Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна 52 муҳоҷир дар "қафаси оҳанин" сӯхтанд? ВИДЕО


Акси даҳшатбори автобуси ҳомили муҳоҷирон, ки дар роҳ ба сӯи Русия сӯхт ва ҳеч осоре аз шишаву намуди аввалияаш боқӣ намонд, ду рӯз боз дар сархати расонаҳо қарор дорад.

Бекорӣ ва камбуди даромад дар ватан онҳоро водор мекунад, ки дар шаҳру манотиқи мухталифи Русия дар бахши сохтмон, тиҷорат ва хадамоти дигар фаъолият кунанд.

Дар сӯхтори 18-уми январ, ки тамоми ҷузъиёташ бояд аз ҷониби сохторҳои тафтишотии Қазоқистон ва Узбекистон таҳқиқ шавад, 52 нафар -- аксар шаҳрвандони Узбекистон ба ҳалокат расида, танҳо панҷ нафар – ду муҳоҷири узбак ва се шаҳрванди Қазоқистон бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол ёфтанд. Табибон гуфтанд, ки ба саломатии ин панҷ нафар марг таҳдид намекунад ва ҳолаташон мӯътадил аст.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар робита бо марги шаҳрвандонаш ба хешовандони онҳо изҳори ҳамдардӣ кард. Ӯ ҳамчунин гурӯҳи вижаеро ба Қазоқистон фиристод, то дар ҷараёни таҳқиқу шиносии ҷасадҳо ва сабаби сар задани фоҷеа бо мақомоти қазоқ ҳамкорӣ кунанд.

Чӣ гуна 52 муҳоҷир дар "қафаси оҳанин" сӯхтанд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:23 0:00

Рӯзи 19-уми январ дар вебсайти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон номи қурбониёни ҳодиса нашр шуд. Инчунин, хабар дода шуд, ки аз миёни ҳамаи ҷасадҳо ҳувияти 44 нафар маълум шудааст. Шиносоии ҷасадҳои дигар идома дорад. Раиси департаменти тандурустии вилояти Оқтеппаи Қазоқистон гуфтааст, ҷасадҳо сӯхтаанд ва аз зоҳир шинохтани онҳо амри маҳол аст. Дар робита бо ин ҷараён санҷиши генетикӣ шурӯъ шудааст.

Автобуси навъи “Икарус”, ки субҳи 18-уми январ аз ҳудуди деҳаи Калибои вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар шоҳроҳи Шимкент-Самара ба самти Русия ҳаракат мекард, аз дохил оташ гирифт. Сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Руслан Имонқулов гуфт, сӯхтор дар натиҷаи "тамоси барқӣ" дар дохили автобус ба амал омад. Дар аввал панҷ нафар тавонистаанд автобусро тарк кунанд, вале бо сабаби баста будани роҳи бурунрафт аз дохили автобус дигарон дар дохил дармонда, ба ҳалокат расидаанд.

Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Турғумбоев шоми панҷшанбе дар як нишасти матбуотӣ дар Оқтеппа гуфт, таҳқиқи онҳо нишон дод, ки дар сӯхтори автобус нишонаҳои ҷиноят ба назар намерасад. Вай гуфт, ин ҳодиса, ба эҳтимоли ғолиб, “як ҳодисаи нохуш” аст.

Турғумбоев инчунин гуфт, дар дохили автобус ҳангоми рух додани ҳодиса 57 нафар қарор дошт. Автобус дучори садама нашудааст. Вай гуфт, дар баёноти худ панҷ нафари зиндамонда гуфтаанд, ки нахуст дар дохили автобус сӯхтор ба амал омад. Дуди ғализе паҳн шуд ва бисёриҳо дар ҳамон лаҳзаҳо заҳролуд шуданд.

Нишасти хабарии мақомоти қазоқ дар бораи садамаи автобуси муҳоҷирони узбак.
Нишасти хабарии мақомоти қазоқ дар бораи садамаи автобуси муҳоҷирони узбак.

“Вақте автобус истод, яке аз дарҳоро боз карданд. Вуруди мавҷи оксиген боис ба аланга гирифтани дохили автобус шуд. Азбаски дар дохил бору бағоҷи зиёди мусофирон буд, мусофирон сари вақт аз дохил ба берун баромада натавонистанд. Автобус аз ду ошёна иборат буд ва мусофирон дар ошёнаи ду ва бағоҷашон дар ошёнаи аввал буд. Азбаски бору бағоҷ оташ гирифт, алангаи калоне паҳн шуд”, - гуфт муовини вазири умури дохилии Қазоқистон.

Як узви дигари комиссияи давлатӣ - муовини аввали вазири сармоягузориву рушд Роман Скляр гуфт, автобус ба самти шаҳри Қазон ҳаракат мекард. Вай гуфт, ин автобус бо интиқоли доимии мусофирон машғул набуд. Дар як санҷиши рӯзи 18-уми январ маълум шуд, ки ин автобус бори охир соли 2015 аз санҷиши техникӣ гузашта, баъди соли 2016 ҳеч гоҳ дигар назорат нашуда буд.

Ҳоло табибоне, ки бо осебдидаҳо кор мекунанд, мегӯянд, ҳолати равонии онҳо хеле сангин аст. Бархе муҳоҷирон дар фоҷеа хешовандони худро аз даст додаанд. “Вазъ дар робита бо ин ҳодиса хеле сангин ва дарднок аст”, - гуфт равонпизишк Жанна Қодирова, ки дар миёни дигар ҳамкасбонаш бо осебдидаҳо сӯҳбату кор мекунад.

Ба Русия солона то ду миллион сокини Узбекистон барои кору зиндагӣ мераванд. Бекорӣ ва камбуди даромад дар ватан онҳоро водор мекунад, дар шаҳру манотиқи мухталифи Русия дар бахши сохтмон, тиҷорат ва хадамоти дигар фаъолият кунанд.

Онҳое, ки имкони молии беҳтар доранд, аз роҳҳои ҳавоӣ ва онҳое, ки имконияти маҳдуд доранд, тавассути қатори роҳи оҳан ё автобус ба Русия рафта меоянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG