Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми баррасии парвандаи марги Хоҷаназаров -- додгоҳ ҳукмро эълом мекунад


Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд.

Додгоҳи ҳарбии Суғд баррасии парвандаи ду ходими ҳифзи қонунро анҷом додааст, ки дар шиканҷаву ҳабси ғайриқонунии узви собиқи ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнуи наҳзати исломӣ, гумонбар мешаванд.

Комил Хоҷаназаров, сокини ноҳияи Ашт, ки соли гузашта даст ба худкушӣ зад, пеш аз маргаш ин ходифони ҳифзи қонунро дар шиканҷаву бадрафторӣ нисбаташ айбдор кард. Додгоҳ баъди анҷоми муҳокимаи ин парванда, ки пушти дарҳои баста мегузарад, барои қарори ниҳоӣ ба хонаи машварат рафтааст.

Ҳодисаи худкушии Комил Хоҷаназарови 31-сола, сокини шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт ва узви собиқи ҲНИТ баъд аз он ошкор гардид, ки навори пеш аз худкушии ӯ бо садояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.

Комил Хоҷаназарови 31-сола соли 2017 баъд аз боздошту раҳоӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худкушӣ кард ва дар навори қабл аз худкушиаш, онҳоро дар азобу шиканҷа айбдор намуд.

Як манбаи наздик ба таҳқиқи ин парванда гуфт, рӯзи душанбеи 18-уми июн гуфт, ки дар мурофиаи ахир муфаттиш, вакилони мудофеъ ва айбдоршавандагон суханронӣ карданд ва додгоҳ барои содир кардани ҳукм ба хонаи машваратӣ рафт. Баррасии парванда сар аз моҳи май дар толори додгоҳи ҳарбии Суғд ва зери муҳри "махфӣ" сурат мегирад.

Ходимони ҳифзи ҳуқуқ дар курсии айбдорӣ

Ҳоло дар курсиҳои айбдорӣ дар додгоҳ як корманди пулис ва як ходими амниятӣ нишастаанд. Додгоҳ алайҳи Латифҷон Юлдошев, собиқ масъули Шуъбаи кофтукоби ҷиноии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва Муҳаммад Наимов, корманди пешини шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт, бар пояи 3 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "шиканҷа", "ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан" ва "аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё суд маҷбур сохтан ба додани нишондод", айб эълон кардааст.

Ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтиши ин парванда, ки нахостанд аз онҳо ном бурда шавад, рӯзи 18-уми июн муфаттиши парванда аз додгоҳ талаб кард, ки ба айбдоршавандагон ҷазои ҳабс таъин кунад. Вале вакилони дифоъ зимни суханронии ниҳоии худ гуфтаанд, Латифҷон Юлдошев ва Муҳаммад Наимов дар боздошти ғайриқонунӣ ва азобу шиканҷа додани Комил Хоҷаназаров даст надоранд ва додгоҳ онҳоро сафед карда, аз толор озод кунад.

Шӯҳрат Шамсиддинов, корманди раёсати ВКД дар Суғд, ки низ дар шиканҷа ва боздошти ғайриқонунии Комил Хоҷаназаров гумонбар дониста мешавад, қабл аз боз шудани парванда фирор карда, ҳоло таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи манобеи наздик ба таҳқиқи ин қазия, нисбат ба Шамсидинов парвандаи ҷудогона боз шудааст.

Таҳқиқи худкушии Комил Хоҷаназаров, сокини ноҳияи Ашт ва узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро додситонии ҳарбии Суғд анҷом дода, охири моҳи май барои баррасӣ ба Додгоҳи ҳарбӣ фиристод.

Гумонбарон Латифҷон Юлдошев ва Муҳаммад Наимов моҳи марти ҳамин сол боздошт гардиданд ва замони тафтиши парванда дар боздоштгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Хоҷаназаров аз худкушиаш нақл кард

Ҳодисаи худкушии Комил Хоҷаназарови 31-сола, сокини шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт ва узви собиқи ҲНИТ баъд аз он ошкор гардид, ки навори пеш аз худкушии ӯ бо садояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Ӯро мақомоти милиса тобистони соли 2017 ҳамроҳи 15 узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва пас аз чанде озод карданд.

Комил Хоҷаназаров дар навори пеш аз худкушиаш нақл кард, ки замони дар боздошт будан шиканҷа шуд ва маъмурони милиса танҳо баъди гирифтани маблағ раҳояш карданд. Инчунин, ба нақли ӯ, маъмурони милиса баёноти ӯро, ки соли 2014, яъне дар замони фаъолияти қонунии ҲНИТ ба сафи ин ҳизб даъват шуда буд, бо зӯру шиканҷа ба соли 2016, яъне пас аз як соли баста будани ин ҳизб иваз кардаанд.

Ин сокини ноҳияи Ашт дар навори пеш аз худкушиаш нақл кардааст, ки бо ин ҳам азобаш поён наёфт ва маъмурони милиса ҳар дафъа ба бозпурсӣ даъват карда, таҳти фишору шиканҷа қарор медодан ва маҷбур мекарданд бар зидди ҳамҳизбони собиқаш баёноти дурӯғ диҳад

Вакили дифоъ: Масъалаи "шиканҷа" бе асос аст

Пас аз сайри ин навор аввали соли равон дар интернет мақомот мақомот ҷасади Комил Хоҷаназаровро аз қабр берун ва аз нав ташхис карданд ва баъди ошкор шудани изу аломатҳои шиканҷа, парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардид. Дар пайи ин ҳодиса Парвин Комилов, сардори шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт аз кор сабукдӯш гардид. Ҳоло вазифаи ӯро муваққатан як корманди раёсати кумитаи амнияти вилояти Суғд иҷро мекунад.

Моҳи апрел манобеи наздик ба тафтиши ин қазия аз боздошт ва бозпурсии 4 афсари милиса ва ду корманди амният дар робита ба боздошту шиканҷаи Комил Хоҷаназаров ва яке аз онҳо Латиф Юлдошев, масъули Шуъбаи кофтукоби ҷиноии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар доданд.

Вакили дифо: "Юлдошев дар шиканҷа даст надорад"

Вакили дифоъ Бахтиёр Насруллоев, ки Юлдошев ҳимоят мекунад, қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ зерҳимояашро беасос барои "шиканҷа" айбдор кардаанд ва Юлдошев дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров даст надошт. Ин вакили дифоъ афзуд, ба сабаби "махфӣ" будани парванда ҷузъиёти аз ин бештарро дар ҳимояти зерҳимояаш дар толори додгоҳ баён хоҳад кард.

Ҳодисаи худкушии сокини ноҳияи Ашт Комил Хоҷаназаров баъд аз боздошти мақомот аз камшумор мавридҳои дар шиканҷаи сокинон айбдор эълон кардани афсарони милисаву амниятӣ аст.

Ӯ, ба қавли наздиконаш, дар ягон донишгоҳ таҳсил накарда, соли 2014 ба сафи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ пайваста, соли 2015, пеш аз онки ҳизб расман аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шавад, тарк карда будааст. Ӯро мақомоти милиса тобистони соли 2017 ҳамроҳи 15 узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва пас аз чанде озод карданд.

Падари Хоҷаназаров: "Аз даст додани фарзанд сахт аст"

Аммо рӯзи 28-уми август, як рӯз пеш аз онки ба бозпурсии дубора ба Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, биравад, даст ба худкушӣ зад. Аксари онҳое, ки дар ноҳияҳои Суғд боздошт мешаванд, барои бозпурсӣ ва баррасии парвандаашон ба Хуҷанд интиқол меёбанд. Мурод Хоҷаназаров, падари Комил Хоҷаназаров бо ҳамсар ва ду писару як духтари дигараш дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашт зиндагӣ мекунад.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ моҳи марти имсол гуфта буд, ки ташхиси ҷасад, шиканҷа шудани фарзандашро нишон додааст. Ӯ мегӯяд, Комил фарзанди дувуми хонавода буд ва дарди аз даст доданаш хеле сахт аст. "Ҳар падаре, ки писарашро гум мекунад, чӣ эҳсос дорад? Фарзандро калон мекунӣ, аммо кор як рӯз ба ин шакл тамом мешавад. Азият мекашед",-афзуд ӯ.

Нигаронии ҲНИТ аз боздошту таъқиби аъзоёни собиқаш

Бозбинии додгоҳии парвандаи боздошти ғайриқонунӣ ва "шиканҷа"-и як узви собиқи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт дар ҳоле ба марҳалаи поёнии худ расид, ки ҳафтаи гузашта ин ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯъ бо пахши як баёния, аз боздошту таъқиби аъзоёни собиқаш ва хонаводаҳои онҳо дар дохили кишвар, нигаронӣ кард.

Дар баёнияи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки субҳи душанбеи 11-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, аз ҷумла омадааст, ки аз нимаи дувуми соли 2017 ба ин тараф ҳудуди 100 нафар аз аъзои собиқи ин ҳизб ва хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон мавриди боздошт ва таъқиб қарор гирифтаанд. Аммо мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ин изҳороти ҲНИТ-ро "беасос" хонданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG