Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: "Тундгароии исломӣ" дар зиндонҳо рӯ ба афзоиш аст


Идораи зиндонҳои Русия мегӯяд, ки бо афзоиши маҳкумшудагони мусулмон аз ҷумлаи шаҳрвандони Осиёи Миёна дар зиндонҳои Русия, тундгароии исломӣ дар миёни бошандагони маҳбасҳо афзоиш меёбад.

Анатолий Рудий, муовини раиси Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия зимни як ҳамоиш, ки бо ҳузури ходимони дин баргузор шуд, гуфтааст, бо афзоиши шумораи зиндониён аз Осиёи Миёна, фазои дохили зиндонҳо тағйир карда, шаклҳои хашини дини Ислом ба дохил роҳ ёфтааст.

Бинобар иттилои Идораи зиндонҳои Русия, 29 ҳазор нафар шаҳрвандони се кишвари Осиёи Миёна -Тоҷикистон Узбакистон ва Қирғизистон дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд.

Генерал Рудий зимни ин ҳамоиш, ки рӯзи 16-уми феврал тариқи онлайн ва бо ҳузури рӯҳониён баргузор гашт, гуфт, дар дохили зиндонҳо равияҳои гуногуни ислом густариш пайдо кардаанд, ки ҷамоатҳои худро таъсис дода, қоидаҳои рафтору услуби рӯзгори маъмулии зиндонро риоят намекунанд.

"Ба наздикӣ дар яке аз зиндонҳо, ки нисфе аз бошандагонаш аз Осиёи Миёна ҳастанд, ошӯб сар зад. Ҳамагуна кӯшишҳои музокирот бо онҳо натиҷа надод ва мо маҷбур шудем бо истифода аз зӯр ин мушкилро ҳал кардем",-иброз дошт Рудий.

Ин мақоми Идораи зиндонҳои Русия мегӯяд, зиндонбонҳо таҷрибаи кор бо бегонаситезону қавмгароёнро доранд, аммо ҳанӯз бо тундравони исломӣ забон наёфтаанд. Аз ин рӯ, Анатолий Рудий аз рӯҳониёни исломӣ хоҳиш кард, ки ба Хадамоти зиндонҳои Русия дар амри ташхиси равияҳои муътадил ва тундрави исломӣ дар дохили зиндон кӯмак кунанд.

Бинобар иттилои Идораи зиндонҳои Русия, 29 ҳазор нафар шаҳрвандони се кишвари Осиёи Миёна -Тоҷикистон Узбакистон ва Қирғизистон дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд. Хадамоти зиндонҳои Русия бо такя ба омори охири соли 2016 гуфта буд, дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

То ду соли қабл, ҷурми аксар зиндониёни тоҷик дар Русия қочоқ ва ё хариду фурӯши маводи мухаддир буд. Ба гуфтаи масъулони Хадамоти зиндонҳои Русия, тай ду соли охир шумораи онҳое, ки бо ҷурми ифротгароӣ, тарғиби адабиёти ифротӣ ва ё сафедкунии терроризм маҳкум шудаанд, бештар шудааст.

Умедҷон Валиев, ҷавони 26-солаи тоҷик яке аз 8 ҳазор зиндонии тоҷик аст, ки ҳаминак 8 сол боз дар яке аз зиндонҳои шаҳри Пензаи Русия адои ҷазо мекунад. Валиев ба ҷурми нигоҳдории маводи мухаддир ба дасти мақомот афтод ва барои 10 сол равонаи зиндон шудааст. Умедҷон Валиев мегӯяд, дар ин зиндон ба мисли ӯ беш аз 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

Ҳамаи бошандагони тоҷики ин зиндон ба ибораи ӯ, "бо имону батақво ҳастанд", ҳарчанд адои фармудаҳои шариат дар шароит зиндон хеле сахт аст. Ӯ гуфт, "медонед, шароити зона хеле душвор аст. Агар одам имон надошта бошад, шикаста мешавад. Ҳамин имон аст, ки одам худашро нигоҳ медорад".

Умедҷон Валиев мегӯяд, дар қаламрави зиндоне, ки ӯ ва тоҷикони дигар нигоҳ дорӣ мешаванд, ибодатгоҳ вуҷуд дорад, аммо зиндонбонҳо на ҳама вақт ба онҳо иҷозаи адои намозро ба онҳо медиҳанд: "Агар ягон ба инсофаш бошад, рӯзҳои ҷумъа моро мемонад, ки рафта намози ҷамоат хонем, баъзеҳояш намемонад. Лекин ба мо махсус хӯрокҳое медиҳанд, ки гӯшти хук доранд. Мо намехӯрем ва аз ҳамин ҷиҳат азоб мекашем",- гила кард Валиев.

Умедҷон Валиев мегӯяд, муоширати онҳо бо ҳамватанон ва ҳамазҳабонашон тариқи телефонҳои мобил сурат мегирад, ки онҳо пинҳонӣ аз чашми зиндонбонҳо истифода мекунанд. Ин зиндонии тоҷик мегӯяд, ӯ ва дигар бошандагони ин зиндон аз солҳо аёдат накардани пайвандонашон азияти руҳӣ мекашанд. Чун наздиконашон дар аксар маврид имконияти аз Тоҷикистон ба аёдати онҳоро рафтанро надоранд.

Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунон аз он гилоя кард, ки дар китобхонаи маҳбас китоб, рӯзнома ё дигар адабиётебо забони тоҷикӣ нест, ки онҳо аз он бархӯрдор шаванд. "Ҳамаи китобҳо бо забони русӣ ҳастанд, ки мо хонда ба пуррагӣ онро фаҳмида наметавонем",- иброз дошт Умедҷон Валиев

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG