Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани тоҷик дар зери қатори метрои Маскав ҷон додааст


Дафтари матбуоти полиси шаҳри Маскав мегӯяд, як бонуи 28-солаи тоҷик зери қатори метрои Маскав афтода, дар бемористон даргузашт.

Полиси Маскав мегӯяд, ҷавонзани 28-сола дар истгоҳи марказии "Пушкинская" зери қатор афтод ва баъд аз интиқол ёфтанаш ба бемористони ба номи Склифосовскийи Маскав аз ҷароҳатҳои сахт ҷон бохт. Мутахассисон ҳанӯз муайян карда натавонистаанд, ки ӯ қасдан худро зери қатор партофтааст ё ҳодиса як тасодуф аст. Ба сабаби фоҷиа барои чанд муддат ҳаракат дар масири Таганско-Краспопресненскии метро қатъ шуд. Бархе аз расонаҳои русӣ гуфтаанд, ки ҷавонзан дар ҷойи воқеа даргузаштааст, вале бархи дигар аз интиқол ёфтани ӯ ба бемористон хабар додаанд.

Дар ҳоле ки раҳбари дафтари матбуоти полиси Маскав Алексей Мишляев ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҷавонзан шаҳрванди Тоҷикистон аст, кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки дар бемористон аз маҷрӯҳ дидан кардаанд, мегӯянд, вай бо худ ягон хуҷҷат надоштааст ва биноан сафорат дар ҳоли ҳозир мансубияти марҳумро ба Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда наметавонад. Бо вуҷуди ин Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз полис хостааст, далели ҳувияти ҷавонзанро пешниҳод намояд. Зоҳиран, полис иттилои бештар дорад, зеро синни ҷабрдидаро эълом доштааст.

Намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, бино бар гуфтаҳои духтури навбатдор, пизишкон бахши эҳёи бемористони ба номи Склифософский тамоми кӯшишро кардаанд, ки ҷавонзанро ҳатто дар ивази қатъи даст ва пойҳояш аз марг наҷот диҳанд, аммо бинобар ҷароҳати сангини ҷавонзан ба ин муваффақ нашудаанд.

Дар метрои Маскав солона аз чандин воқеаи дар зери қатори он ба ҳалокат расидани одамон хабар дода мешавад ва аксари онҳоро полис худкушӣ мешуморад.

XS
SM
MD
LG