Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳастӣ дар байни баҳсҳои падару модар раҳгум зад. ВИДЕО


Маҳастӣ Атобекова.
Маҳастӣ Атобекова.

Дар пайи баҳси додгоҳии падару модар ва ҳам сарзаниши додрасе, духтари 18-солаи сокини Душанбе қасд ба ҷони худ карда ба ҳалокат расидааст. Дар ҳоле, ки дар фоҷеаи марги танҳо фарзанд модар ашки ҳасрат мерезад, падар ва додрас мегӯянд, гунаҳор кардани онҳо дар ин ҳодиса ҷоиз нест.

"Духтарам аз рӯи суду судбозӣ худашро кушт"

Маҳастӣ Атобековаи 18-сола -- духтари ягонаи хонадон ва нозпарвари падару модар буд. То лаҳзаи марг дар курси аввали Донишгоҳи технологии Кӯлоб таҳсил мекард. Падару модар ҳеҷ хаёл надоштанд, ки даъвои додгоҳии онҳо барои талоқ гирифтан, оқибат ба зиндагии Маҳастӣ нуқтаи таммат мегузорад.

Равоншинос мегӯянд, волидон бояд бидонанд, ки ҳама амали онҳо ба зеҳни кӯдак таъсири амиқи худро мерасонад.

Азиза Атобекова, модари 48-солаи Маҳастӣ рӯзи 26-уми феврал дар ҳолати ғами амиқ гуфт, ҳодиса рӯзҳои 16 ва 17 феврал рух дод: "Духтарам Маҳастӣ асосан аз рӯи суду судбозии мову падараш худашро кушт. Барои он, ки тоқат карда натавонист. Аз беадолатии судяву прокурор тоқат накарда, хона омад ва дору хӯрда ба ҳалокат расид."

Чор сол баҳси Қурмаҳмад ва ҳамсараш

Баҳси додгоҳии Азиза Атобекова бо шавҳари ҳамакнун собиқаш Қурмаҳмад Бодуров ҳанӯз дар соли 2015 оғоз шуда буд. Худи ҳамон сол дар ҳаёти Қурмаҳмад зани наве пайдо шуд ва ҳамин тавр даъво миёни вай ва хонуми собиқаш оғоз гардид. Ниҳоят Қурмаҳмад Бодуров алайҳи занаш Азиза Атобекова, ки 20 сол бо ҳам зиндагии якҷо доштанд, ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои ҷудо шудан ва тақсими манзили зисташон ариза дод.

Азиза Атобекова.
Азиза Атобекова.

Хости шавҳар ин буд, ки Азиза Атобекова бо ягона духтараш Маҳастӣ хонаро холӣ кунанду Қурмаҳмад бо ҳамсари нави никоҳиаш дар ин хона маскун шаванд. Аммо Азиза Атобекова дар муқобили аризаҳои Қурмаҳмад Бодуров ба додгоҳ шикоят бурд. Ба гуфтаи Азиза Атобекова, додрасҳои додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Қурбонализода ва Инъомзода аризаро нодида гирифта, санадҳои лозимиро се маротиба баргардониданд.

Дар додгоҳ бо Маҳастӣ чӣ гузашт?

Аммо 16-уми феврали соли ҷорӣ додрас Инъомзода Ҳ, Азиза Атобековаро ҳамроҳи ҳамсояаш Зиёда Қодирова ва духтараш Маҳастӣ Атобекова ҳамчун шоҳид ба додгоҳ даъват кардааст. Вақте ин се нафар 16-уми феврал соати 15.00 ба додгоҳ ҳозир мешаванд, додрас Инъомзода онҳоро давоми 1,5 соат қабул намекунад ва баъдан берун баромада мегӯяд, ки вақт надорад. Дар ин ҳолат Азиза Атобекова аз Инъомзода хоҳиш мекунад, ки ақалан духтарашро пурсад, чун вай донишҷӯи Донишгоҳи технологӣ аст ва фардо бояд Кӯлоб равад.

Ҷудоиву даъвои волидайн Маҳастиро кушт, ё омили дигар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Азиза Атобекова мегӯяд, "додрас Инъомзода ба тарафи Маҳастӣ, ки либоси замонавии аврупоӣ дошт бо ҳарфҳои носазо ҳамла кард, ки ин чӣ гуна либоспӯшӣ? Магар инҷо сирк аст”, Ту клоунӣ? Маҳастӣ аз сарзаниши додрас нороҳат шуда, ба шаст берун баромаду хона рафта, ду қуттӣ доруро фурӯ бурд. Ин ҳодиса тахминан соати 18:00, рӯзи 16 феврал рух дода ва Маҳастӣ рӯзи дигараш - тахминан соатҳои 9:30 субҳи 17-уми феврал даргузашт",- гуфт ин модар.

Қурмаҳмад Бодуров
Қурмаҳмад Бодуров

Зиёда Қодирова, ҳамсояи Азиза Атобекова, ки ҳамчун шоҳид дар додгоҳ иштирок дошт, ин саргузаштро тасдиқ кард ва гуфт, ки хеле мутаассиф аст, ки ҳаёти як духтари ҷавон барбод рафт. Бо вуҷуди баҳсҳои судӣ бар сари манзил, ҳанӯз ҳам Азиза Атобекова ва Қурмаҳмад Бодуров зери як бом дар як манзили дуҳуҷрагӣ ба сар мебаранд. Дар як ҳуҷра Қурмаҳмад Бодуров ва дар ҳуҷраи дигар Азиза ва духтараш зиндагӣ мекунанд.

