Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси духтари қазоқ дар WhatsApp баҳонаи ошӯб дар кони нафт шуд. ВИДЕО


Пулиси Қазоқистон шӯриш ва бетартибии коргарони кони нафти Тенгизро дар вилояти Атирау таҳқиқ мекунад. Дар ин ҷо занозанӣ барои акси шаҳрванди Лубнон бо зани қазоқ ба ошӯби оммавӣ сабаб гашт.

Дар ошӯб садҳо нафар ширкат карда, раҳбарони кон маҷбур шудаанд, фавран ҳамаи хориҷиёнро аз ҳудуди он бо автобусҳо берун баранд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, шӯришро хомӯш кардаанд ва ҳоло тафтиши ҳодиса ҷараён дорад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, наздик ба 30 нафар захмӣ гаштаанд ва эҳтимол меравад, онҳо асосан хориҷиёнанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд ва дар он дида мешавад, ки даҳҳо нафар, ки сарулибоси коргарони конро ба ба доштанд, ҳамкорони хориҷии худро, ки асосан араб ва турканд, латукуб мекунанд ва сипас тудае аз онҳо автобусҳои дар ҳоли гузарро сангборон.

Дертар дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Атирау хабар дод, ки коргарони Сohsolited Contracting Endihering and Prourement S.A.L Offshore (CСЕР) барои дар паёмакрасони WhatsApp нашр шудани акси духтари қазоқ аз тарафи шаҳрванди Ливия Алӣ Довуд даст ба эътироз задаанд.

"[Коргарон] аз он норозиянд, ки дар ин акс марди хориҷӣ мухобира ё ратсияеро тавре нигоҳ медорад, ки мавҷгири он ба тарафи духтар нигаронда шудааст", – гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуот. Коргарони CCEP ин аксро таҳқиромез донистаанд.

Бино бар маълумоти мақомот 30 нафар захмӣ гаштаанд. Ҳоким ва додситони вилоят ба ин корхона сафар кардаанд, то бо коргарон мулоқот намоянд.

Дар гуфтугӯ бо хабарнигорони Бахши қазоқии Радиои Озоди -- "Азаттык" яке аз коргарон нақл кардааст, ки "бахше аз мардуми маҳаллӣ аз шароити нобаробари кор миёни онҳо ва хориҷиён норозӣ буданд ва дафъатан баъд аз нашр шудани акс ба тазоҳурот баромаданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ошӯб наздики 15 ҳазор нафар ширкат кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG