Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин рӯзи ҳузури низомиёни Амрико дар Ироқ


Шаби 31-уми август амалиёти ҷангии нерӯҳои ИМА дар қаламрави Ироқ ба анҷом мерасад ва дар ин кишвар фақат 50 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ ба хотири тамрини сарбозони артиши Ироқ ва таъқиби гурӯҳҳои даҳташаҳкан боқӣ хоҳанд монд.

Дар давоми ҳафтуним соли ҷанг дар Ироқ режими Саддом Ҳусайн барканор шуд, вале мушкили садҳо ҳазор ироқии маҳрум аз дару хона ҳалли худро пайдо накардааст.

Last U.S. Combat Troops Leave Iraq
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00


Мушкили ихтилофҳои мазҳабӣ


Карим Ҳасан Аббуд, сокини Бағдод, бо ҳамсар, ду духтари бевамонда ва се наберааш дар ду ҳуҷраи танги яке аз урдугоҳҳои шимолу ғарби ин шаҳр ба сар мебарад. То чор соли пеш Аббуди 59-сола дар минтақаи Чукук ба моҳидорӣ машғул буд, вале ихтилофҳои мазҳабии Ироқ ӯро ба тарки макони доимии зисту шуғл водор намуд.


Аслан ихтилоф миёни мусулмонони шиамазҳаб, ки аксари аҳолии Ироқро ташкил мекунанд ва ақаллияти суннитабори ин кишвар, ки дар даврони ҳукмронии президент Саддом Ҳусайн нуфузи бузург доштанд, баъди оғози амалиёти низомии эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар соли 2003-ум тавсеа ёфт.

Дар ҳоле ки ИМА расман хатми амалиёти ҷангӣ дар Ироқро эълон кардааст, садҳо ҳазор ироқии фирорӣ ба монанди Аббуд дар ҳоли ногувор зиндагӣ доранд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Аббуд бо таассуф иброз дошт, ки ба фикри ӯ, раҳбарони кишвар аз ҳоли онҳо фаромӯш кардаанд. Аббуд ёдовар шуд, ки аз замони интихоботи парлумонии ин кишвар шаш моҳ гузаштааст, вале то ҳанӯз ҳизбҳои пирӯз ба ташкили ҳукумати нав муваффақ нашудаанд:

"Агар шароит тағйир наёбад ва ҳукумати нав ташкил нашавад, рӯз ба рӯз аҳвол бадтар мешавад. Мо мунтазири давлатмарди хуб ҳастем, ки омада ғами мардуми мазлумро хӯрад. Мо мазлум ҳастем. Сиёсатмадорон барои курсӣ мубориза бурда, фаромӯш кардаанд, ки мо чӣ мехӯрем, чӣ менӯшем ва кай хоб мекунем."

Якуним миллион бесарпаноҳ

Комиcсариати Олии СММ дар умури паноҳандагон иттилоъ медиҳад, ки беш аз якуним миллион сокини Ироқ дар дохили ин кишвар саргардон буда, бо сабабҳои мухталиф ба макони зисти доимиашон баргашта наметавонанд. Ҳамин ниҳод меафзояд, ки тахминан 500 ҳазор ироқӣ дар урдугоҳҳои дохили кишвар ба сар мебаранд. Танҳо дар 120 урдугоҳи гирду атрофи шаҳри Бағдод беш аз 200 ҳазор нафар иқомат доранд.

Ҳамчунон СММ хотирнишон кардааст, ки солҳои ахир садҳо ҳазор ироқии дигар ба Урдуну Сурияи ҳамсоя фирор намудаанд.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, мардуми саргардон наметавонанд ба ҷойҳои зисташон баргарданд, зеро хонаҳояшон харобу валангор буда, барои тармиму таъмири он маблағ надоранд. Ба ғайр аз он дар манотиқи ҷангзада пайдо намудани манбаи даромад кори осон нест.

Ихтилофҳои мазҳабии Ироқ, ки дар солҳои 2006-2007-ум ба авҷи худ расида буданд, ҳоло коҳиш ёфтаанд, вале тақрибан ҳар рӯз аз ин ва ё он гӯшаи Ироқ хабари бомбгузориву кушторе ба гӯш мерасад.

Сарнавишти норавшани Ироқ

Шореҳон аз он нигаронанд, ки ошӯбгарон халои сиёсӣ ва беруншавии воҳидҳои ҷангии ИМА-ро ба нафъи худ истифода бурда, ихтилофҳои мазҳабиро аз нав оташ хоҳанд зад. Бар илова Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон изҳори нигаронӣ кардааст, ки кишварҳои кумакрасон ба Ироқ таваҷҷӯҳи зиёд нишон намедиҳанд.

Даниэл Андрес, намояндаи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, мегӯяд, соли 2010-ум аз 264 миллион доллари зарурӣ ин ниҳоди СММ ҳамагӣ нисфи онро дарёфт кардаасту халос:

"Хеле муҳим аст, ки кишварҳои дар ҳоли гузариш муддати муайяне аз кумакҳо баҳраманд бошанд, зеро дар он ҷо низоъ пурра хотима наёфтааст. Омор аз он шаҳодат медиҳад, ки бо гузашти ҳафт сол дар манотиқи зиёде раванди эҳёи баъдиҷангӣ заиф шуда, хатари сар задани низоъ афзоиш меёбад. Дар ҳолатҳои зиёд шумо метавонед, пай баред, ки сабаби ин нооромӣ коҳиши таваҷҷӯҳ ва ё коҳиши дастгирӣ дар солҳои баъдиҷангӣ мебошад."


Ироқ дорои севумин бузургтарин захираи нафт дар рӯи олам аст. Ин кишвар бо чандин ширкати нафтӣ созишҳои муфиде ба имзо расондааст, вале кашфу истихроҷи маводи сӯхт ва гирифтани даромад аз фурӯши он ба муддати муайяне ниёз дорад.

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон гузориш додааст, ки соли гузашта ин ниҳод барои паноҳандагони ироқӣ наздик ба даҳ ҳазор манзили зист сохта буд. Имсол СММ аз 6 то 7 ҳазор манзил бунёд карда метавонад ва ин ҳам дар ҳолест, ки якуниммиллион оилаи ироқӣ аз макони муносиби зист маҳрум мебошанд.
XS
SM
MD
LG