Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон рӯзи интихоботи порлумониро эълон кард


Кумисарёи марказии интихоботии Покистон эълон кард, ки интихоботи порлумонии ин кишвар як моҳу даҳ рӯзи дигар ба таъхир хоҳад афтод.

Қозӣ Муҳаммад Форуқ, раиси Кумисарёи марказии интихоботии Покистон дар нишасти хабарие дар Исломобод рӯзи интихоботро эълон карда, гуфт, ҳоло райдиҳӣ 18-уми феврали соли 2008 баргузор хоҳад шуд, на 8-уми январ.


Қозӣ Муҳаммад Форуқ афзуд, вай ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишварашро мутмаъин месозад, ки интихобот озоду одилона ва шаффоф баргузор хоҳад шуд. Вай аз ҳизбҳои сиёсӣ хост бо назардошти манофеъи муҳими миллӣ ин тасмимро бипазиранд ва дар интихобот фаъолона ширкат ҷуянд. Ҳизби Беназир Бҳутто ва ҳизби Навоз Шариф таъхир дар баргузории интихоботро интиқод карданд. Онҳо гуфтанд, ки ба интихоботи озоду одилона бовар надоранд, бо вуҷуди ин дар интихобот ширкат мекунанд.

То ин вақт ин ду ҳизби аслии мухолифи давлат исрор меварзиданд, ки интихобот бояд дар рузи пешбинишуда, яъне 8-уми январ, баргузор шавад. Як рӯзи пеш Осиф Алӣ Зардорӣ-шавҳари Беназир, ки акнун баъд аз қатли Беназир вай бо писари 19-солааш Билавал ҳамраиси Ҳизби мардумии Покистон мебошанд, изҳор дошт, ки Навоз Шариф, раҳбари ҳизби дигари мухолиф низ аз ҳамин ақида ҷонибдорӣ мекунад. Вай гуфт, «Навоз Шариф дар масъалаи ба таъхир наандохтани интихобот бо мо ҳамақида аст».

Ҳизбҳои мухолиф мегуянд, Парвиз Мушарраф бо таъхир дар баргузории интихобот мехоҳад фурсатро ба суди худ истифода кунад. Қаблан Амрико ва кишварҳои дигари Ғарбӣ низ аз Мушарраф хостанд, ки интихобот ба таъхир наафтад ва 8-уми январ баргузор шавад. Ҳоло бо эълони рузи нави интихобот чунин ба назар мерасад, ки вазъ дар Покистон чандон содда нест ва ҳамчунон печида боқӣ мемонад.

Куштори фаҷиъонаи Беназир мавҷи хушунатҳоро дар Покистон барангехт ва боъиси куштори даҳҳо нафар шуд. Ба кишвар даҳҳо милён доллар хисорот ба бор омад. Дар ҷараёни нооромиҳо тазоҳуркунандагон марказҳои интихоботӣ дар маҳалҳоро хароб карданд. Чунин вазъ Парвиз Мушаррафро водор кард, ки қишрҳои ба шур омадаи аҳолиро ба оромӣ даъват кунад ва тасмими Кумисарёи марказии интихоботии Покистон низ соъоте пеш аз суханронии Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури ин кишвар эълон шуд.

Дар ин паёми телвизюнӣ оқои Мушарраф мардуми кишварашро баъд аз куштори Беназир Бҳутто ба ваҳдату оромӣ даъват кард. Рузи чаҳоршанбе вазорати хориҷаи Покистон баъд аз мулоқот бо Бернард Кучнер-вазири хориҷаи Фаронса эълон кард, ки ҳукумат ҳамаи дарҳоро барои расидагии байналмиллалӣ ба куштори Беназир Бҳутто боз мегузорад ва кумаки онҳоро дар ин замина мепазирад. Оқои Кучнер ба Парвиз Мушарраф пешниҳод кард, ки Фаронса ва 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо омодаанд дар ин кор ба Покистон кумак кунанд. Қаблан Амрико ва Бритонё барои кумак изҳори омодагӣ карданд.

Бо васфи ҳамаи ин, таҳлилгарон интихоботи сартосарии Покистонро қадаме барои гузор аз идораи низомии Покистон ба низоми шаҳрвандии идорӣ арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG