Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон" ба забони узбакӣ чоп мешавад


Китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров барои нахустин бор ба забони узбакӣ бо номи "Тожиклар" тарҷума шуда ва ба наздикӣ ба нашр мерасад.

Ҳасан Раҳматалиев, омӯзгор ва рӯзноманигори собиқадор аз ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ҳарду ҷилди китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба забони узбакӣ тарҷума кардааст.

Ҳасан Раҳматалиев рӯзи 7 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин асарро муддати чаҳор сол аз русӣ ба узбакӣ тарҷума карда, дар ин муддат беш аз 10 ҳазор доллар харҷ намудааст. Ӯ афзуд, ки чаҳор сол қабл ба вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои тарҷума ва чопи китоби "Тожиклар" пешниҳод карда буд ва соли 2013 тарҷумаро ба анҷом расонд.

Ба гуфтаи Раҳматалиев, бар асоси супориши вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар тарҷумаи ин китоб аз китоби "Таджики", ки ҳанӯз соли 1972 дар Маскав чоп шуда буд, истифода шудааст. Мутарҷими "Тоҷикон" ба забони узбакӣ мегӯяд, ки барои чопи ин китоб 15 ҳазору 150 доллар зарур будааст ва вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, ки ин китобро ба нашр мерасонад.

Ба гуфтаи вай, китоб баъд аз ташхиси вазорати маориф ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи вазорати маориф ва илм ба нашр мерасад. Вай афзуд, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон ваъда додааст, онро дар нашриёти "Дониш" ба чоп хоҳад расонд.

"Тожиклар" аз ду ҷилд, 1500 саҳифа ва 98 акси таърихӣ иборат мебошад.

Бобоҷон Ғафуров аз маъруфтарин донишмандони тоҷики асри 20 ба шумор меравад. Бобоҷон Ғафуров 18-ум декабри оли 1908 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови кунунӣ ба дунё омадааст. Ӯ дар тӯли 10 сол (1946-1956) котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва амалан раҳбари аввали ин ҷумҳурӣ буд. Аз соли 1956 раҳбари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР буд.

Ғафуров Қаҳрамони Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илм Тоҷикистон (1967) мебошад. Дар соли 1974, се сол пеш аз маргаш академик Бобоҷон Ғафуров сафари Ҳаҷ кард. Ин олими шинохта соли 1977 аз дунё рафт.

Китоби «Тоҷикон» аз муҳимтарин осори Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки қаблан ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ мунташир шуда буд.

XS
SM
MD
LG