Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Анвар Юнусов


Анвар Юнусов, муштзани тоҷик
Анвар Юнусов, муштзани тоҷик

Анвар Юнусов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми Гагик Сарукян” дар риштаи бокс дар шаҳри Еревани Арманистон медали биринҷӣ ба даст овард.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 56 килограмм дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Зари Николаси гурҷистонӣ (14:7) ва Мади Шулакови қазоқистонӣ (22:15) аз рӯи холҳо ғолиб шуд.

Вале Анвар Юнусов дар даври ниманиҳоӣ аз Грант Еганяни арманӣ бо ҳисоби 15:19 мағлуб гашт ва мақоми севумро касб кард.

Ба иттилои Мирзо Шамсиев, мураббии дастаи бокси Тоҷикистон, дар ин мусобиқа 112 варзишгар аз 16 кишвар ширкат дошт.

Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Санкт-Петербург рақибаш Сергей Сергееви русиягиро шикаст дод.

Баъди зарбаҳои пайвастаи муштзани тоҷик рақибаш ба замин уфтод ва танҳо пас аз гонг аз ҷо бархост. Дар раунди севум муштзани рус аз идомаи қувваозмоӣ даст кашид. Ҳамин тариқ, муштзани тоҷик бо нокаути фаннӣ ғолиб дониста шуд.

Шералӣ Маҳмадалиеви 29-сола дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ҳамагӣ 14 қувваозмоӣ карда, дар 13-тоаш пирӯзӣ ба даст овардааст. Вай, минҷумла, дар 7 қувваозмоӣ бо нокаут дастболо шудааст.

Таърих ва макони баргузории қувваозмоии муштзанҳои маъруфи ҷаҳон Владимир Кличко ва Дэвид Хэй муайян шуд.

Муштзани 34-солаи укроин бо рақиби 30-солаи бритониёии худ 2-юми июл дар шаҳри Ҳамбурги Олмон, дар варзишгоҳе, ки 50 ҳазор ҷойгоҳ дорад, рақобат хоҳад кард.

Мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ оид ба кӯҳнавардӣ, ки ба ҷашни 20-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида мешавад, аз 15-уми июл то 1-уми августи соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Ин тасмим дар ҷаласаи Шӯрои варзиши кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон барпо гашт, гирифта шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии гуштии самбои Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон, ки бо ширкати 125 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар дар ноҳияи Ёвон баргузор шуд, поён ёфт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ чаҳор паҳлавони вилояти Хатлон - Сафарбеки Ҳукумалӣ, Шӯҳрати Ҳамро, Юсуфҷон Зоиров ва Искандар Ашӯров, се гуштигири вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Хушқадам Хисравов, Мубориз Муҳаббатов ва Санавбар Шанбиев, ду варзишгари душанбегӣ - Шоҳрух Сабзалиев ва Қандинҷони Рустамзода, як намояндаи вилояти Суғд - Комроншоҳи Устопириён ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG