Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳрона чӣ гуноҳ дорад?


Меҳрона - номи як кӯдакест, ки баробари ба дунё омаданаш сабабгори ҷанҷоли падару модараш ва аз ҳам пошидани оилаи онҳо гаштааст.

Гуноҳи ин тифли навзод танҳо ҳамин будааст, ки вай на писар, балки ғайри интизори падараш духтар таваллуд шудааст. Наргис, модари 18-солаи Меҳрона, мегӯяд, шавҳараш ҳамеша мехостааст, ки фарзанди нахустинаш писар бошад ва пайваста ба ҳамсараш таъкид мекардааст, ки агар тифли дар батнбудаи вай духтар бошад, ӯ хонаро тарк мегӯяд.

Пас аз тавлид кардани духтар Наргиси ҷавон аввал интизор доштааст, ки шояд шавҳараш бо дидани навзод ба вай меҳре пайдо карда, фарзандашро хуб қабул менамояд ва бо ин умед духтарашро Меҳрона ном гузоштааст.

Вале, Наргис мегуяд, «аз рӯзе, ки духтарчаам таввалуд шуд, шавҳарам на занг мезанад ва на нигоҳубин мекунад моро. Ҳоло ман дар хонаи холаам ҳастам. Танҳо як бор вай наздамон омад ва вақте кӯдакро хостам ба дасташ диҳам ва гуфтам, ки бубин духтарчаатро, нигоҳ накард. Рӯяшро гардонда, баромада рафт. Ва бо ҳамин моро партофт».

Наргис мегӯяд, шавҳараш қабл аз ӯ низ ҳамсар доштаву соҳиби ду духтарча будааст, вале аз оилаи аввалинаш низ маҳз бо ҳамин ҷурм, ки ӯ наметавонад барояш писар таввалуд кунад, ҷудо шудааст.

Воқеан ҳам чунин ба назар мерасад, ки имрӯз таваллуди духтарро на дар ҳама оилаҳои тоҷик ба хушнудӣ пазироӣ мекунанд. Дар хонаводаҳое, ки таваллуди писарро интизоранд, мушоҳида мешавад, ки бо ба дунё омадани духтар ихтилофу ҷанҷолҳо сар мезанад ва ғолибан занон чун гунаҳгор, ки на писар, балки духтар ба дунё овардааст, азият мекашанд. Дар чунин ҳол бархе модарон роҳи ҳалро дар исқоти ҳамл мебинанд.

Мусоҳиби мо Ҳанифа ҳам, ки соҳиби ду духтарча аст, чунин ният доштаст. Вақте фарзанди аввалинашон духтар ба дунё омадааст, онҳо мехостаанд ҳадди аққал бори дуввум соҳиби писар бошанд, вале тақдир ин бор ҳам барояшон духтарро насиб дидааст ва модар бо машварати наздикон мехоҳад исқоти ҳамл кунад.

Вай мегуяд, «ман нахуст хостам аз ҷанини дар батнбуда раҳо шавам, яъне аборт кунам. Аммо табибон гуфтанд, ки кӯдакам аллакай дил мезанад ва аз нигоҳи дин ин амал номумкин буд ва ман ӯро таввалуд кардам. Ҳоло бинед, ин садои тифли ман аст ва ҳар вақте ба чашмони ӯ нигоҳ мекунам, ба худ мегӯям, худоё, агар ман ба ин амал даст мезадам ҳеҷ гоҳ чашмони зебои ӯро намедидам».

Раъно Бобоҷонова коршиноси масоили гендерӣ мегӯяд, дар ҷомеа имрӯз табъиз нисбати ҷинси зан ҳанӯз то таввалуди онҳо ба миён меояд. Вай меафзояд, «бисёр ҳолатҳое рух медиҳад, ки дар оила духтар бошад, зан ҳангомии таваллуди духтари навбатӣ хеле мушкил мекашад, фишори хунаш баланд мешавад ва гоҳе мешавад, ки шавҳар умуман ба дидораш намеояд. Сабаби ин афкори мардуми мо аст, ки писарро такягоҳи падару модар, идомадиҳандаи насл меҳисобанд ва мегӯянд, дар пиронсолӣ маҳз ӯ волидонро нигоҳубин мекунад. Вале бархе фикр мекунанд, ки аз ӯҳдаи тарбияи духтар ба хубӣ намебароянд. Ин ҳолатҳо бори дигар собит месозад, ки дар ҷомеъаи мо падарсолорӣ вуҷуд дорад ва новобаста ба қонунҳои қабулкарда ва барномаҳо дар ин маврид падарсолорӣ устувор аст».

Дар ҳамин маврид бо чанд ҷавонписаре сӯҳбат доштам. Ҳарчанд онҳо мегуфтанд, ки фарзанд доди худост ва барояшон чандон фарқ надорад, вале пинҳон намедоштанд, ки мехоҳанд фарзанди аввалинашон писар бошад.

Яке аз онҳо мегуяд, «зиёд мушоҳида мекунам, ки вақте дар оила фарзанд таввалуд мешавад, суоли нахустини наздикон чунин аст: духтар аст, ё писар? Агар писар бошад, шодиёна бештар аст, вале духтар бошад, мард каме асабӣ мешавад. Ин андешаронӣ аз аввал аст, вале шахсан агар соҳиби духтари бештар бошам, шукр мегӯям, вале агар писардор шавам, боз беҳтар аст».

Довудхони Абдухон, устоди Донишкадаи исломӣ, мегӯяд, дини ислом чунин тафаккури ҷомеаро, ки ба замони ҷоҳилияи пешазисломӣ рост меояд, маҳкум мекунад. Вай меафзояд, «сарчашмаи ин аз ҷиҳати паст будани савияи диннӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дар худи ҳамун шахс аст. Ҳатто Қуръон ҳам қисса мекунад, ки пеш аз зуҳури ислом дар замони ҷоҳилия духтарҳоро зинда ба гур мекарданд. Ва ин бадбинии духтар ва чунин андешаҳои номатлубу духтарбезорӣ аз нигоҳи ислом маҳкум карда мешавад».

Дар ҳамин ҳол Раъно Бобоҷонова, коршиноси масоили гендерӣ, мегӯяд, имрӯз маҳз занону духтарон дар ҷомеа фаъолтаранд. Вай меафзояд, замона пеш меравад ва имрӯз духтарҳо назар ба писарон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкамтар доранду фаъоланд.

XS
SM
MD
LG