати 12 нафар беҳтарин шатранҷбоз ҷараён дорад.
Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов дар нахустин даври ин мусобиқот бар рақиби худ Артём Тимофеев (шаҳри Қазон) ғолиб омад. Вале дар даври дувум ӯ аз Александр Гришуки маскавӣ мағлуб гадрдид. Дар даври севум бозиро бо Пётр Свидлер (шаҳри Санкт-Петербург) мусовӣ анҷом дода, дар даври чаҳорум Алексей Дреевро (шаҳри Маскав) ба шикаст мувоҷеҳ намуд.
Бад-ин тартиб баъди даври чаҳорум бузургустодон Фаррух Амонатов, Александр Гришук, Александр Морозевич, Никита Витюгов ва Евгений Томашевский бо 2,5-имтиёзӣ дар садри ҷадвали ин мусобиқоти бонуфуз ҷой гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар ин мусобиқот ҳамроҳи боз 6 шатранҷбози пештози Русия аз пойтахти он намояндагӣ мекунад.
Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Русия байни мардон 30-вуми декабр анҷом меёбад.
XS
SM
MD
LG