Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуюми мухолифину ҳукумат дар Варшава бо муноқиша тамом шуд. 2 ВИДЕО


Сулаймони Орзу аз чап якум
Сулаймони Орзу аз чап якум

Дар поёни рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава миёни баъзе аъзои ҳайати ҳукуматӣ ва мухолифони тоҷик муноқиша рух дод. Мақомот ҳодисаро "тавтеа" номиданд.

Рӯзи 11-уми сентябр лаҳзае, ки як фаъоли мухолифин - Сулаймони Орзу ба дасти Аёмиддин Сатторов, собиқ узви раёсати ҲНИТ навиштаҷоте рӯи коғаз бо матни "Зиндониҳои сиёсиро озод кунед" дода хост акси ӯро бигирад, муноқиша бархост. Як узви ҳайати ҳукуматӣ ба Сулаймони Орзу наздик шуда, ба рӯяш як мушт зад. Ин ҳодиса дар беруни меҳмонхонае рух дод, ки дар он ду рӯз инҷониб ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари кишварҳои узви САҲА ҷараён дорад.

Дар пайи ин ҳодиса Сулаймони Орзу ба сӯи мошине шитофт, ки дар он Айёмиддин Сатторов ва чанд нафар, аз ҷумла яке аз онҳое, ки ӯро бо мушт зад, нишаста буд.

Раддубадали кӯтоҳи онҳо бо ҳаракати босуръати мошин анҷомид ва ба гуфтаи Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, "мошин аз болои пои Шӯҳрати Раҳматулло гузашт". Бобоҷон Қаюмов гуфт:

"Сулаймони Орзу кори баде накард. Танҳо хост, ки ба дасти Айёмиддин Сатторов навиштаҳоеро бо ҳештеги “Зиндониҳои сиёсиро озод кунед” дода, ӯро акс бигирад. Вале яке аз муҳофизон ӯро бо мушт ба рӯяш зад", - гуфт Бобоҷони Қаюмзод.

Рӯзи дуюми мухолифину ҳукумат дар Варшава бо муноқиша тамом шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Аёмиддин Сатторов ахиран ба Тоҷикистон баргашту изҳорот дод, ки дигар узви ҲНИТ нест ва ин ҳизбро дар талоши бесубот кардани кишвар гунаҳгор кард. Рӯзи 10 сентябр Сатторов дар ҳайати ҳукуматӣ аз Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи САҲА омад.

Намояндагони ҳукумат: Ин як тавтеа буд

Як намояндаи масъули ҳайати ҳукумат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин як тавтеа буд" ва "ин ҷавон махсус ин корро кард, то ки моҷаро бархезад".

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, "ҳодисае, ки чанд соат қабл рух дод, сатҳи бархӯрду эътирози баъзе афродро намоиш дод. Мо аз хӯроки нисфирӯзӣ бармегаштем. Намояндагони мухолифин омада, аксу шиорҳои худро ба мо нишон медоданд.

Лаҳни суханашон "провокатсионӣ" буд. Онҳо мошини сафирро заданд. Намояндагони пулис омад ва наворро аз дурбинҳои назоратӣ дид. Чанд намояндаи мухолифинро пурсиш карданд. Масъули БДИПЧ дар ҷаласа аз ҳайати ҳукумат узр хост."

Муноқишаи намояндагони ҳукумат ва мухолифин дар Варшава
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Дар ҳамин ҳол, Сулаймони Орзу ва Вайсиддин Одинаев гуфтанд, ки онҳо ба мошини сафорат ҳамла накарданд ваё онро назаданд. Онҳо гуфтанд, балки талош шуд, нафареро, ки Сулаймони Орзуро бо мушт зад, ба берун бароранд. Вайсиддин Одинаев аз он нигаронӣ кард, ки "САҲА дар ин ҳодиса тарафи ҳукуматро гирифт".​

Муколамаи сиёсии ҷонибҳои мухолиф

Ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА, ки рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Варшава ба кор сар кард, дар баробари фаъолони мухолифин дар хориҷи кишвар, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, чанд мақоми баланпояи кишварро аз Душанбе ба ҳам овард. Дар як толори маҷлисгоҳи САҲА ду рӯз инҷониб баррасии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Дар миёни мухолифон - раҳбарон ва фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам ҳастанд. Ин созмон бо як қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015 мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст. Мақомоти тоҷик ҳизбро дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи сентябри он сол гунаҳгор мекунанд, вале худи аъзои ин созмон иттиҳомотро рад карда мегӯянд, ҳадафи мақомот аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ин ташаккули сиёсӣ буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG