Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни хушунатҳо дар Кениё


Дар хушунатҳои чанд рӯзи ахир дар Кениё ҳаддиақал 250 кушта ва ҳазорҳо нафар гуреза шудаанд. Беш аз 30 нафар дар як калисо зинда ба коми оташ дода шуданд.

Амрико, Бритониё ва Иттиҳоди Африқо даъват карданд, то ба хушунатҳо дар Кениё хотима дода шавад. Дар ин даъват омадааст, ки раисҷумҳури Кениё Мваи Кибаки ва раҳбари мухолифин Раила Одинга бояд талошҳое барои сулҳ дар кишварашон рӯи даст бигиранд.

Дар мавриди натоиҷи интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвари африқоӣ, вузарои умури берунаи Амрико ва Бритониё гуфтаанд, ки иттилооте дар маврииди қонуншиканиҳои ҷиддӣ мавҷуд аст.

Натиҷаҳои интихобот хушунатҳо ба бор овард ва натиҷаҳои хушунатҳо ҳадди ақал 250 кушта, садҳо захмӣ ва ҳазорҳо гуреза бар ҷой гузошт.

Яке аз мудҳиштарин ҳаводиси чанд рӯзи ахир дар Кениё – ин зинда ба коми оташ додани ҳадди ақал 30 нафар дар дохили калисо дар шаҳре бо номи Элдорадо мебошад. Гузоришҳо ҳокистанд, ки аксари кулли ин зиндасӯхтаҳо кӯдакон будаанд.

Ин калисо гурезгоҳи чандсад нафар аз қабилаи кикую – қабилае, ки раисҷумҳури феълӣ низ парвардаи он аст, будаанд. Раҳбари мухолифин аз қабилаи дигаре бо номи луо мебошад. Ҳукумат мухолифинро дар кушторҳои мабнӣ бар адовати қавмӣ муттаҳам кардааст.

Кениё – яке аз кишварҳои собиттарини африқоӣ дониста мешуд, ки пас аз касби истиқлолаш дар соли 1963 то ҳол дучори ҳеҷ кадом мушкили ҷиддии шаҳрвандӣ нагардида буд.

Ва аммо тафриқаи қабилавӣ яке аз сангинтарин мушкилоти душворҳалли Кениё маҳсуб мегардад. Дар ин кишвари африқоӣ 36 миллион аҳолӣ ба сар мебарад, ки иборат аз бештар аз 40 қабила будаанд.

XS
SM
MD
LG