Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пазироӣ аз Обама дар Арабистони Саудӣ


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз сафараш ба Ховари Миёнаро аз Арабистони Саудӣ оғоз кард.

Ҳадаф аз ин сафар беҳбуди робитаҳои Амрико бо олами ислом аст.

Дар расми истиқболи ӯ дар Риёд дар рӯи қолинҳои сурх подшоҳи Арабистони Саудӣ, Малик Абдуллоҳ -- Ходими ҳарамайни
Ончӣ ман мехоҳам, ин эҷоди муколамаи беҳтарест, то ҷаҳони ислом хубтар дарк кунад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб зери мафҳумҳои мушкили терроризм ё демократия чиро мефаҳманд. ...
шарифайн, яъне нигаҳбони Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, ду маркази муқаддаси ислом, Обамаро пазироӣ кард ва аз ҳарду рӯи ӯ бӯсид. Сипас ҳарду ба қасри шоҳ Абдуллоҳ дар берун аз Риёд сафар карданд. Дар ин ҷо гуфтушуниди ду раҳбар дар масъалаҳои марбут ба Ховари Миёна ва олами ислом ҷараён гирифт.

Чанд дақиқа пеш аз фуруд омадани ҳавопаймояш дар Арабистони Саудӣ Обама паёми танбеҳие аз сарвари Ал-Қоида, Усома бин Лодин гирифт, ки дар шакли навори садо аз шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира пахш шуд.

Дар он Бин Лодин Обамаро айбдор кард, ки бо идома додани сиёсатҳои президенти пешини Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш "мусулмононро ба хусуматварзӣ" мекашонад.

Вазири иттилооти Арабистони Саудӣ ишораҳои Бин Лодинро ҳамчун "ғояти навмедӣ" ва "садо аз махфигоҳе дар ғор" бемоя номид.

Обама қарор аст, рӯзи 4-уми июн дар Қоҳира бо паёме ба мусулмонони ҷаҳон муроҷиат кунад.

Пеш аз оғози сафараш, ҳанӯз дар Вашингтон, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии АйТиВи-и Бритониё гуфт, набояд интизори инро дошт, ки як паём метавонад, ҳамаи мушкилоти Ховари Миёнаро ҳал кунад.

Вай гуфт: "Ончӣ ман мехоҳам, ин эҷоди муколамаи беҳтарест, то ҷаҳони ислом хубтар дарк кунад, ки Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб зери мафҳумҳои мушкили терроризм ё демократия чиро мефаҳманд. Баррасии дурнамои ончӣ дар Ироқу Афғонистон мегузарад, расидагии мо ба Эрон ва ояндабинии мо дар масъалаи сулҳ миёни исроилӣ ва фаластиниҳо."

Ҳарчанд нутқи таърихии Обама, қарор аст, аз Қоҳира садо диҳад, Саудия низ дар ҳалли аксари масъалаҳои номбурдаи Обама, нақши муҳим дорад.

Намояндагони ҳукумати Амрико гуфтаанд, барои ҳар ду кишвар инчунин фарҷоми баҳсҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон, тапишҳои нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, ҷилавгирӣ аз густариши хушунат дар ҳарду тарафи марзи Покистону Афғонистон аз масъалаҳои муҳим ва муштарак мебошанд.

Аксари коршиносон мегӯянд, Арабистони Саудӣ, ҳамчун як қудрати муҳими суннимазҳаб метавонад дар оштӣ бо тундравони исломӣ, ки дар марзҳои Покистону Афғонистон ошӯб эҷод кардаанд, миёнравӣ кунад. Ба қавли онҳо, Саудия инчунин метавонад аз интиқоли сармоя ба тундравон пешгирӣ намояд. Ҳарчанд Риёд гуфтааст, барои ин ҳама корро мекунад, ба ақидаи таҳлилгарон, тавони он хеле бештар аст, аммо аз хашмгин кардани муҳофизакорони маҳзабии худи кишвар, ки пуштибонони калидии ҳукуматанд, ҳарос дорад.

Президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай борҳо аз Арабистони Саудӣ хостааст, дар мусолиҳаи ҳукумати ӯ бо Толибон миёнҷигарӣ кунад. Аммо Алӣ Аваз Осирӣ, собиқ сафири Саудӣ дар Покистон мегӯяд, Риёд танҳо замоне ин вазифаро бар дӯш мегирад, ки ду тараф ба таври ошкоро омодаи сулҳ шаванд.

Подшоҳи саудӣ моҳи сентябри соли гузашта бо мақомоти Афғонистон ва аъзои ҳукумати пешини Толибон мулоқоти махфӣ баргузор карда буд. Арсало Раҳмонӣ, собиқ муовини вазири омӯзишу парвариши Толибон, ки дар ин мулоқот ширкат кардааст, мегӯяд, Арабистони Саудӣ бо сарони толибҳо, аз ҷумла Мулло Муҳаммад Умар низ дар тамос шудааст. Раҳмонӣ меафзояд, на Саудия ва на каси дигар наметавонад, Толибонро ба сулҳ моил гардонад.

Бо вуҷуди ин Саудия дар ин масъала барои Вашингтон муҳим боқӣ мемонад. Бар замми ин Амрико умедвор аст, ки Арабистони Саудӣ метавонад, дар созмони кишварҳои содиркунандаи нафт. ОПЕК, дар муқобили Эрон биистад ва ба афзоиши нархи нафт роҳ надиҳад. Ҳаросе дар миён аст, ки парвози навбатии нархи нафт метавонад, талошҳои раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро баҳам занад.

Саудия ва Иёлоти Муттаҳида собиқаи беш аз 70-солаи коршарикие дорад, ки Риёд дар он таъминкунандаи нафт ва Вашингтон пуштибони шоҳигарии Саудист. Саудия дар навбати худ мехоҳад, Обама дар баробари сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу мавқеъи сахттар бигирад, бахусус ки Нетаняҳу ҳамчун монеаи ташкили давлати Фаластин намудор шуда, даъвати Вашингтонро ба қатъи шаҳраксозӣ барои муҳоҷирони яҳудӣ дар қаламравҳои ишғолӣ рад кардааст.

Аммо ҳамзамон Исроил ва Саудия аз барномаи ҳастаии Эрон нигаронанд ва сарварони саудӣ гуфтаанд, фурӯпошии раванди сулҳи Ховари Миёна ба Эрон имкон дод, аз тариқи гурӯҳҳои исломии Ҳамос ва Ҳизбуллоҳ нуфузашро дар минтақа густариш диҳад.

Таноқуз ё парадокси дигар дар робита ба сафари Обама ин аст, ки ҳам демократияхоҳон ва ҳам тундравони исломӣ дар Миср аз ҷойи нашри паёми Обама баргузида шудани Қоҳира баробар эътиироз баён кардаанд.

Раҳбари баландпояи Ал-Қоида, Айман ал-Завоҳирӣ дар навори садоие аз мисриҳо даъват кардааст, Обамаро напазиранд. Мухолифони Ҳуснӣ Муборак ин сафарро "тӯҳфае ба диктатор" номидаанд. Таҳлилгарони мустақил мегӯянд, сарони Ал-Қоида инро дарк мекунанд, ки Обама дар байни раҳбарони Амрико мавқеъи нодире дорад, то битавонад ба беҳбуди равобити Амрико бо олами ислом даст ёбад. Писари мусулмони африқоӣ, Обама, як давраи бачагияшро дар Индунезии мусулмоннишин ба сар бурда, дар мадрасаи исломӣ таҳсил кардааст.
XS
SM
MD
LG