Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Департаменти давлатӣ: Тоҷикистон ҳамоно мавриди нигаронии хос аст


Департаменти давлатии ИМА дар гузориши тозанашри худ оид ба вазъи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон инчунин ба Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Муҳаққиқони ин ниҳод аз соли 2016 ба ин сӯ Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳое ворид кардаанд, ки “мавриди нигаронии хос” аст, чун ба навиштаи муаллифон, дар ин кишвар нақзи озодиҳои динӣ мушоҳида мешавад.

Моҳи майи порсол, замоне, ки департаменти давлатӣ гуфт, Тоҷикистон дар шумули кишварҳои мавриди нигаронии хос боқӣ мемонад, мақомоти тоҷик дар посух гуфтанд, ки дар кишвар озодиҳои динӣ риоят мешавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ҳукумат чандин сол аст, ки бо падидаҳои мисли ифротгароиву терроризм мубориза мебарад ва талош мекунад аз роҳ ёфтани ин ақидаҳо дар миёни ҷомеа ҷилавгирӣ шавад. Вале мунаққидон мегӯянд, ки дар ҳолатҳои зиёд озодиҳои онҳо ба андешаву афкор, эътиқод, интихоби либос ва намудаи зоҳирӣ нақз мешавад.

Гузориши нави озодиҳои динии Департаменти давлатии Амрико, ки 21 июн аз ҷониби вазири хориҷа Майк Помпео муаррифӣ шуд, дар бораи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси тағйирот ба қонун дар моҳи январ созмонҳои динӣ бояд дар бораи ҳама гуна фаъолиятҳои худ давлатро хабардор кунанд. Барои таъини имомхатибон иҷозаи давлат лозим аст ва дар давоми чандин соли охир таҳсили динӣ дар Тоҷикистон таҳти назорат аст.

Дар гузориш омадааст, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон дорои салоҳиятҳои васеъ аст, ки аз сабтиноми созмонҳои динӣ, бунёди ибодатгоҳҳо сар карда то таҳсили динии кӯдаконро зери назар дорад.

Шурӯъ аз соли 2016, ба мушоҳидаи муҳаққиқони гузориши департаменти давлатӣ, дар вилояти Суғд тахминин 20 имомхатиб бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротӣ зиндонӣ шудаанд. Дар миёни онҳо Шукруллохон Аҳроров ҳам ҳаст, ки имомхатиби масҷиди "Ихлос" буд ва бо иттиҳоми ифротгароӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Вале дар ҳукми додгоҳ моҳи апрели соли 2018 гуфта шуд, ки Аҳроровро барои иштирок дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" ба зиндон маҳкум кардаанд ва дар додгоҳ ҷинояти ин рӯҳонии он замон 39-сола исботи худро ёфтааст.

Дар гузориши департаменти давлатӣ омадааст, ки масҷидҳо аз рӯи муқаррароти таъинкардаи Шӯрои уламои марбут ба ҳукумат амал мекунанд ва занҳову наврасони то 18-соларо аз намозхонӣ дар масҷид манъ мекунанд. Мақомот дар Тоҷикистон ба ин нигарониҳо гуфтаанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеа таҳсили ғайриқонунии динии шаҳрвандонро манъ кардаанд. Бо ин ҳадаф аз соли 2010 ба ин сӯ садҳо ҷавононе, ки ба қавли мақомот, бо таҳсили ғайриқонунии динӣ дар кишварҳои хориҷӣ машғул буданд, баргардониданд.

Дар гузориши департаменти давлатӣ омадааст, ки мақомот занҳои ҳиҷобпӯшро барои ба бар кардани либосҳои ба гуфтаи онҳо “бегона” ҳамоно азият мекунанд. Созмони Форум 18 сентябри соли гузашта хабар дод, ки дар як рейде полис мошинҳоеро манъ кардааст, ки дохилаш мардони ришдор ва занҳои ҳиҷобпӯш буданд. Ба иттилои ин манбаъ, мардон маҷбур шуданд ришҳои худро тарошанд ва занҳо ҳиҷобҳои худро аз сар бигиранд.

Мақомот аз сабтиноми созмонҳои динӣ, аз ҷумла Шоҳидони Яҳво худдорӣ мекунанд ва айни замон, созмонҳои расмиву ғайрирасмӣ пайваста мавриди назорати полис қарор доранд, гуфта шудааст дар гузориш.

Дар гузориши Департаменти давлатӣ ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ ҳам зикр шудааст, ки масъулияти онҳо созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Дар ҳодисаи охири моҳи июл чор нафар, аз ҷумла ду амрикоӣ кушта шуда, се нафар захмӣ шуданд. Омилони ин ҳодиса ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ба навиштаи департаменти давлатӣ, мардум аз баҳсу баррасии масоили марбут ба дин парҳез мекунанд ва онҳоеро, ки дини худро дигар кардаанд, хуш надоранд.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки мавзӯи озодиҳои динӣ дар як мулоқоти кордор ва ходимони намояндагии дипломатии Сафорати ИМА дар Душанбе бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон матраҳ шудааст. “Кормандони сафорат аз маҳдудшавии фаъолиятҳои динӣ изҳори нигаронӣ карда”, чунин сӯҳбатҳоро инчунин бо раҳбарони созмонҳои диниву ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам баррасӣ кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG