Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф. Амонатов – дар ҷои чаҳорум


Фаррух Амонатов, шоҳмотбози маъруфи тоҷики муқими Русия
Фаррух Амонатов, шоҳмотбози маъруфи тоҷики муқими Русия

Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов пас аз ҳашт даври марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Русия байни мардон бо касби 4 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор гирифтааст.

Давраи ниҳоии ин мусобиқот бо ширкати 12 нафар беҳтарин шатранҷбоз дар шаҳри Маскав ҷараён дорад. Бузургустоди тоҷик дар се даври охир аз Дмитрий Яковенко, аз шаҳри Маскав шикаст хӯрда, ду бозиро бо Эрнесто Инаркиеви маскавӣ ва Никита Витюгов, аз шаҳри Санкт-Петербург мусовӣ анҷом дод.

Бад-ин тартиб баъди даври ҳаштум Александр Морозевич, аз Маскав бо 6,5 имтиёз пешсафи ягона аст. Евгений Томашевский, аз шаҳри Саратов бо 5 имтиёз дуввум мебошад. Александр Гришук, аз Маскав бо 4,5 имтиёз севум аст. Фаррух Амонатов, Никита Витюгов, Алексей Дреев ва Дмитрий Яковенко 4- имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи Русия байни мардон рӯзи якшанбеи 30-вуми декабр хотима меёбад.

XS
SM
MD
LG