Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек "дармонданд"


Мақомоти фурудгоҳи "Манас" дар пойтахти Қирғизистон мегӯянд, масъалаи тақрибан 40 мусофири тоҷик, ки субҳи 22 январ дар ин фурудгоҳ дармонданд, ҳал шуд ва онҳо сафарашонро идома доданд.

Ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар гузаргоҳи марзии фурудгоҳи Манас марзбонон “мӯшикофона” тафтиш карда ва муддате ба қаламрави Қирғизистон роҳ надодаанд ва аз ин сабаб ба теъдоде аз онҳо муяссар нашудааст, ки худро саривақт ба парвозҳои баъдиашон бирасонанд. Нурхон Тоҷибоева, сухангӯи фурудгоҳи Манас ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ мушкиле дар вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон пеш омад, вале зуд ҳал шуд: “Гузаргоҳи сарҳадии Хадамоти марзбонӣ, ки дар қаламрави фурудгоҳи Манас қарор дорад, кадом як дастуре гирифтааст, ки бинобар вазъи бавуҷудомада дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар робита ба эҳтимоли фаъолиятҳои ифротгароӣ дақиқтар тафтиш кунанд. Аммо ҳамаи онҳоро ҷавоб доданд . Масъала алакай ҳал шудааст.”

Дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳам ба Радиои Озодӣ таъйид карданд, ки ба иллати “мушкили фаннӣ”-е теъдоде аз шаҳрвандони кишвар дар фурудгоҳи Манас барои муддате дармонданд, вале баъдан ба сафари худ идома доданд.

Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҳеҷ мушкиле дар роҳи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон эҷод накардаанд. Гулмира Борубаева, раиси дафтари матбуоти ин хадамот ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳеҷ гуна амру фармоне барои тафтиши дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон нарасидааст. Вақте шаҳрвандон аз гузаргоҳи марзӣ мегузаранд, дар ҳар кишвар ба онҳо суолҳои маъмулӣ дода мешавад ва ҳамин кор бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шуд. Ва мо наметавонем бигӯем, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон ғаразмандона муносибат кардаанд.”

Ҳанӯз маълум нест, ки оё тафтиши тӯлонӣ ва дармондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар майдони транзитии фурудгоҳи Манас сабаби аз парвоз мондани шаҳрвандони кишвар шудааст, ё не. Вале онгуна ки Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр”, ки аз Бишкек парвоз мекард, бидуни таъхир ва дар соати муайяншуда ба пойтахти Тоҷикистон расидааст: “Ҳеҷ гуна таъхир нашудааст, мувофиқи ҷадвал парвоз кард.”

Эҷоди мушкил дар роҳи ҳаракати шаҳрвандони Тоҷикистон як нишондиҳандаи дигари таниш миёни ду кишвар аст, ки баъд аз низоъи рӯзи 11 январ сар зад. Дар он рӯз марзбонони тоҷику қирғиз дар наздикии як рустои наздимарзии ноҳияи Исфара, сари як қаламрави баҳсбарангези сарҳадӣ ҷанҷол ва сипас тирандозӣ карданд, ки дар натиҷа ду афсари тоҷик ва 5 марзбону як милиса аз Қирғизистон захмӣ шуданд. Баъди ин муноқиша Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон баст ва дар вилояти Ботканд тамринҳои низомӣ баргузор кард, ки онро як навъ намоиши нерӯ ҳам арзёбӣ мекунанд.

Мақомоти ҳарду кишвар ҳарчанд ба собиқаи дӯстиву рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ таъкид мекунанд, аммо баёнияҳои пайвастаи интиқодии мақомоти Қирғизистон ва чопи ду мақола дар рӯзномаҳои расмии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вазъ онгуна ки ба назар мерасад, оддӣ нест.

Аз ҷумла дар мақолае, ки хабаргузории расмии “Ховар” ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” - минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон - рӯзи 22 январ нашр кардаанд, муаллиф Тоқон Мамитов, нахуствазири Қирғизистонро фарди бесалоҳияте номида, гуфтааст, ки маҳз ӯ сарчашмаи тамоми мушкилот дар таъйину аломатгузории марзи ду кишвар аст ва мехоҳад, бо барангехтани муноқишаҳо вазъ дар Тоҷикистону минтақаро ноором кунад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз танҳо 504 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда, ба гуфтаи як раҳбари ҳайъати Қирғизистон дар музкироти марзӣ, аз соли 2006 ба ин сӯ ягон километр марзи ин кишвар бо Тоҷикистон аслан аломатгузорӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG