Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон


Рӯзи 25-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардону занон оғоз ёфт.

Саодат Одинаева, довари ин мусобиқа, дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки "дар ин мусобиқа беҳтарин шатранҷбозон аз манотиқи кишвар ширкат доранд. Миёни онҳо шатранҷбозони маъруф, монанди Соҳиб Ҷӯраев, Ҷамшед Исоев, Сӯҳроб Ҳамдамов, Рашид Ҳусейнов, Марворид Насриддинзода, Лидия ва Надежда Антоноваҳо, Мутрибаи Илҳом, Сарвиноз Каримова ва дигарон ҳастанд. Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ то рӯзи 5-уми май идома хоҳад кард."

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, баъд аз сафари Кирсан Илюмжинов, раиси ФИДЕ - Федератсияи байналмилалии шоҳмот, дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон, таваҷҷӯҳи мақомоти кишвар ба шоҳмот афзудааст.



Ҷаноби Мирзоев гуфт: "Кирсан Илюмжинов дар мулоқоташ бо масъулини соҳа ва роҳбарони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон якчанд пешниҳод кард: дар бораи ҷорӣ намудани дарси шоҳмот дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, сохтмони Қасри шоҳмот ва таъсиси Академияи шоҳмот дар Тоҷикистон, баргузории мусобиқоти байналмилалӣ дар кишвар. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи шоҳмоти кишвар ин пешниҳодҳои ӯро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа карданд."

Ба қавли Алимаҳмад Мирзоев, Кирсан Илюмжинов, раиси ФИДЕ моҳи май ба Тоҷикистон меояд, ки дар пайи он созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии шоҳмот ба имзо мерасад.
XS
SM
MD
LG