Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия даҳумин қатънома дар бораи Сурияро вето кард. ВИДЕО


Русия рӯзи панҷшанбеи 16-уми ноябр пешнависи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои тамдиди кори ҳайати таҳқиқ дар бораи истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурияро вето кард. Аз соли 2011 то ба ҳол, ин бори даҳум аст, ки Русия қатъномаҳо дар робита ба Сурияро вето мекунад.

Давраи фаъолияти ҳайати таҳқиқи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ бо номи GIM барои муайян кардани сабабгорони ҳамлаҳои кимиёвӣ дар Сурия, нимашаби панҷшанбе ба поён расид ва бо пешнависи пешниҳодии Амрико, кори ин ҳайат бояд тамдид мешуд.

Русия пешниҳоди Амрикоро рад кард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Ин қатъномаро бояд нуҳ кишвари узви Шӯрои Амният тарафдорӣ намоянд ва ҳеҷ яке аз аъзои доимӣ -- Амрико, Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса ба он мухолифат накунад. Илова ба Русия, Боливия низ ба ин қатъномаи раъйи мухолиф додааст. Чин ва Миср низ аз раъй додан ба ин қатънома имтинон варзиданд.

Ветои ин қатънома дар Шӯрои Амният сабаби ҷанги лафзӣ миёни сафирони Русия ва Амрико дар СММ шуд. Дар пайи ҳамлаи кимиёвӣ дар чаҳоруми апрели соли ҷорӣ ба Хон Шайхун, ки бар асари он беш аз 80 нафар ҷон бохтанд, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дастури ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи ҳавоии Сурияро содир кард.

​Никки Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид пас аз ветои қатънома ҳушдор дод, "агар зарурат шавад, мо дубора даст ба иқдом хоҳем зад". Сафири Амрико дар СММ гуфтааст, "Русия Механизми муштараки таҳқиқро аз байн бурд. Бо аз байн бурдани ниҳоде, ки сабабгорони ҳамлаҳои кимиёиро муайян мекард, Русия тавони мо барои пешгирӣ аз такрори ҳамлаҳои кимиёвӣ дар ояндаро заъиф кард". Вай дар идома гуфт, "дар ҳақиқат Русия истифодаи ҳукумати Сурия аз силоҳи кимиёвиро мепазирад."

Никки Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид.
Никки Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид.

Сафири Амрико таъкид кардааст, "бидуни таваҷҷуҳ ба ин, ки Русия дар Шӯрои Амният чӣ иқдоме анҷом медиҳад, ҳукумати Башор Асад бояд ба таври рӯшан огоҳ бошад, ки Амрико истифодаи ҳукумати Сурия аз силоҳи кимиёвиро намепазирад. Мо аз стандартҳои байналмилалӣ дар мубориза бо истифода аз силоҳи кимиёвӣ дифоъ хоҳем кард. Режими Башор Асад ба ин ҳушдор бояд оқилона таваҷҷуҳ кунад."

Дар ҳамин ҳол, Василий Небензя, сафири Русия дар СММ гуфтааст, ки дар қатъномаи пешниҳодии Амрико баланс нигоҳ дошта нашудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Русия -- муҳимтарин ҷонибдори ҳукумати Башор Асад пешниҳоди худ барои идомаи кори ин ҳайати таҳқиқро пас гирифт.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, кишварҳои узви Шӯрои Амният рағбате ба ин пешнавис нишон надоданд. Бо ин ҳол, пас аз он, ки пешнависи пешниҳодии Амрико вето шуд, Боливия хостори раъйгирӣ дар бораи пешнависи пешниҳодии Русия шудааст.

Як қурбонии ҳамлаи кимиёвӣ дар Хон Шайхун.
Як қурбонии ҳамлаи кимиёвӣ дар Хон Шайхун.

Дар ҳамин замина, Доналд Трамп, президенти Амрико рӯзи панҷшанбеи 16-уми ноябр хостори ҳимоят аз пешнависи пешниҳодии Амрико шуда буд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфта буд, ин қатънома метавонад монеи истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз сӯи ҳукумати Башор Асад шавад.

Ин барои бори даҳум аст, ки Русия дар Шӯрои Амният аз ҳаққи ветои худ дар дифоъ аз ҳукумати Башор Асад истифода мекунад ва аз ҷумла дар 24-уми октябр пешнависи аввали Амрико барои тамдиди фаъолияти ҳайати "Механизми муштараки таҳқиқ"-ро вето карда буд.

Ин ҳайат дар таҳқиқоти худ ҳукумати Башор Асадро масъули ҳамлаи кимиёвӣ ба Хон Шайхун донист. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Сурия гузориши ин ҳайат дар бораи "ҳамлаи кимиёвӣ" ба Хон Шайхунро муғризона хонда, онро радд кардааст.

XS
SM
MD
LG