Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: Ман ифротиям?!


Зеварону Рауфӣ

Номаи ин ҷавон барои "Блогистон" хонандаро ба андеша водор мекунад. Зоҳиран шахси бомутолеа аст, чун паёми асосияш суханони Ҷорҷ Оруэллро ба ёд меоранд, ки оварда, "дар даврони дурӯғи сартосарӣ гуфтани ҳақиқат ифротгароист". Дар навиштаи ӯ дарди худаш ва нигоҳи беруна ба ин дард бо ҳам омехтаанд.

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

МАН ИФРОТИЯМ!?

Дуруд, ман Зеварбону ҳастам. Як ҷавони ифротӣ. Мехоҳам каме дар бораи ончи дар сарам мегузарад ба шумо бигӯям. То мабодо агар Шумо ҳам гумроҳ бошед ба фикри ислоҳ шавед.

Ман ҷавони гумроҳам, зеро ба ин меандешам, ки Қонуни асосии кишварам бояд ба ману ҳамватанони ман озодӣ бахшад. На, манзурам ин нест, ки озодӣ гуфта ҳар коре диламон хост бикунем, ҳаргиз, мехоҳам ҳадди ақал битавонем он чиро, ки намехоҳем бикунем, иҷоза дошта бошем, накунем. Намехоҳам моро касе ба анҷоми коре, ки намехоҳем, маҷбур кунад.

Ман ҷавони гумроҳам! Зеро фикр мекунам, ки ҳадди ақал ҳаштод дарсади қувваи кории кишварам бояд дар меҳанаш бо ҷои кори хуб таъмин бошад.

Ман ҷавони ифротӣ ҳастам, зеро медонам, ки дар ҳар кишвари ҳуқуқбунёд ва озоде ҲУҚУМАТ БОЯД ХИЗМАТГОРИ МАРДУМАШ БОШАД!

Бале, бовар кун!

Хизматгори ту, эй модари меҳрубоне, ки дастҳои наҳифи дирӯзат имрӯз пинабаста, аз баски меҳнат мекунӣ, то фарзандонат ҳадди ақал шиками гурусна намонанд.

Хизматгори ҳамин ту, эй зани тоҷик! Туе, ки имрӯз по ба пои мардон мардикор шудаӣ. Ту, ки ҳам дар шаҳри ғурбат ва ҳам дар меҳанат тан ба зиллату хорӣ медиҳӣ, бе ин ки аз ҳуқуқҳои худат огоҳ бошӣ!

Ҳукумат ва тамоми шохаҳои марбут ба он хизматгори туст, эй муҳоҷири меҳнатӣ, ки хишт мечинӣ, кошӣ мечаспонӣ, бетон мерезӣ ва ҳеч нашуд кӯчаҳои шаҳри ғурбатро мерубӣ то нони ҳалол ёбӣ ва оқибат... Чи басо пеш меояд, ки дар роҳи бозгашт ба хона дар сандуқи чӯбии дарбаста ба Ватан мерасӣ.

Ҳукумат хизматгори ману туст! Эй ҷавони тоҷик, ки ҳама рӯза аз маҷлисҳои корӣ гирифта то маҷлисҳои ҳукуматӣ ба сӯҳбатҳои раисҷумҳур дастаҷамъона қарсак мезанем. Боз агар мабодо аз фарти бемадорӣ қарсакҳоямон ба гӯшҳои масъулини кар нарасад, фармон ҳам медиҳанд, ки ин чи вазъи қарсакзанист. Як қарсаки осмонкаф бизанед!

Хоҳару бародари азизам, ман гумроҳам чун фикр мекунам, ки ману ту барои он зода нашудаем, ки байни ҳамдигар мусобиқаи қарсакзанӣ бигзаронем, ё ки зери пои ину он гул бипошем.

Ман намехоҳам, мо соатҳои дароз зери гармову сармо вақти арзишманди худро, ки метавонем барои чизҳои беҳтару фоидаовартаре сарф кунем, ҳаром кунем барои тамриноте, ки оқибаташ аз исҳоли сода гирифта то марг рафта расидааст. Ҳамаи ин танҳо ба он хотир ки ин ё он ид бояд ёд бигирем чигуна пеши “Пешво” бирақсем!

Намехоҳам, ки дар ҳавои сард вақте раисону кабирон барои наворбуррӣ ё боздиди ҷое меоянд шумо бо либоси тунук соатҳо мунтазир биистед.

Эй миллати ман! Ман ҷавони гумроҳам!

Чун намехоҳам ту худатро пеши ҳеч кас, МЕФАҲМӢ? ҲЕЧ КАС! хор кунӣ.

Мехоҳам ҳукумате, ки хизматгори туст вазифаашро беминнат кардан ба сарат иҷро кунад. Шукронаи онро кунад, ки ТУ ин қудратро ба онҳо додаӣ ва ҳарвақт хостӣ метавонӣ онро пас бигирӣ!

Ман мехоҳам кучаҳои зери пои туро мумфарш кунанд, то ба ҳар нуқтае аз Ватанамон, ки хостӣ бемалол ва МАҶҶОНӢ биравӣ, на ин ки барои роҳе, ки муваззафанд бисозанд аз ту пул ситонанд! Мефаҳмӣ?

Бо ин, ки масоҳати Тоҷикистонамон онқадар бузург нест, аммо ҳанӯз ҳам, дар асри 21, барои рафтан ба минтақаҳои ба истилоҳ дурдаст роҳи дуруст надорем. Танҳо шоҳроҳе, ки шимолу ҷануби кишварро ба ҳам мепайвандад пулакист. Наход дар 27 сол! Мешунавӣ? Панҷ солу даҳ сол на! Дар бистуҳафт сол натавонанд мардумро бо роҳ таъмин кунанд? Бошад, қабул, ту ҳақ мегӯӣ, мо баъд аз ҷанг тоза ба қавле ҷон гирифта иқтидор пайдо карданием.

Ҳамватани хуби ман, охир ту ба мани гумроҳ бигӯ, ТО ЧАНД СОЛИ ДИГАР? То чанд соли дигар мо мисли гадоҳо аз ину он кишвар грантҳои хайриявию қарзҳои ҳангуфт мегирем ва он пулҳо дар нокуҷо ба бод мераванд?

Бибиям як мақоли хубро ҳамеша мегӯянд: “Кор кори кордон, убол ба ҷони нодон!” Гирам, ки роҳи дурусти ҷудо кардани “ҳаққи худатон” ва “байтулмол”-ро, ки ҳаққи ҳалоли мардумам аст, намедонед, хуб пас чаро ба касе ки медонаду мефаҳмад ва боре аз кучаи инсоф гузаштааст, ин корро вогузор намекунед!?

Мо санг ба сина мезанем, ки миллати куҳанбунёдем, миллати фарҳехтагону донишмандонем. Ҳамаи инҳо ҳақиқати торихӣ, қабул. Аммо қурбонат шавам, ЧАШМ КУШОВУ БУБИН, чанд нафар аз вазиронамон дар соҳае, ки тахассусашон аст, кор мекунанд? Чандтояшон метавонанд ба чашмҳои ману ту нигоҳ кунанд ва чор панҷ ҷумларо ба тоҷикӣ, бигзор бо лаҳҷаи маҳҳалии худ, аммо бидуни истифодаи калимаҳо бегона аз қабили “внутри”ва “публично”, ки чандин ҳаммаънои порсияш вуҷуд дорад, бигӯянд?

Ҳоло пайдо мешаванд он мардумони азизе, ки аҳли “сироталмустақим” ҳастанд ва ба мани “гумроҳ” фаҳмонданӣ мешаванд, ки муҳим ҳарфи ин мардон нест, муҳим амалашон. Пас ту ба ман бигӯ амалҳояшонро, ки барои ману миллатам як сари сӯзан фоиданок буда? Мегӯӣ ҷои таъаҷҷуб надорад, хелеҳо бо тахассусҳои дигар дар соҳаи комилан мутафовите кор мекунанд. Ҳамон тавр, ки дигар одамони оддӣ метавонанд дар соҳаи худашон неву дар дигар шоха фаъолият кунанд, сиёсатмадорон низ метавонанд ин тавр амал кунанд! Азизи ман, агар ҳамчунин фикре дар сарат доштию дорӣ бояд бигӯям, ки ҒАЛАТ КАРДӢ! Бале одамони оддӣ ҳақ доранд то замоне, ки ба зиндагӣ ва озодии дигарон халал намерасонанд, бо зиндагияшон ҳар коре кунанд. Чун ҳар кас дар дараҷаи аввал ҷавобгӯи зиндагии худаш аст, аммо сиёсатмадор, раисҷумҳур ва ё ҳатто раисе, ки таъин мешавад, ҷавобгарии тақдири мардумро ба дӯш мегирад. Пас ӯ ҲАҚ НАДОРАД мутахассиси соҳаи фаъолият мекардааш набошад! Аммо ба “ҷурми” хешовандӣ ё дӯстӣ бо раисҷумҳур ё хонаводаи расиҷумҳур ва ё дӯстӣ бо дӯстону наздикони раисҷумҳур, вазифаи калон бигирад, вале аз ноогоҳию корношоямияш кишвари моро ба ганд кашад.

Ҳамватанам ман намехоҳам, ки ту пеши пои хизматгоронат фарши сурх андозӣ!

Мехоҳам бидонӣ, ки ин раисони имрӯзӣ ва ҲАТТО раисони фардоию рӯзи дигар ҳам ҳама ВАЗИФААШОНро анҷом медиҳанд. Қарор нест ту барои анҷоми ҳар як коре, ки мутобиқи вазифаашон БОЯД бароят бикунанд, ин қадар миёнатро хам бикунӣ!

Ман ҷавони ифротиям, зеро мехоҳам дар кишварам интихоботи озод дошта бошем. Мехоҳам Э.Раҳмон раисҷумҳури феълӣ, ки 27 сол аст ба сандалии раисҷумҳурӣ такя дода аз “маснадаш” фарояд. Мехоҳам ҳар касе ҳам баъди Раҳмон меояд ҳамин панҷсола навбати хизматашро адо кунад ва ҷойро барои дигарон холӣ кунад, на ин ки панҷ чанголашро бо сандалӣ он қадр фурӯ кунад, ки дигар раҳо кардани он барояш ғайриимкон намояд.

Ман ҷавони гумроҳам! Чун намехоҳам раисҷумҳури феълиро “Пешвои миллат”-у ғайраву ҳоказо номам. Медонед чаро?

Пешвои миллат касест, ки ғами тамоми миллатро бихӯрад. Миллати тоҷик танҳо чанд миллион нафари дар Тоҷикистон буда нест. Миллати тоҷик маҳдудаи чунон фарохеро дар бар мегирад, ки онҷоҳо хелеҳо ҳатто кӣ будани Раҳмонро намедонанд. Чӣ расад ба ин ки Пешво будани онро қабул дошта бошанд. Агар бигӯем, ки хуб Раҳмон ба дигар тоҷикон коре надорад. Ӯ барои ҳамин чанд миллион нафар тоҷики Тоҷикистон “Пешвои миллат” аст. Пас, инҷо суоле пайдо мешавад. Ӯ барои дигар ақаллиятҳо, ки мисли ману шумо шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистонанд, кист? Онҳо ки миллияти дигар доранд! Пас, вақте мо Раҳмоновро “Пешвои миллат” мегӯем ӯро мансуби як ҳисса аз ҷомеа дониста аз ҳиссаи дигар ҷудо мекунем; ҳамин тавр не? Чаро аз нодонию ноогоҳӣ барои як унвон шуда байни шаҳрвандони кишвар ҷудоию нифоқ ангехтан? Магар мо ҷомеаи мутамаддин нестем? Пас чаро набояд бо ҳамин як симати раисҷумҳурӣ, ки боиси пайванди бештари миллатҳое аст, ки дар маҳдудаи феълии Тоҷикистон зиндагӣ доранд, иктифо накунем?

Гуфтам ку ман ҷавони ифротиям. Чун орзу дорам на танҳо шермардони меҳанам, балки гурдофаридҳои миллатам барои ҳар каф хоки Ватанам омода бошанд сина сипар кунанд. Ва ба ҳеч кас чи “душманон”-и берунӣ ва чи “дӯстон”-и дохилӣ иҷоза надиҳанд, ки Меҳанамонро пора-пора кунанду ба ину он “ҳамсоя” “ҳадя диҳанд”.

Он қадар гуфтанӣ зиёд дорам, Ҳамватани азизам, аммо барои ин дафъа як чизаки дигарро мегӯяму пасон сокит мешавам. То ту ХУДАТ ФИКР КУНӢ ва БУБИНӢ чи қадар ман ифротию роҳгумзадаам. То манро бишносӣ ва агар мабодо ҷое бо ман барин одаме вохурдӣ аз ӯ бипарҳезӣ!

Ман барои худам ҳисоб кардам, ту барои худат ҳисоб кун, агар дар Душанбе зиндагӣ намекунӣ, аз дӯст ё хешовандонат бипурс. Агар онҳо ҳам онҷо зиндагӣ намекунанд як заҳмат бикаш ва дар ин таътилот саре ба Душанбе бизан. Ҳар чи набошад пойтахтамон аст. Пояндаву ободу шугуфо бод!

Лекин ҳисоб кун! Боз фаромуш накунӣ! Чанд боғ дар Душанбе ҳаст?

Онҳое, ки дидаанд медонанад. Онҳое, ки медонанад ба онҳое, ки намедонанд расонанд, то онҳо ҳам бидонанд.

Чунон боғҳои зебо дорад Душанбе, чунон боғҳои сарсабз. Гӯӣ пораҳои биҳиштро ба Тоҷикистон кӯчонда бошанд. Бовар кунед! Ифротӣ ҳам, ки бошам, ин як мавридро рост мегӯям. Охир агар аз худи биҳишт ба замин наоварда бошанд, барои сохташон маблағҳои осмонӣ сарф намешуд, ҳамин тавр не?

Ба ҳар чи муқаддасот ҳаст қасам!

Ман роҳгумзадаам азизони дилам!

Чун орзу дорам он рӯзе биёяд, ки дар Ватанамон корхонаҳои истеҳсолӣ бисозем. Корхонаҳое, ки барои наворбурияш раиси ҷумҳур заҳмат кашида ба навоҳии дигар наравад. Ҳамин тавр орому бедабдаба ба кор оғоз кунад, аммо бардавом бошад. Барои як моҳу ду-се рӯз не, солҳои тӯлонӣ фаъолият дошта бошад, то миллатам нони ҳалоли меҳнатияшро дар Меҳанаш пайдо кунад.

Орзӯ дорам, ки барои кудакони Тоҷикистонам мактабҳои бокайфияте бисозанд, на онҳое, ки барои намоиш дар ним сол сохта мешаванду ҳанӯз дар моҳҳои аввали таҳсил оҳакҳояш мерезанд ва лӯлаҳояш наштӣ медиҳанд. Мехоҳам кудакону ҷавонони мо бидонанд, ки ҲАҚ ДОРАНД ба имконияту зарфиятҳои илмии ҷаҳонӣ дастрасии озод дошта бошанд.

ОРЕ, МАН ИФРОТИЯМ, ЧУН МЕХОҲАМ ДАР ВАТАНАМ ОЗОДОНА ЗИНДАГӢ КУНАМ!

З.Рауфӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Гузоришҳои видеоӣ

Елчанинов: "Халқи тоҷик дар гуштӣ истеъдодҳои модарзод дорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:07 0:00
XS
SM
MD
LG