Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистони 2007 аз нигоҳи созмонҳои байнулмилалӣ


Барои бузург кардани акс, лутфан онро "клик" кунед.
Барои бузург кардани акс, лутфан онро "клик" кунед.

Созмонҳои ҷаҳонӣ дар бархе аз риштаҳо пешрафти ночиз ва дар аксар риштаҳо рукуду пасрафти Тоҷикистонро дар соли 2007 ба мушоҳида гирифтаанд.

Созмони «Freedom House» («Хонаи озодӣ»), мақарраш дар Вашингтон, соли равон ба озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон 6 имтиёз ва ба озодиҳои шаҳрвандӣ 5 имтиёз гузошта, ин кишварро ба феҳристи мамолики ноозод шомил кард.
Ба гузориши ин созмон, сатҳи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон пойин рафтааст ва, агар соли 2006 кишвар дар мақоми 165-ум қарор дошт, пас соли равон дар байни 195 кишвар Тоҷикистон дар радифи 166-ум ҷой гирифтааст.
Ба мушкилоти зиёди марбут ба озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодии расонаҳои хабарӣ, Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ишора кард. Дар гузориши вазорати умури хориҷаи Амрико омадааст, ки «Қавонини Тоҷикистон аз озодии баён ва расонаҳои хабарӣ ҳимоят мекунанд, ҳарчанд дар амал ҳукумат ин озодиҳоро маҳдуд кардааст. Афроде, ки аз сиёсати ҳукумат розӣ нестанд, мавриди таҳдиду таъқиб қарор мегиранд».
Департаменти давлатии ИМА рӯи мушкили ҳафтаномаҳои мустақили «Рӯзи нав», «Неруи сухан» ва «Одаму олам», ки се сол боз мақомот бо ҳар роҳу васила аз идомаи нашри онҳо ҷилавгирӣ мекунанд, таҳдидҳо ба хабарнигорон, аз ҷумла аз тариқи телефон ё аз сӯи кормандони додситонӣ ва ё дар ҷараёни тафтиши идораи нашрияҳо аз сӯи мақомоти андоз, худсонсурӣ ва худдории сардабирон аз нашри матолибӣ танқидӣ, мушкили дарёфти муҷаввиз аз сӯи родиюву телевизионҳои мустақил, ноком шудани Родиюи Би-Би-Си дар талоши дарёфти иҷозаи дубораи пахши барномаҳояш аз тариқи амвоҷи дароз дар Тоҷикистон ва маҳдудияти дастрасӣ ба ахбор, тамаркуз кардааст.
Дигар аз созмонҳои маъруфи байнулмилалӣ – «Транспаренси Интернешнл», ки, маъмулан, мавзӯъи фасод дар кишварҳои гуногуни оламро матраҳ мекунад, имсол ҳама кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои фасодзадаи олам шомил кард. Миклош Маршалл, раиси бахши Аврупо ва Осиёи марказии ин созмон, мегӯяд: «Ман фикр мекунам, хабари бад он аст, ки Осиёи марказӣ дар олам чун минтақаи фасодзада муаррифӣ мешавад: аз Тоҷикистон то Қирғизистон ва аз Туркманистон то Узбакистон – ҳама ин кишварҳоро фасодзада мехонанд. Яке аз кишварҳои бештар олуда ба фасод дар ин феҳрист Узбакистон аст, ки ба он баҳои 1,7 гузошта шудааст. Ва Узбакистон миёни 10 кишвари фасодзадатарин ҷой дорад. Ман фикр мекунам, чунин ҳолат собит мекунад, ки дар ин кишвари замоне умедбахш мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ фаровон аст».
Дар феҳристи имсолаи «Транспаренси Интернешнл» Тоҷикистон миёни 179 кишвар дар радифи 150-ум ҷой гирифт, дар ҳоле, ки як соли пеш миёни 163 кишвар он дар мақоми 142 қарор дошт.
Ба назар мерасад, ки фасод ба бахши иқтисоди Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст. Дар гузориши солонаи Бонки ҷаҳонӣ, ки вазъи иқтисод аз рӯи 10 нишондиҳанда арзёбӣ шудааст, Тоҷикистон ба сафи 30 кишвари мубтало ба мушкилоти сангини иқтисодӣ шомил аст: чун як соли пеш Тоҷикистон миёни 178 кишвар дар ҷои 153 ва дар паҳлӯи мамолики фақири Африқо – Зимбабве, Камерун ва Кот де Вуар – ҷой дорад.
Дар гузориш, аз ҷумла, омадааст, ки дар Тоҷикистон барои сабти номи ширкатҳои хурду миёна 745 сомонӣ (муодили 320 доллари амрикоӣ) харҷ мешавад, ки аз бузургтарин харҷҳо дар олам аст. Раванди сабти номи ширкатҳо 49 рӯз тӯл мекашад ва аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон баъд аз Камбоҷа мақоми дувум аз охирро ишғол кардааст. Аз рӯи нишондоди ҳифзи сармоягузорон низ Тоҷикистон дар поёни феҳрасти Бонки ҷаҳонӣ ҷой дорад.
Маҷаллаи «Foreign Policy» ва Бунёди сулҳ Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои заъифи олам шомил кардаанд. Феҳристи ин созмонҳо дар пояи 12 нишондоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомии 177 кишвари олам таҳия шудааст. Муаллифон навиштаанд, ки барои таҳияи он аз маводи беш аз 12 ҳазор манбаъ истифода кардаанд. Дар ин гузориш заъфҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву низомии Тоҷикистон номбар нашудааст, вале дар феҳристи кишварҳои заъиф Тоҷикистон дар мақоми 39-ум ҷой дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки як сол пеш дар ҳамин гуна феҳрист Тоҷикистон миёни 146 кишвар дар мақоми 42-юм қарор дошт.
XS
SM
MD
LG