Падар дар марги духтар худро гунаҳкор намедонад

Қурмаҳмад Бодуровро дар ошхонаи “Фарҳанг”-- наздики манзилаш дар хиёбони Неъмат Қаробоев ҳамроҳи дӯстонаш ёфтем. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар марги ягона духтараш Маҳастӣ худро гунаҳкор намедонад.

Вай мегӯяд: "Охир ин суд чор сол боз рафта истодааст. Агар даъво сабаби ҳалокати духтар мешуд, вай аз 14 ё 15-солагиаш ягон кор мекард. Духтар 18-сола шуд, баъд ин кор шуд. Ман худамро гунаҳкор намедонам. Ба хотире, ки агар ҳодисае мешуд, барвақтар мешуд. Ҳозир даъвои судӣ идома дорад ва духтар бо модараш дар суд (додгоҳ) буд ва бо қаҳру ғазаб баромада рафт. Ман чӣ хел гунаҳкорам? Ман бо вай аққалан гап мезадам ё ягон гапаш мегуфтам, хайр мумкин буд, ки гунаҳкорам. Лекин ман гап намезадам, ягон гап нашуд, чӣ ман гунаҳкорам, магар?!”.

Додрас нахост сӯҳбат кунад

Ҳабибулло Инъомзода, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз шарҳи ин қазия худдорӣ кард ва нахост бо хабарнигорои Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шавад. Рӯзи 26-уми феврал ӯ дар дафтари кориаш дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ буд, вале вақте гуфтем, ки журналист ҳастем, ба дастёраш гуфт, ки “Вақт надорад”.

Талоши сӯҳбат тавассути телефон бо Ҳабибулло Инъомзода ҳамчунин натиҷа надод:

“Инъомзода: “Шумо киед, мебахшед?!

- Ман Хуршеди Ҳамдам, хабарнигорам ҳастам.

Инъомзода: Мебахшед, ман ҳозир мурофиаи судӣ медароям.

- Гӯш кунед, бародари азиз. Ман саҳар омадам, қабулам накардед. Баъдан нагӯед, ки аз пеши ман нагузаштед.

-Инъомзода: Саломат бошед!

- Вай модари духтар даъво дорад, ки дар пайи сарзаниши шумо духтараш мурд...”

Вале баъди ин гӯшӣ партофта шуд.

Аммо Исфандиёр Ҳайдарзода, додситони ноҳияи Фирдавсӣ, ки хабарнигорони Радиои Озодиро дар дафтари кориаш пазируфт, дар сӯҳбати бидуни микрофон тасдиқ кард, ки дар ҷараёни ин қазия ҳаст ва падару модари духтарро бозпурсӣ кардааст. Вай тафсилоти бештаре дар бораи ин парванда надод, вале гуфт, ки тамоми маводҳои ҷамъовардашуда ба Додситонии кулл фиристода мешавад.

Дар мавриди қазияи худкушии Маҳастии ҷавонмарг низ чизе нагуфт. Ҳатто ба суоли он, ки дар ин робита оё парванда боз шудааст, гуфт, танҳо мавод ба Додситонии кулл фиристода мешавад. Тибқи қонун, Додситонии кулл ҳақ дорад дар ин робита парванда боз кунад.

"Кӯдакон қурбони худхоҳиҳои волидон мешаванд"

Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик.
Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик.

Дар ҳоле, ки баҳси додгоҳии волидон бо марги танҳо фарзанди онҳо анҷомид, як равоншиноси тоҷик гуфт, марги Маҳастӣ намунаи фоҷеаи кӯдакест, ки қурбони худохоҳиҳову беандешагиҳои волидон шудааст. Вай гуфт, дар амри расидан ба ҳавасу хостаҳои худ, бархе волидон дар бораи рӯҳу равон ва ояндаи фарзанди худ фаромӯш мекунанд ва намефаҳманд, ки ин ҳама зарбаҳои шадиди равонӣ ва ахлоқӣ ба кӯдак ояндаи ӯро зери суол мебарад.

Зарина Кенҷаева, як равоншиноси дигари тоҷик гуфт, волидон бояд бидонанд, ки ҳама амали онҳо ба зеҳни кӯдак таъсиррасон мешавад: "Вақте дар бораи ҳодисаи рухдодаи ин духтараки ноком сӯҳбат мекунем, бояд фаромӯш накард, ки дар давоми чор соли задухурд ё муборизаи оилавӣ худ дар ҳолати стресс қарор гирифта буд. Баъзан вақт яке зарбааки осебпазир, одамеро, ки дар лаби ҷарӣ истодааст, метавонад ба ҷарӣ тела диҳад”.

Равоншинос Кенҷаева бар ин назар аст, ки волидон бояд бидонанд, ки ҳама амали онҳо ба зеҳни кӯдак таъсири амиқи худро мерасонад. Ба ин далел, онҳо бояд кӯшиш кунанд, то дар муноқишаҳои оилавӣ ва мушкилоти худашон, фарзандон латма набинанд.

XS
SM
MD
LG