Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария ба занони соҳибкори тоҷик 10 млн $ медиҳад. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон, ки занон ба тиҷорати хурду миёна машғуланд, қарор аст, ба зудӣ тарҳи чандмиллиондолларӣ барои кумак ба онҳо шурӯъ шавад. Як муассисаи байналмилалии молӣ гуфт, ки мехоҳад ба занони тоҷик 10 миллион доллар ёрӣ кунад, то онҳо ширкатҳои бештар боз кунанд ва ҷойи корҳои нав офаранд.​ Оғози тарҳи 10-миллиондолларии “Бонувони соҳибкор” аз тарафи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд рӯзи 25-уми сентябр дар Душанбе муаррифӣ шуд. Намояндагони бонк гуфтанд, ки ин миқдор пулро ҳукумати Швейтсария медиҳад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

10 миллион доллар кумак ба занони соҳибкори Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Саҳми занон дар иқтисоди Тоҷикистон 21 дар садро ташкил медиҳад, ки дар бахшҳои мухталиф ба соҳибкорӣ машғул ҳастанд.

Нодира Мӯъминҷонова, сокини 38-солаи ноҳияи Ашт, чаҳор сол пеш барои даҳ зани деҳотӣ коргоҳе сохт, то аз ҳисоби таҳияи либоси мактабӣ зиндагии худу хонаводаашонро бичархонанд. Ҳоло ӯ қасд дорад, ки тиҷораташро бузургтар карда, ҳам фоидаи зиёд бигирад ва ҳам ба оилаҳои бештар кумак кунад.

Мӯъминҷонова рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хулосае омадааст, ки бояд як корхонаи коркарди мева бисозад. “Зеро дар ноҳияи мо ҳам меваи хуб ҳаст ва ҳам мутахассисони хуб”, - афзуд ӯ.

Нодира Муъминҷонова
Нодира Муъминҷонова

Эҳтимол ин орзуи Нодира Мӯъминҷонова бо ёрии молии ҳукумати Швейтсария иҷро шавад. Намояндагони Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфтанд, ки даҳ миллион доллар қарзи боимтиёз аст ва ҳар зани соҳибкор бидуни мушкили ҷиддӣ метавонад, аз суди тиҷорати худ қарзро баргардонад.

Бештар бихонед: 1001 мушкили 160 000 зани соҳибкори тоҷик

Нил Тейлор, мудири минтақавии Бони Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон 17-умин кишвари узви ин ниҳоди байналмилалии молист, ки дар он барномаи “Бонувони соҳибкор” мавриди иҷро қарор мегирад. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 42 дарсади бонувони Тоҷикистон ба худкифо будан талош доранд ва қарзҳои бонк метавонад, дар ин замина ба онҳо ёрии ҷиддӣ расонад.

Нил Тейлор
Нил Тейлор

Мудири минтақавии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфт, қарзҳо асосан тавассути ду ниҳоди бонкӣ – “Эсхата” ва “Имон Интернешнл” ҷудо карда мешаванд ва ҳамаи онҳо боимтиёз ҳастанд. “Пажӯҳишҳои мо собит кард, ки дар Тоҷикистон ширкатҳои раҳбарашон зан дар дастрасӣ ба манобеи қарзӣ бо мониаҳои зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Ба ин далел, занҳо нисбат ба мардҳо 3,5 баробар бештар талош мекунанд, ки аз хешовандону дӯстонашон қарз бигиранд”,-афзуд Тейлор.

Аммо Нигина Анварӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, гуфт, дар панҷ соли ахир бонкҳои кишвар ба беш аз 64 ҳазор зани соҳибкори тоҷик тақрибан 6 миллиард сомонӣ қарз додаанд. Ӯ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон танҳо аз аввали имсол аз 21 тарҳи бонувони соҳибкор ҳимоят карда, ба онҳо ба маблағи 12 миллион сомонӣ кумак намудааст.

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ҳарчанд бонувони Тоҷикистон ба далели ба муҳоҷирати корӣ рафтани бахши қобили мулоҳизаи мардон, вориди тиҷорат шудаанд, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки соҳибкории занҳо ҳамчунон дар сатҳи корхонаҳои хурду миёна боқӣ мондааст. Ба гуфтаи онҳо, то ҳол дар Тоҷикистон тоҷирзане пайдо нашудааст, ки тиҷорати бузург дошта ва исмаш дар хориҷи кишвар матраҳ шуда бошад.

Саҳми занон дар иқтисоди Тоҷикистон 21 дар садро ташкил медиҳад, ки дар бахшҳои мухталиф ба соҳибкорӣ машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG