Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2007


Чунин ба назар мерасад, ки аксари тасмимоти давлати Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи иқтисод, дар соли 2007 анҷомнашуда боқӣ монданд.

Иҷрои тарҳҳои энержӣ, коҳиши мизони нодорӣ ва қарзи хориҷӣ, ҷилавгирӣ аз афзоиши сатҳи таваррум, ҷалби сармояи берунӣ, хусусигардонии чанд корхонаи азим ва афзоиши мубодилаи молу коло бо кишварҳои хориҷӣ аз масоили авлавиятнок дар сиёсати иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2007 маҳсуб меёфт.
$ 500 миллиони «Тalco» куҷо шуд?
Нахустин хабари начандон хушоянд барои ҳукумат дар соли 2007 шояд ин буд, ки 3-юми январ Корхонаи арзизи Тоҷикистон, бузургтарин корхонаи саноатии ин кишвар (дар моҳи апрели имсол корхона тағйири ном кард ва ба ширкати «ТАЛКО» табдил ёфт), бо пахши як баёния аз расидани хисороти баробар ба 485 миллион доллари амрикоӣ иттилоъ дод. Дар ин баёния омадааст, ки зиёни молӣ дар пайи ҳамкориҳои «ТАЛКО» бо ширкати «Ансол» ворид шудааст.
Ҳамчунин дар баёния раҳбари ширкати «Ансол»Аваз Назаров бар он муттаҳам мешавад, ки дар замони муомилоташ бо корхонаи арзиз барои Абдуқодир Эрматов, раҳбари пешини ин корхона, ва аъзои хонаводаи ӯ пардохтҳои ғайриқонунии чандмиллионӣ анҷом додааст. Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ин ду нафар феълан дар Бритониё будубош доранд ва алайҳи онон бо иртикоби тасарруфи моликияти давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Нокомии «Барқи тоҷик» барои ҷалби $ 270 000 000 сармояи Чин
Ба ҷуз ин моҳи январ аз Пекин хабар расид, ки миёни ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Синоҳидро»-и Чин бар сари сохтмони нерӯгоҳ дар болооби рӯди Зарафшон тавофуқ ҳосил шудааст, ки бар асоси он ҷониби Чин омода буд барои иҷрои ин тарҳ 270 миллион доллар дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад. Аммо дере нагузашта, дар пайи мухолифатҳои Узбакистон ширкати чиноӣ аз бунёди ин нерӯгоҳ даст кашид.
Бар асоси иттилоъи бархе аз расонаҳо, нохушояндии ҷониби Узбакистон аз тасмими Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Зарафшон мушкили аслӣ дар роҳи иҷрои тарҳи ин нерӯгоҳ боқӣ мондааст. Узбакистон иддао дорад, ки сохтмони нерӯгоҳ бар фарози рӯдхонаи Зарафшон боиси заиф шудани системаи обрасонӣ дар чаҳор вилояти ҳаммарзи Узбакистон бо Тоҷикистон мегардад. Аммо ҷониби Тоҷикистон ин иддаои Узбакистонро ғайривоқеъӣ мехонад.

То ҳол «Барқи тоҷик» аз ҷалби сармояи Чин барои сохтмони нерӯгоҳ дар Зарафшон умедашро накандааст ва бо ширкати «Синоҳидро» гуфтушунид мекунад.

«Дастдарозӣ»-и «Барқи тоҷик» ба кисаи мардум
Ва ин ҳам дар ҳоле, ки дар кисаи ин ширкат 60 миллион сомонӣ нест, то андози давлатиро супорад.
«Барқи тоҷик» имсол тасмими дигаре гирифт, ки кисаи шаҳрвандонро, ба истилоҳ, «хароб» кард. 1-уми феврал баҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 25 дарсад боло рафт ва ба 3,5 дирам барои як киловатт/соат баробар шуд. Дар «Барқи тоҷик» бар инанд, ки бо ин вуҷуд барқи Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигар ҳанӯз ҳам бисёр арзон боқӣ мемонад, аммо аз ин сарфи назар мекунад, ки камтарин маоши ҳадди ақалл низ шояд маҳз дар Тоҷикистон аст, ки ҳамагӣ 20 сомонӣ (муодили 6 доллари амрикоӣ) мебошад.
Гузашта аз ин, тибқи иттилоъи баъзе сарчашмаҳои расмӣ, «Барқи тоҷик» мехоҳад дар аввали соли 2008 ҳаққи истифодаи барқро то як андоза боло бурда ва ба 6 дирам барои 1 киловатт/соат расонад.
Вале дар гумон аст, ки бо ин ҳама «Барқи тоҷик» ҳозир мешавад қарзи худ аз андозро, ки аз марзи 60 миллион сомонӣ гузаштааст, пардохт кунад. Кумитаи андози Тоҷикистон имсол эълом намуд, ки «Барқи тоҷик» азимтарин қарздор аз молиёт аст, ки аз пардохти он сарпечӣ мекунад.
Оё бо 50 миллион доллар «Роғун» сохта мешавад?
Баҳсу баррасиҳо сари бозсозии нерӯгоҳи Роғун тақрибан тамоми соли 2007, ба истилоҳ, «хунук» нашуд ва дар ин маврид дар расонаҳо маълумоти зидду нақиз интишор мешуд. Дар моҳи феврал ҳукумати Тоҷикистон эълом намуд, ки тасмим дорад соли ҷорӣ бо тахсиси 50 миллион доллари амрикоӣ, худ идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бар дӯш бигирад.
Баъд аз ин ки ширкати «РусАл» сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро бидуни ризояти кишварҳои ҳавзаи рӯди Омӯ имконнопазир арзёбӣ кард, охирҳои тобистон Ҳукумати Тоҷикистон қарордоди муштарак бо ширкати русии «РусАл»-ро дар бораи бозсозии нерӯгоҳи Роғун якҷониба бекор ва дар зимн ҷамъияти сиҳомии шакли кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии Роғун»-ро таъсис дод.
Дар ҳамин ҳол як намояндаи «РусАл» гуфт, ки ин ширкат барои омӯзиши тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» 3 сол сарф кардааст ва, агар ба ҷои он ширкати дигаре корро рӯи даст бигирад, 3 соли дигар аз даст хоҳад рафт. Аммо баъдан ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дод, ки бо ширкати «ЕЭС»-и Русия дар марвиди сармоягузории нерӯгоҳи Роғун музокирот дар ҷараён аст, вале саҳмияи назоратӣ ба ихтиёри ширкатҳо ва ё давлатҳои хориҷӣ, минҷумла Русия низ вогузор нахоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол ҳукумат дар буҷаи соли 2008 низ барои сохтмони ин иншоот 30 000 000 доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кард. Коршиносони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон бо вуҷуди миқдори ками маблағе, ки ихтисос медиҳад, дар зарфи то 15 соли оянда метавонад «Роғун»-ро бо нерӯи худ бунёд кунад. Гуфта мешавад, то имрӯз дар ин нирӯгоҳ ҳудуди 800 миллион доллари амрикоӣ масраф шуда, барои анҷоми сохтмон ҳудуди 1,5 миллиард доллар сармоя зарур аст.
8 сомонӣ афзудани маоши ҳадди ақалл мизони нодорӣ дар Тоҷикистонро то 50 дарсад коҳиш дод?
Хабари то 20 сомонӣ баланд шудани маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон дар моҳи апрел дар пайи худ болоравии қимати маводди ғизоӣ ва як андоза поин рафтани қурби сомониро дошт. Вале сарфи назар аз ин, мақомот эълом карданд, ки барои то 50 дарсад коҳиш додани мизони нодорӣ дар кишвар муваффақ шуданд – рақаме, ки ҳеч созмони байнулмилалӣ тасдиқ накард ва зиёда аз ин, ба иддаои мақомоти Тоҷикистон мувофиқ нашуд.
Тибқи муқаррароти байнулмилалӣ, ҳар шахсе, ки рӯзона камтар аз 3 доллар пул кор мекунад, фақир маҳсуб мешавад ва созмонҳо мегӯянд, дар ҳоле ки маоши миёна дар Тоҷикистон 33 долларро ташкил медиҳад, бовар надоранд, дар ин кишвар мизони фақр ба ин ҳадд, ки давлат мегӯяд, коҳиш ёфта бошад.
Аммо бо вуҷуди ҳаҷми ками маош чунин ба назар мерасад, ки давлат имкони пардохти пурраи онро барои кормандони муассисаҳои буҷавӣ надоштааст. Миёнаҳои соли 2007 Вазорати кору таъмини иҷтимоӣ аз мақомоти давлатӣ тақозо кард, то 25 000 000 қарзи маоши кормандонро пардохт кунанд.
Хусусигардонии корхонаҳои азим сар шуд, аммо гумон аст, анҷом шавад…
Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон имсол тасмим гирифт, 5 корхонаи бузурги давлатӣ, бо шумули «Тоҷиктелеком», «Тоҷиксемент», «Тоҷик-эйр», «Телерадиоком» ва «Тоҷиккимиёсаноат»-ро хусусӣ гардонад, аммо ин нақша низ рӯи коғаз ва иҷронашуда боқӣ монд. Танҳо корхонаи «Тоҷиккимиёсаноат» дар тобистони соли 2007 ба музоядаи байнулмилалӣ гузошта шуд, аммо ҳукумат натиҷаи тендери фурӯши ин корхонаро, ки ба фоидаи ширкати бритониёии «Энҷик чемикал» поён ёфт, эътироф накард. «Энҷик чемикал» танҳо ширкате буд, ки дар ин музоядаи байнулмилалӣ иштирок дошт ва ваъда дода буд, корхонаи тақрибан фалаҷгаштаи кимиёии Ёвонро дар ду соли оянда эҳё мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки аз соли 2007 дар ин кишвар раванди хусусигардонии корхонаҳои бузурги давлатӣ шурӯъ шудааст ва то соли 2010 инчунин ширкатҳои «Барқи тоҷик», «Тоҷикгаз», «ТАЛКО», «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Нафтрасон» низ хусусӣ хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳеҷ як аз корхонаҳои номбаршуда дар соли 2007 фурӯхта нашуд.
Пахта нашуд, нерӯгоҳ ҳам. Умед - ба нафту тилои Тоҷикистон…
Дар соли равон Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳое, ки тило тавлид мекунанд, дар зинаи 91-ум қарор гирифт.
Харидории 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи тилои «Зарафшон» аз сӯи ширкати чиноии «Zijin Mining» шояд аз намоёнтарин тағйирот дар саноати Тоҷикистон бошад. Дар моҳи июли соли 2007 ин ширкати чиноӣ ба маблағи 55 000 000 доллар аз як ширкати бритониёӣ бахши аъзами саҳмияҳои корхонаи «Зарафшон»-ро харид, ки захоири маъдани он наздики 160 тонна арзёбӣ мешавад. Ширкати «Zijin Mining Group Co Ltd.» тасмим гирифтааст, ки дар 3 соли оянда ба коркарди захоири тило дар Тоҷикистон беш аз $100 000 000 сармоягузорӣ кунад.
Ҳамзамон ширкати байнулмилалии нафту гози «Тетис петролиум LTD» низ имсол эълом кард, ки ба корҳои ҳафру истихроҷи нафту гоз дар ҷануби Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Ширкати мазкур барои пайдо ва истихроҷи ин маводи сӯхт имсол бо ҳукумати Тоҷикистон қарордоде ба имзо расонид. Санади мазкур ҳамкорӣ барои 7 соли ояндаро пешбинӣ мекунад. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 110 миллион тонна нафт ва 863 миллиард метри мукааб газ захира вуҷуд доштааст. Гуфта мешавад, беш аз 80 дарсади захираҳои нафту газ дар ҷанубу шарқи кишвар маҳфуз будааст.
Ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон хатар дорад?
Дар сиёсати иқтисодии Тоҷикистон дар соле, ки сипарӣ мешавад, ҷалби сармояи хориҷӣ аз умдатарин масоил будааст. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ки соли имсол 52 лоиҳаи сармоягузориро бо маблағи беш аз 1 360 000 000 доллари амрикоӣ рӯи даст дошт. Аммо Тоҷикистон барои кишварҳое чун Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Бритониё ва созмонҳое ба мисли Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии Рушд ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисоди худ авлавият медодааст.
Дар ҳамин ҳол Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши худ оид ба хароҷоти давлатии Тоҷикистон дар моҳи сентябр гуфт, мизони қарзи хориҷии ин кишвар аз меъёри лозима бештар гардида, ин боиси нигаронии сармоягузорони аслии иқтисоди Тоҷикистон шудааст. Дар воқеъ, имсол мизони қарзи берунии Тоҷикистон аз марзи 1 миллиард доллар гузашт. Вазорати молия дар шарҳи афзоиши мизони қарзи хориҷӣ гуфт, ҳаҷми қарзи берунии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ ба андозаи 236 миллион доллари амрикоӣ афзун шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои бозгардонии қарзи хориҷияш дар соли 2007 танҳо 45 миллион доллар ихтисос додаст.
Ба ин манзур Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон мизони вуруди қарзи хориҷии худро бояд марҳила ба марҳила коҳиш бидиҳад, зеро ин қарзи ҳангуфт метавонад иҷрои тарҳҳо, хусусан дар соҳаи энержӣ, роҳсозӣ ва саноати сабукро, печидатар кунад. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчунин бояд дар ивази ин ба ҷалби сармояи мустақим талош варзад, на мисли имрӯз қарзи калон дарёфт намояд.
Мавонеъи ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар заъфи кори бонкҳост?
Келари Вилям, як намояндаи Иттиҳодияи Аврупо, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, меъёри баланди фоизии қарзи бонкҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар монеъаи асосӣ гаштааст. Гуфта мешавад, дар айни замон фоизи қарздиҳӣ дар бонкҳои Тоҷикистон бо пули миллӣ солона 36 дарсад ва бо асъори хориҷӣ 30 фоиз муқаррар гардидааст.
Дар ҳамин ҳол сар аз моҳи ноябри соли 2007 барои нахустин бор дар Тоҷикистон бонки тиҷоратии «Агроинвестбонк» хизматрасонии бонкиро бар пояи қавонини шариъати Ислом ба роҳ монд. Бонки мазкур аз ин ба баъд ба мизоҷони худ аз рӯи қонунҳои шариъат қарз хоҳад дод, яъне бидуни гирифтани суд аз маблағи қарзӣ. Масъулини «Агроинвестбонк» мегӯянд, ҳадаф аз роҳандозии тартиби исломии кори бонкӣ ҷалби сармоягузориии кишварҳои исломӣ ба иқтисоди кишвар аст.Коршиносон ҳамчунин мегӯянд, тарзи нави қарздиҳӣ барои роҳандозии корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар метавонист мусоидат кунад, аммо кам будани маблағи тахсисёфта, яъне 1 500 000 доллар, ин имкониятро заъиф мекунад.
Орду гандум, равғану бензин… ва оҷизии ҳукумат дар роҳи осон кардани мушкили мардум
Вале ҳеҷ навгонии иқтисодии соли 2007 ба зиндагии мардуми Тоҷикистон шояд ба ин ҳад таъсир нарасонд, мисле ки дар нимаи дуввуми сол қимати орду гандум ва нафту газу бензин чанд маротиб боло рафт. Дар ин миён нархи халтаи 50-килоии орд аз 60 сомонӣ то 135 сомонӣ расид, дуконҳои ордфурӯшӣ баста шуданд. Ҳатто кумисиюни ҳукуматӣ, ки махсус ҷиҳати танзими нархи орду гандум таъсис ёфт, натавонист то поёни сол нархро ба андозаи қаблияш коҳиш диҳад. Таҳдиди ҷарима бастану мусодираи мол кардани тоҷирони орду равған низ боиси ба сурати назаррас поин рафтани нархҳо нашуд. Имрӯзҳо ҳам қимати як халтаи 50-килоии орд аз 110 сомонӣ поён нарафтааст.
Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ ду моҳи пеш таъкид кард, ки мардум аз гароншавии рӯзафзуни қимати маводди ниёзи аввалия набояд ба ташвиш оянд, зеро ҷиҳати пешгирии болоравии босуръати қимати орду равғану анвоъи дигари ғизо, ҳукумати кишвар бо давлатҳои хориҷӣ шартнома бастааст ва дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон 800 000 тонна орд ворид хоҳад шуд.
Аммо ин ҳанӯз ваъдаи иҷронашуда аст.Мақомот ҳатто чунин андешаро баён карданд, ки афзоиши ҳаҷми маблағи интиқолмедодаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон боиси болоравии нархҳо шудааст. Тибқи иттилоъи расмӣ, дар даҳ моҳи соли 2007 муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон беш аз 1 200 000 000 доллари амрикоӣ маблағ таҳвил додаанд.
Гуфтанист, дар рӯзҳои болоравии баҳои орду гандум раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Душанбе боздиди расмӣ анҷом медод ва гуфт, кишвараш Тоҷикистонро бо 150 тонна орд таъмин хоҳад кард. Аммо орди ваъдашуда ба Тоҷикистон ҳамоно нарасидааст.
Нурсултон Назарбоев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ҳамчунин тавофуқ карда буданд, то як бунёди сармоягузории муштарак бо сармояи аслии 100 миллион доллари амрикоӣ таъсис бидиҳанд, ки 80 дарсади сармояи он аз ҷониби Қазоқистон хоҳад буд.
Дар нишасти моҳи октябрии Ҷомиъаи ҳамкориҳои иқтисодии Авросиё дар Душанбе, Русия, Беларус ва Қазоқистон Иттиҳоди гумрукӣ таъсис доданд ва дар ин иртибот Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, дар солҳои оянда уме даст Тоҷикистон низ ба ин иттиҳодия бипайвандад. Дар асноди расмии ин созмон гуфта мешавад, ки кишварҳои дигари узв танҳо баъди 3 соли таъсиси ин иттиҳодия метавонанд ба узвияти он пазируфта шаванд.
Соли 2007 ҳамчунин нархи равғани рустанӣ низ дар Тоҷикистон беш 100 дарсад афзуд, ки таъсири манфии онро намояндагони қишри камбизоати ҷомиъа амиқтар эҳсос намуданд. Қимати равған дар Душанбе ба 8-9 сомонӣ расид. Равғанфурӯшон сабаби афзудани нархи равғани рустаниро дар баланд шудани қимати он дар Узбакистони ҳамсоя маънидод карданд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, сабаби болоравии қимати равған дар он аст, ки дар корхонаи равғани Душанбе истеҳсоли равған кам шудааст, чун мақомоти қудратии Тоҷикистон пеши роҳи истеҳсоли ғайрисаноатии равғани рустаниро гирифтанд. Ҳоли ҳозир як литри равғани рустанӣ дар бозорҳои Тоҷикистон аз 6,5 то 8 сомонӣ арзиш дорад.

Чаро обрӯи доллар дар Тоҷикистон паст шуд?
Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2007 шоҳиди болоравии бесобиқаи арзиши бензин шуд. Агар дар моҳи октябр як литр бензин камтар аз 2,5 сомонӣ нарх дошт, пас моҳи ноябр қимати он то 4,5 сомонӣ расид. Омили аслии афзоиши нархи бензинро гароншавии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ медонанд. Коршиносон мегӯянд, ҳамчунин, ин ки минбаъд тоҷирони тоҷик бояд андози воридотиро бо евро, воҳиди пули Аврупо, бипардозанд, ба болоравии нархи бензин таъсир гузоштааст.
Дар воқеъ, дар моҳҳои ахири сол қурби Евро ва доллари амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ аз се то 7 нукта боло рафт. Вале азбаски қурби доллари амрикоӣ дар ҷаҳон то дараҷаи буҳронӣ поин рафт, эътимоди мардум ва ширкатҳои Тоҷикистон низ ба асъори Иёлати Муттаҳида то андозае коҳиш ёфт. Иддае аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ва корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик-эйр» сар аз моҳи ноябр дар муомилоти худ аз евро истифода кард. Ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ гуфт, ҳисобу китоби худро бо франки швейсорӣ, ки гуфта мешавад, қавитар аз доллари амрикоист, роҳандозӣ кардааст.
Таъсири Узбакистон дар иқтисоди Тоҷикистон
Дар соли 2007 низ баҳсҳо сари таҳияи Консепсияи истифода аз захираҳои обии Осиёи марказӣ анҷом наёфтанд. Дабири кулли Ҷомеъаи ҳамкориҳои Авросиё Тоҳир Мансуров гуфт, ки соли 2008 соли ҳалли масъалаи истифода аз захираҳои обӣ хоҳад буд. Кишварҳои узви ин созмон ба тавофуқ расиданд, ки ин Консепсия аз сӯи коршиносони бетарафи байнулмилалӣ таҳия шавад. Консепсияи истифодаи оқилона аз захоири оби минтақа қарор буд дар нишасти сарони Авросиё дар аввали моҳи октябр дар шаҳри Душанбе ба имзо бирасад. Аммо ба далели мухолифати ҷониби Узбакистон бар ин санад имзо нашуд.
Дар ҳамин ҳол Бонки осиёии Рушд низ таъкид кард, ки мушкил дар муносиботи сиёсии Тоҷикистону Узбакистон дар амри татбиқи тарҳҳои энержии ин ниҳоди байнулмилалии молӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Макото Оҷиро, намояндаи махсуси Бонки осиёии Рушд дар Тоҷикистон, гуфт, барои иҷрои ин тарҳҳо тавофуқи кишварҳои ҳамсуд хеле муҳим аст. Ба қавли ӯ, ҳукумати Тоҷикистон ба манзури мушкили камбуди барқ дар кишвар, аз Бонки осиёии Рушд дархост намудааст, то чанд лоиҳаи нави энержиро маблағгузорӣ бикунад. Дар ҳоли ҳозир бонки мазкур пружаҳои пешниҳодии Тоҷикистонро баррасӣ дорад ва дар соли 2008 тасмим хоҳад гирифт, ки бо чӣ роҳ дар ҳалли мушкили барқи Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Мушкил дар муносиботи сиёсиву дипломатии Тоҷикистону Узбакистон барои иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2007 низ зиён расонидааст. Тирамоҳӣ идораи гумруки Панҷакент аз эҷоди мавонеъ дар воридоти таҷҳизоти фаннии корхонаи тиллои «Зарафшон» аз сӯйи гумруки Узбакистон изҳори нигаронӣ карда буд. Кормандони гумруки Панҷакент гуфтанд, ки ҳамтоёни узбакашон тирамоҳи имсол маводди муҳимму фанновариеро, ки барои корхонаи коркарди тиллои «Зарафшон» оварда шудаанд, ба ворид кардан ба қаламрави Тоҷикистон роҳ надодаанд. Ин корхона, ки беш аз ду моҳ аз фаъолият бозмонд, зиёда аз 4 миллион доллар зиёни молӣ дид ва мутахассисони пешбари он коргоҳашонро тарк гуфтанд.
Тасмимҳои баҳсбарангези мақомот, ки эҳтимол бозори заминро ба вуҷуд орад
Дар соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон тақрибан ягон корхонаи пурқудрати саноӣ бунёд накард ва танҳо бо тасвиби чанд қонуни соҳавӣ иктифо намуд.
Тасвиби қонуни ипотека ва ислоҳот ба Кодекси замини Тоҷикистон дар моҳи декабр аз сӯйи парлумон, заминаи ҳуқуқии харидуфурӯши замин дар кишварро фароҳам кард. Ин ҳам дар ҳоле ки замин бар асоси қонуни асосии Тоҷикистон, «моликияти истисноии давлат эътироф шуда, ҳар навъи муомила бо он ғайримумкин аст». Иддае аз вакилони намояндаи аҳзоби коммунистӣ ва наҳзати исломӣ аз ин қонунҳо интиқод карда ва гуфтанд, ки пешниҳоди ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи замин дар кишвар як амали нодуруст аст ва фурӯши замин ё ба гарав гузоштани он ҳатто барои давлат низ иҷоза дода нашудааст. Ба қавли таҳлилгарон, қонунҳои нав амалан кишоварз ва воҳидҳои кишоварзиро ба муздур ва коргари кирояи бонкҳо ва бонкдорон табдил медиҳанд, зеро дар ҳоли ҳозир кишоварзони тоҷик, ки беш аз ним миллиард доллар қарздоранд, имкони молии хариди санади ҳуқуқи истифодаи заминро надоранд.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси як тасмими давлати Тоҷикистон, шурӯъ аз 15-уми декабр сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ дар кишвар танҳо тавассути бонкҳои дохилӣ сурат мегирад ва кишоварзон минбаъд метавонанд мустақим санади ҳаққи истифодаи заминро барои дарёфти қарз дар бонкҳо ба гарав гузоранд. Аммо дар ҳолати бозпас нагардонидани қарз, санади ба гаравгузоштаи кишоварзон моли бонкҳо хоҳад шуд ва дигар бонкҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки онро ба кӣ фурӯшанд.
Оҳ, «Сангтӯда-1», орзуи сабзношудаи мо…
Ва ниҳоятан охирин интизорӣ ва умеди мардуми Тоҷикистон барои раҳоӣ аз мушкили бебарқӣ дар поёни соли 2007 низ бароварда нашуд. Мақомоти расмии Тоҷикистон дар охири моҳи декабр гуфтанд, ки бар хилофи ваъдаи пешин, нахустин дастгоҳи тавлиди барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар таърихи аз қабл таъиншуда, яъне 21-уми декабр мавриди баҳрабардорӣ қарор нахоҳад гирифт. «Барқи Тоҷик» таърихи дигареро барои оғози кори «Сангтӯда-1» таъин кардааст. Иллати ба таъхир андохтани оғози кори ин нерӯгоҳ эълон нашуда, аммо масъулин гуфтаанд, ки имкон дорад, он рӯзи 31-уми декабр ва ё авоили соли 2008 ба фаъолият шурӯъ кунад. Ин нерӯгоҳро ширкати РАО ЕЭС–и Русия бунёд мекунад ва соҳиби 75 дарсади саҳмияи он аст.
Тарҳу нақшаҳои нави ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2008
Соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон санади марбут ба дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро барои солҳои 2008 – 2010 ба тасвиб расонд, ки ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар соли оянда наздики 15 миллиард сомонӣ ва дар солҳои 2009 ва 2010-ум мутаносибан ба андозаи 17,5 миллиард ва 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар ин се сол 7 фоиз ва мизони таваррум аз 7 то 8 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ҳамзамон рушди соҳаҳои ҳидроэнержӣ, саноеъи сабук ва хӯрокворӣ, бунёди корхонаҳои коркарди пахтаву мева ва сабзиҷот, аз масоили авлавиятдори барномаи мазкур унвон мешавад.
Нахустин бор дар таърихи Тоҷикистони навин буҷаи давлатии соли 2008-уми ин кишвар ба наздики 4,5 миллиард сомонӣ, муодили 1 300 000 000 доллари амрикоӣ баробар шуд. Буҷаи давлатии соли 2008-ум беш аз 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, назар ба буҷаи соли 2007-ум 1 миллиарду 280 миллион сомонӣ ё худ 63 дарсад афзун будааст. Қарор аст 1 миллиарду 600 миллион сомонии буҷаи соли 2008 ба соҳоти иҷтимоӣ равона гардад.
Аммо таҳлилгарон ҳанӯз ҳам маблағи ироашудаи буҷаи соли 2008-и Тоҷикистон ба бахшҳои иҷтимоии кишварро нокифоя мехонанд. Давр ҳамин ҳол иқтисодшиносон мегӯянд, шеваи истифода ва назорат бар усули истифодаи ин маблағҳо чандон дуруст нест.
… Ва баҳои созмонҳои байнулмилалӣ ба иқтисоди соли 2007-уми Тоҷикистон

Бо ин ҳама заъфу пешравиҳои иқтисодӣ, Тоҷикистон аз сӯйи созмону пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ баҳои начандон баланд мегирад. дар охири соли 2007 Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро, бо назардошти шароити номувофиқи тиҷорӣ, ниҳодҳои заъифи идорӣ ва додгоҳҳои номустақили он, аз назари рақобатпазирии иқтисоди ин кишвар, дар миёни 121 давлат танҳо дар зинаи 117-ум қарор додааст.
Дар гузориши ин созмон гуфта мешавад, ки вуҷуди фасодкорӣ ва ё коррупсия, мушкили дастрасӣ ба сармоя, молиёти зиёд, муқаррароти андозсупорӣ ва омилҳои дигар иқтисоди Тоҷикистонро рақобатнопазир мекунад.
Дар ҳамин ҳол Бонки аврупоии Бозсозӣ ва рушд дар гузориши солонаи худ доир ба вазъи иқтисодии кишварҳои дар ҳоли гузариш, такмили хусусигардонии корхонаҳои хурди давлатӣ ва идомаи ислоҳоти ҳуқуқ ба замин ва муассисаҳои кишоварзии Тоҷикистонро аз пешрафтҳо дар ислоҳоти сохторӣ дар ин кишвар унвон кардааст.
Аммо, тибқи ин гузориш, шароити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон бад ва номусоид боқӣ мемонад ва баёнгари ин пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ доир ба шароити соҳибкорӣ будааст, ки Тоҷикистонро аз ин назар дар миёни 178 кишвари ҷаҳон дар зинаи 153 қарор додааст. Дар робита ба қарзи хориҷӣ, Бонки аврупоии Бозсозӣ ва рушд гуфтааст, ҳарчанд солҳои 2003 – 2006 ҳукумати Тоҷикистон қарзи берунаашро кам кард, вале то соли 2009 ҷалби қарзҳои зиёд рушди муназзами иқтисодии ин кишварро ба мушкилот дучор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG