Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳои тоҷикистонӣ волидонашонро фаромӯш кардаанд (Видео)


Аксари мардуми бехонумони Тоҷикистон русҳо ва русзабонҳо мебошанд, ки як қиcса доранд: Замони шӯравӣ ба ин ҷо омадаанд, кор карданд, фарзандонашонро ба воя расонданд ва имрӯз ба касе даркор нестанд.

Игор Висотский мутахассиси соҳаи нақбканӣ аст. Ӯ ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо хонаводааш солҳои 80-ум барои бунёди нерӯгоҳи Роғун омада буд. Соли 1998 дар Узбакистон ӯ нохост як шиносашро ба қатл расонд ва барои 10 сол пушти панҷара рафт. Баъд аз адои мӯҳлати ҷазо, Висотский ба Тоҷикистон баргашт. Вале дар ин ҷо ӯро дигар касе мунтазир набуд. Ҳасараш шавҳари дигар кард, фарзандони баркамолаш ба Русия рафтанд, хонаи хизматиро бошад аз ӯ бозпас гирифтанд. Ҳоло ҳашт сол мешавад, ки ин собиқ бинокор дар кӯча зиндагӣ мекунад.

Вале бо ин ҳам аз афроди дигари бе ҷойи зист фарқ дорад. Кӯшиш мекунад аз партовгоҳҳо дур бошад, то бемор нашавад. Бо он имконияте, ки дорад, талош дорад аз худаш муроқибат намояд: "Барои зиндагӣ кӯшиш мекунам. Росташро гӯям, дар партовгоҳҳо намегардам. Ман баъзеҳоро мебинам, ки ҷавону тануманданд. Равед кор кунед, кор ҳаст ку! Ман бошам маълулам, дар куҷо кор кунам? Барои ҳамин маҷбурам талбандагӣ намоям."

Игор Викторович барои пайдо кардани кор ҳатто кӯшиш ҳам намекунад. Мегӯяд, маълули 60-солаи бе қайди ҷойи зист ва бар замми ин собиқ маҳбус, ба касе даркор нест. Ба мисли аксари афроди дигари бехона ба хона-интернат рафтан намехоҳад. Чунки дар чунин муассисаҳо арақнӯширо иҷозат намедиҳанд ва ҳамчунин намегузоранд, ки ҳар вақте дилашон хост, раванду оянд: "Бале менӯшам. Вале на бо он ҳадде, ки дар заминҳо хоб бошам. Ба миқдори 2-3 сомонӣ 100-150 грамм арақ менӯшам. Барои ман аз ин зиёд лозим нест. "

Ҳар рӯз Игор Викторович, даҳҳо километрро пиёда тай мекунад. Дар пойтахт ошхонаҳои хайриявӣ барои афроди нодор ва бехона фаъолият мекунад ва ӯ аз ба онҷо меравад. Чанд бор дар як ҳафта Вистоский дар кӯли маркази пойтахт, оббозӣ мекунад ва либосҳояшро мешӯяд.

Ӯ чунин имкониятро танҳо аз охирҳои моҳи апрел то миёнаҳои октябр дорад, зеро дар ин вақт кӯл сероб аст. Зимистонро вай дар марказҳои махсуси афроди бехонумон мегузаронад. "Оббозӣ мекунам, либосҳоямро мешӯям ва дар шохчаҳо меовезам. Як соат мунтазирам мемонам, ки кай хушк мешаванд. Баъдан мепӯшаму роҳамро давом медиҳам."

Чаро русҳои тоҷикистонӣ волидонашонро фаромӯш кардаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Бештари рӯзашро Игор Висотский дар боғе, ки дуртар аз маркази савдои калон ҷойгир аст, бо талбандагӣ сипарӣ мекунад. Инҷо серодам аст ва дар давоми рӯз пули хуб ҳам медиҳанд. Баъзан нону тухми пухташуда, ва хӯрданиро ҳам дар пешаш мегузоранд. Ӯ аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонад: "Гадоӣ мекунам. Ҳар рӯз ҳар хел, гоҳ хуб, гоҳҳо на он қадар. Аммо дар рӯз на камтар аз 20 сомон мешавад. Одамони хуб дар дунё ҳастанд. Ба қадри нонпулӣ медиҳанд."

Игор Викторович кайҳост, ки дар кӯча зиндагӣ мекунад, вале то ҳанӯз ба умед аст, ки рӯзе фарзандон, се духтару як писараш ба ёди падар меафтанд ва ӯро бо худ мебаранд. Ӯ ашк дар дар чашмон мегӯяд,"агар мо волидайн барои фарзандҳоямон лозим бошем, онҳо бояд худашон моро пайдо кунанд. Дар ҳоле, ки онҳо хуб медонанд, ки ман дар ин ҷоям ва ҳолам табоҳ аст. Мехоҳам фарзандонам бароям кӯмак раоснанд, ба навозиши онҳо эҳтиёҷ дорам. Чандин сол онҳоро ба воя расондам. Дар ду ҷой кор мекардам, аммо ҳоло нодаркор шудам. Шояд ин ҳарфҳои ман ба гӯши онҳо мерасад."

Игор Висотский дар боғ дар рӯи алаф мехобад. Дар замин халтаи холиро паҳн мекунад ва болояшро бо боронияш мепӯшонад. Ба вақти боришот ва зимистон таҳхонаву равоқ меҷӯяд, то ин ки ҷойи гармтарро пайдо кунад. Барои ӯ аз ҳама даҳшатнок дар зиндагӣ омадани зимистони хунук аст, ки ҳар сол метавонад барояш охирин бошад.

XS
SM
MD
LG