Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони НАТО 60-сола мешавад


Дар давоми 60 соли фаъолияти худ паймони НАТО аз як созмони коғазӣ ба созмони низомии дифоӣ мубаддал шуд.

Ҳадафи ин созмон таъмини амният дар баробари Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар ин муддат паймони НАТО нифоқҳои дохилиро бартараф кард ва тавонист баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва паймони Варшава ҳамчунон ҳастии худро идома диҳад. НАТО масъулиятҳои амниятии худро фаротар аз марзҳои кишварҳои узви паймон дар кишварҳои Балкан ва Афғонистон анҷом дод.

НАТО ба таври расмӣ 4-уми апрели соли 1949 тибқи Муоҳидаи Вошингтон ташкил шуд. Вале асолати НАТО каме ба солҳои пештар бармегардад, ба замоне, ки кишварҳои аврупоӣ мехостанд дар муқобили хатари тавсеаи коммунизм аз Амрико замонати амниятӣ бихоҳанд. Дар миёни харобаҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ Иттиҳоди Шӯравӣ дар саросари Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ нақшҳои худро мегузошт. Барои муқобила бо хатари Шӯравӯӣ панҷ кишвари аврупоӣ моҳи марти соли 1948 Муоҳидаи Брусселро имзо карданд. Роберт Волтер, раиси Маҷмаъи амниятӣ ва дифоии Аврупо дар Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ, мегӯяд, "аз имзои Муоҳидаи Бруссел 61 сол гузашт, муоҳидае, ки кишварҳои гурӯҳи Бенелукс, Фаронса ва Бритониёро ба ҳам овард ва танҳо як сол баъд ин муоҳида ба паймони НАТО табдил ёфт. Мо онро бо муоҳидаи соли 1949-и Вошингтон муттаҳид кардем. Дар Муоҳидаи Вошингтон танҳо Амрико ва Канада ворид мешуданд. Ва мо аз ҳамон вақт шурӯъ кардем, зеро Аврупо он вақт марҳалаи пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳониро паси сар мекард".

Яке аз ҳадафҳои Муоҳидаи Бруссел ташвиқ кардани Амрико буд, то ба паймони дифоии кишварҳои аврупоӣ бипайвандад. Кишварҳои аврупоӣ он вақт ба Муоҳидаи Вошингтон даромаданд ва бад-ин тартиб ин муоҳида аз кишварҳои зайл иборат буд: Амрико Канада, Дания, Исландия, Италия, Норвегия, Португалия. Моддаи аслие, ки тибқи он Амрико бар зидди таҷовузи Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ замонати амниятӣ медод, моддаи панҷуми Муоҳидаи Вошингтон буд. Он заминае буд, ки тибқи он дар сурати хатари таҷовуз ба ҳар яке аз онҳо ҳамаи кишварҳо паймони НАТО ба дифоъ аз он кишвар бармехестанд.

Баъд аз он ки дар моҳи июни соли 1950 Иттиҳоди Шӯравӣ аз таҷовузи Кореяи Шимолӣ ба Кореяи Ҷанубӣ дифоъ кард, раҳбарони НАТО тарсиданд, ки таҷовузи навбатӣ ба Олмони Ғарбӣ анҷом хоҳад гирифт. Дар ҳамин вақт онҳо НАТО-ро ба паймони низомӣ табдил доданд ва ба сохтори фармондеҳии он намояндагони кишварҳои узв ворид шуданд. Дар соли 1951 фармондеҳии НАТО генерали амрикоӣ Дуайт Эйзенҳауерро нахустин фармондеҳи худ дар Аврупо интихоб карданд. Соле баъд НАТО ба ҷануб тавсеа ёфт ва Туркияву Юнон ба узвияти он даромаданд. Соли 1955 дар Порис дар бораи узвияти Олмони Ғарбӣ мувофиқа ба даст омад ва бад-ин тариқ ваҳдати бештари Аврупо таъмин шуд.

Тобистони соли 1960 нигарониҳои миёни Шарқу Ғарб афзоиш ёфт ва девори Берлин ба вуҷуд омад. Ҳамзамон Амрико Фаронса ва Олмонро ташвиқ мекард, ки аз барномаҳои ҳастаии худ даст кашанд ва нерӯҳои ҳастаии Аврупо ташкил шавад. Вале назорати Амрико бар аслиҳаи ҳастаии Аврупо ба Шарл де Гол, раисиҷумҳури вақти Фаронса, писанд наомад. Соли 1966 Шарл де Гол Фаронсаро аз фармондеҳии НАТО баровард ва маҷбур сохт, ки ситоди НАТО ба Белгия кӯч бандад. Соли 1972 вақте, ки бахши аввали Созишномаи маҳдудияти аслиҳаи стратегӣ таҳия шуд, дубора дар НАТО нифоқҳои дохилӣ сар зад. Аврупоиҳо бим доштанд, ки Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин замина ба нафъи худашон ба тавофуқ мерасанд.

Дар ҳоле, ки кишварҳои Аврупои Ғарбӣ масорифи низомии худро коҳиш медоданд, Иттиҳоди Шӯравӣ ба насби мушакҳои ҳастии Эс- Эс-20-и худ шурӯъ кард, ки ба шаҳрҳои аврупоӣ нигаронида шуда буданд. Дар посух ба ин соли 1979 НАТО тасмим гирифт, ки мушакҳои худро дар Аврупо мустақар кунад ва ин кор соли 1983 оғоз шуд. Ба ин тартиб мусобиқаи таслиҳотӣ шиддат гирифт. Ду сол баъд, дар оғози "перестройка"-и Михаил Горбачёв музокироти назорат бар аслиҳа дубора шурӯъ шуд. Вошингтон ва Аврупо баъд аз шикастани девори Берлин ба оғози фурӯпошии низоми коммунистӣ бовар надоштанд. Шикасти ин девор соли 1991 бо шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ба поён расид.

Ҷамӣ Шӣ, сухангӯи собиқи НАТО, шикасти девори Берлинро рӯйдоди инқилобӣ арзёбӣ мекунад: "Шикасти девори Берлин дар он вақт ба поёни масъулияти НАТО ишора мекард. Чаро НАТО нигоҳ дошта шавад, дар ҳоле, ки дигар душмане вуҷуд надошта бошад? Вале воқеияти ҳол, яъне поёни ҷанги сард барои НАТО нақши наверо ба миён ниҳод, ислоҳот дар бахши дифоии худ, ислоҳот дар бахши амниятии худ ва кумак ба кишварҳои собиқи коммунистӣ, то онҳо битавонанд ба пои худ рост шаванд ва минтақаи сулҳу субот дар Аврупо густариш ёбад".

Поёни ҷанги сард хатароти дигаре ба суботи Аврупо дар пай дошт. Ин хатар муноқишаҳои нажодӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва дар минтақаи Балкан буд.

NATO 60th anniversary
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:32 0:00
XS
SM
MD
LG