Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абуалӣ Исматов узвияти Шӯрои мудирони СNG-ро тарк кард


Ягона шаҳрванди Тоҷикистон аз узвияти Шӯрои мудирони ширкати China Nonferrous Gold Limited, молики кони тиллои Покрӯд дар Тоҷикистон хориҷ шуд.

Ягона шаҳрванди Тоҷикистон аз узвияти Шӯрои мудирони ширкати China Nonferrous Gold Limited, молики кони тиллои Покрӯд дар Тоҷикистон хориҷ шуд. Абуалӣ Исматов – танҳо шаҳрванди Тоҷикистон узви Шӯрои мудирони СNG буд ва ҳамчунин мақоми раҳбари иҷрояи ин ширкатро дар кишвар бар ӯҳда дошт. Ҷаноби Исматов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 14 март гуфт, ки тасмими тарки мақом кардани ӯ бо хоҳиши худи ӯ сурат гирифтааст. Дар як сӯҳбати мухтасараш бо радиои Озодӣ ӯ танҳо гуфт:

«Ман бо хоҳиши шахсии худам, ариза навишта хоҳиш кардам, ки маро аз ин вазифа озод намоед”. Рафтани Абуалӣ Исматов аз узвияти Шӯрои мудирони ширкат ва раҳбарии он дар ҳолест, ки ӯ ахиран 100 ҳазор дона саҳмияҳои оддии ширктаи CNG-ро, ки дар даст дошт, бо қимати 24 пенси бритониёӣ ё 46 сенти амрикоӣ фурӯхтааст. Бинобар иттилои ширкати CNG, дар ҳоли ҳозир Исматов 2 миллиону 502 ҳазору 603 саҳмияҳои ин ширкатро дар ихтиёр дорад, ки ҳамагӣ 0,65 дарсади кулли саҳмияҳоро дар бар мегирад.

Саҳимияҳои боқимондаи ин ширкатро чор ширкати зоҳиран чиноӣ - China Nonferrous Metals Int'l Mining Co Ltd - 38,6 дарсад, Guotai Junan Securities - 18,70 дарсад, Golden Max Group - 8,85 дарсад ва ширкати SIX SIS - 8,80 дарсадӣ дар ихтиёр доранд. Ҳамчунин Жао Бин ном як шаҳрванди Чин низ 7,25 дарсади саҳмияҳои ин ширкати СNG-ро дар ихтиёр дорад. Дар миёни ин ҳама ширкатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ Исматов ягона саҳҳомдор ва мансабдори баландпоя дар ширкати CNG, ки судбардори кони тиллои Покрӯд маҳсуб меёфт. Вале акнун шумори саҳмияҳояш аз як фисад ҳам камтар шудаанду ҳам аз мақомаш канор рафт.

Исматов ба суоли Озодӣ, ки чаро саҳмияҳошро фурӯхта аз мақомаш канор рафт, нахост посухи муфассал диҳад ва танҳо гуфт: “канор рафтани ӯ аз ин мансаб ба фурӯши саҳмияҳо иртибот надорад”. Давлати Тоҷикистон саҳмияҳои кони Покрӯдро дар моҳи январи соли 2012 сад дар сад дар ихтиёри ширкати чинии CNG қарор дод. Ин ширкат дар сомонаи расмиаш менависад, ки барои коркарди маъдани кони Покрӯд аз вазорати саноати Тоҷикистон то 2 ноябри соли 2030 муҷаввиз (лисензия) гирифтааст. Ин ширкат 29 декабри солли 2015 эълон кард, ки аввалин хишти тиллоро аз кони Покрӯд истеҳсол кард.

Пас аз қиммати саҳмиҳои ин ширкат, ки дар биржаи Лондод доду ситад мешаванд, аз 24 пенси қаблӣ то 32 пенс ( яъне аз 34 сент то ба 46 сент ) дар ин шаб рӯз боло рафтаанд. Ин ширкат метавонад солона то 2 тонна тило тавлид кунад ва аз соли 2018 ҳаҷми тавлиди тилоро ба 4 тонна дар сол бирасонад. Барои муқоиса, солона аз ҷамъи конҳои Тоҷикистон ҳудуди 2,5 тонна тило истихроҷ мешавад. Захираи тилои кони тилои Покрӯд, воқеъ дар дараи Ромит, дар тақрибан 120-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, тақрибан 4,7 миллион унсия ё ҳудуди 134 тонна баровард мешавад.

Ҳарчанд аз номи ширкат China Nonferrous Gold Limited бармеояд, ки он ба Чин тааллуқ дорад, аммо бинобар иттилои торнамои расмии биржаи саҳоми Лондон аслан ин ширкат дар ҷазираҳои офшории Кайман сабти ном шудааст. Аммо ширкати CNG кони тиллои Покрӯдро ҳоло низ тавасути як ширкати дигари офшорӣ - Kryso Resources Corporation Limited, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст, идора мекунад. Зимнан номи ширкати CNG низ то соли 2013 Kryso Resources Corporation ва танҳо моҳи сентябри ҳамон сол ширкат ба China Nonferrous Gold Limited табдили ном кард.

Кони тиллои Покрӯд ягоне коне нест, ки ба дасти ширкатҳои чиноӣ ва ё марбут ба Чин мегузарад. Дар соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон дар ивази сохтани маркази гармидиҳии Душанбе ду кони тилоро дар ноҳияи Айнӣ–Дуобаи Шарқӣ ва Кумарғи болоро ба ихтиёри ширкати ТВЕА-и Чин мегузорад. Аммо нахустин ширкати чинӣ дар саноати истихроҷи тилои Тоҷикистон Zijin Mining Group аст, ки дар соли 2007 - 75 дарсади саҳмияҳои кони тилои Зарафшон дар ҳудуди ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғдро аз як ширкати Бритониё ба даст овард.

25 дарсади боқимондаи саҳмияҳои корхонаи муштараки “Зарафшон” дар дасти ҳукумати Тоҷикистон аст. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 15 кони тилои захираҳояшон мушаххасшуда вуҷуд дорад. Бино ба иттилои идораи “Геологияи тоҷик”, ҷамъи захираҳои ин 15 кон, ки аксаран дар шимоли Тоҷикистон ва дар кӯҳистони Помир ҷойгир шудаанд, ҳудуди 400 тоннаро ташкил медиҳад. Дар канори ширкатҳои хориҷӣ дар саноати истихроҷи тилои Тоҷикистон чанд ширкати маҳаллӣ, аз ҷумла “Тилои тоҷик” ва “Одина” низ амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG