Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакҳое, ки Ким Ёнг Унро сари қудрат меоранд


Рӯзи сешанбе Кореяи Шимолӣ баъд аз озмоиши ҳастаии рӯзи душанбеи худ ду мушаки кӯтоҳбурди худро низ озмоиш дод.

Маҳофили байнулмиллалӣ ин иқдоми Кореяи Шимолиро маҳкум карданд. Таҳлилгарони минтақаӣ озмоишҳои пайдарпаи ин кишварро аз як тараф ба масъалаҳои дохилии Кореяи Шимолӣ низ иртибот медиҳанд ва мегӯянд, Ким Ёнг Ил, раҳбари ин кишвар, бад-ин тариқ зарурати ба қудрат расидани насли севвуми хонадони худ дар ин кишварро барҷаста мекунад ва заминаи онро фароҳам меорад.

Озмоиши ҳастаии рӯзи душанбе авҷи олии ҷалби таваҷҷӯҳ ба сиёсати хориҷии Кореяи Шимолӣ арозёбӣ мешавад, сиёсате, ки дар гузаштаи наздик баъд аз хабарҳо дар бораи бемории Ким Ёнг Ил, раҳбари ин кишвар, дар моҳи августи соли гузашта оғоз шудааст. Сару садоҳо дар бораи вориси ба истилоҳ "тахт" аслан дар атрофи писари вай Ким Ёнг Ун мечархад ва он насли севвуми хонадони ин сулолаи "Ким"-ҳо ба шумор меравад.

Рӯзномаи "Нию Йорк Таймс" аз қавли таҳлилгарон навиштааст, раҳбари Кореяи Шимолӣ бо анҷоми озмоиши ҳастаӣ ҳамбастагии худро бо артиши кишвараш нишон додааст, зеро ҳимояти низомиён ҳангоми интиқоли қудрат аз падар ба писар омили хеле муҳим ба шумор меравад. Бо ин кор Ким Ёнг Ил таваҷҷӯҳро аз камбуди нерӯи барқ барои аҳолӣ ва сатҳи зисти мардуми камбизоат мунҳариф сохтааст. Рӯзномаи "Нию Йорк Таймс" навиштааст, ҳукумати Кореяи Шимолӣ умед дорад, ки аз ин роҳ интиқоли нарми қудратро таъмин кунад. Аз сӯи дигар, ин ҳукумат мехоҳад нишон диҳад, ки Ким Ёнг Ил то ҳол зимоми қудратро дар ихтиёр дорад.

Юн Деок, пажуҳишгари аршад аз пажуҳишгоҳи сиёсати хориҷа ва амнияти миллии Сэул дар Кореяи Ҷанубӣ, мегӯяд, "озмоишҳои Кореяи Шимолӣ худнамоии комилан дохилист". Таҳлилгарон мегӯянд, ин озмоишҳо нишонгари он аст, ки хонадони ҳоким ба интиқоли қудрат омодагӣ мегирад. Моҳи гузашта Янг Сеонг Таек, бардарзодаи раҳбари кишвар, ба узвияти Коммиссияи Дифои Миллӣ пазируфта шуд, коммиссияе, ки дар ҳукумат мавқеи қаввӣ дорад.

Ким Санг Ҳан, устоди донишгоҳи Сэул, мегӯяд, узвияти бардоразодаи раҳбар дар ин ниҳоди низомӣ дар сурати бад шудани саломатии раҳбар амнияти интиқоли қудратро таъмин мекунад. Матбуоти Кореяи Ҷанубӣ навиштааст, моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳамин коммиссия ба Ким Ёнг Ун, писари раҳбар, ки ҳоло 24-25-сола аст, як мақоми поинтар дода шуд.

Таҳлилгарони дигар перомуни озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ масъалаи дигарро низ матраҳ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, эҷоди силоҳи ҳастаӣ беҳтарин роҳи наҷоти ҳукумати ин кишвар дар шароити кунунист. Таҳлилгарон ҳамчунин мегӯянд, Кореяи Шимолӣ умед дорад, ки аз ин роҳ Амрикоро водор созад, то Кореяи Шимолиро ба унвони кишвари ҳастаӣ бишносад.

Вале Ли Донг Кван, сухангӯи раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, мегӯяд, "мо бо кишварҳои узви музокироти шашгона, бо Амрико, Ҷопон, Чин, Русия ва маҳофили байнулмиллалӣ ҳамкории наздик хоҳем дошт ва аз Шӯрои Амнияти СММ дархост мекунем, ки тадобири муносиб бигарад".

Вале профессор Ким Санг Ҳан аз донишгоҳи Сэул мегӯяд, Кореяи Шимолӣ мехоҳад, Амрико онро ҳамчун кишвари ҳастаӣ эътироф кунад. Ба гуфтаи вай, агар Вошингтон ин корро кунад, Кореяи Шимолӣ ҳозир хоҳад шуд, ки нерӯҳояшро ба Афғонистон фиристад.
XS
SM
MD
LG