Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҷинояте мақомотро хабардор кардаму... радди маърака шудам"


Муртазо Зубайдов.
Муртазо Зубайдов.

Як сокини ноҳияи Панҷакент мегӯяд, зикри номаш ба ҳайси шоҳид дар парвандаи марбут ба қочоқбарони маводи мухаддир зиндагии ӯро дигар кард.

Ҳама “буз” гуфта, аз ман рӯй гардонданд. Касе ҳамроҳам гап намезанад. Ариза навиштам, ки нафаре номи маро фош кардааст, ҷазо дода шавад

Муртазо Зубайдов, сокини 47-солаи деҳаи Фороби Панҷакент, гуфт, соле пеш ба мақомот бо шарти махфӣ мондани исмаш дар бораи ду кочоқбари маводи мухаддир хабар расонд. Ӯ рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси хабари ӯ дар пайи як амалиёт чаҳор нафар боздошт шуд. Шарт ин буд, ки исмаш махфӣ мемонад. Аммо Зубайдов мегӯяд, пас аз чанд моҳи тафтиш маълум шуд, ки исми ӯ дар парванда ҷой шудааст ва гумонбарон аз ин бохабар гардиданд.

“Баъди ин рӯзам дар деҳа сиёҳ шуд. Гуфта буданд, ки мо номи туро ба ҳеч кас намегӯем. Аммо вақте парвандаро дар додгоҳ хонданд, номи ман дар ҳафт ҷо навишта шудааст. Ҳама “буз” гуфта, аз ман рӯй гардонданд. Касе ҳамроҳам гап намезанад. Ариза навиштам, ки нафаре номи маро фош кардааст, ҷазо дода шавад, то ба ҳол ҳеч амале нест. Ман қарзи шаҳрвандиамро анҷом додам, аммо дар бало мондам”, - нақл кард ӯ.

“Ҳама аз ман гумонбаранд”

Панҷакент.
Панҷакент.

Ин мард мегӯяд, ҳоло ҳар нафаре бо ҳар иттиҳоме дар деҳа боздошт шавад, ангушти ишора ҳамчун хабаррасон ба сӯи ӯ дароз мегардад. “Писари холаамро бо гумони ифротгароӣ боздошт карданд. Бечора чаҳор кӯдак дорад. Ба ҳайси шоҳид даъват карданд, гуфтам, ки намедонам. Вале боз ҳама аз ман гумонбар аст. Хешу табор низ аз ман рӯй гардонд”, - мегӯяд ин сокини ноҳияи Панҷакент.

Муртазо Зубайдов мошини боркаши шахсӣ дорад ва зиндагии хонаводааш аз ин ҳисоб аст. Ҳоло дар даст бастаи ариза ба Душанбе омадааст, то шикояташро дар ин бора ба Додситонӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент супорад.

Ҳамдеҳагон: «Фикр кардем, ӯ бегуноҳонро мефурӯшад»

Рашид, як сокини деҳаи Фороби Панҷакент гуфт, мардум ду нафари боздоштшуда аз он чаҳор нафарро бегуноҳ медонанд ва ба ҳамин хотир андешаашон нисбат ба Муртазо дигар шуд. Ӯ гуфт, “қонунҳои давлатро мефаҳмем, вале вақте бо хабарҳои росту дурӯғ мардумро ташвиш медиҳанд, ҳамин хел фикр пайдо мешавад. Гунаҳкор будани он боздоштшудаҳоро намедонам, вале мардум мегӯянд, ду нафараш бегуноҳ буд.”

“Шоҳид буд, на хабаррасон”

Маъмулан ниҳодҳои интизомӣ дар баробари ҳамкорони расмӣ, бо бархе аз шаҳрвандон ба таври махфӣ ҳамкорӣ мекунанд ва дар ошкор шудани ҷиноятҳо аз онҳо маълумот мегиранд. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон афроде, ки пинҳонӣ бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ ва мақомотро аз ҷиноят огоҳ мекунанд, бояд номашон пинҳон бимонад.

Як манбаъ дар мақомоти тафтишотии вилояти Суғд рӯзи 22-юми феврал гуфт, намедонад, оё боздошти кочоқбарон дар Панҷакент бо кумаки Муртазо Зубайдов имконпазир шудааст ё не, аммо медонад, ӯ дар ин парванда ҳамчун шоҳид сабт шудааст. “Даҳҳо нафар барои ошкор кардани ҷиноят бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, вале номи ягон нафари онҳо ошкор намешавад. Зубайдов ҳам агар ҳамчун хабаррасон мешуд, исмаш ҳеч гоҳ ошкор намешуд. Ӯ шоҳид буд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

“Хабар додан ифтихор бошад, на айб”

Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамкории сокинон бо мақомот ба сахтӣ пеш меравад. Баъзе шаҳрвандон, ки таҷрибаи ин ҳамкориро доранд, мегӯянд, дар ниҳояти амр ҳамкории онҳо бо ин ниҳодҳо фош мешавад ва онҳо зери фишори хонаводаи боздоштшудаҳо қарор мегиранд. Дар ҳолатҳои бадтар аз ин, боздоштшуда бидуни муҷозот мемонад ва барои қасд гирифтан аз хабаррасон ба истилоҳ дандон тез мекунад.

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Солеҳ Латипов, муфаттиши бознишастаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, кор бо хабаррасонҳо сирри касбӣ ба шумор меояд ва дар ҳеч сурат бояд ошкор нашавад, зеро як иштибоҳ метавонад, чанд нафарро аз ҳамкорӣ бо мақомот дилсард кунад.

“Дар таҷрибаи корӣ ёд надорам, ки ягон хабаррасон фош шуда бошад. Баръакс, ба онҳо тӯҳфаҳои пуливу молӣ дода мешавад. Мақсади ҳама оромии ҷомеа аст ва барои ҷомеаи орому осуда фаъол будани хабаррасонҳо муҳим аст. Дар кишварҳои пешрафта хабар додан аз ҷиноят ифтихор аст, на айб. Дар мо ҳам бояд ин мафкура иваз шавад”, - гуфт ин собиқадори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксаран сокинон аз хабар додан аз ҷиноят ва пешгирии он худдорӣ мекунанд. Ахиран бархе рӯҳониён дар намозҳои ҷумъа аз сокинон даъват карданд, ки бо мақомот дар самти хабар расондан аз ҷиноят ё афроди шубҳаовар ҳамкорӣ кунанд. Онҳо гуфтаанд, хабар расонидан аз ҷиноят гуноҳ набуда, балки иҷрои масъулияти шаҳрвандиву имонии мусалмон аст.

XS
SM
MD
LG