Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Фармони тарконидани марказҳои тиҷоратиро "Абу Усомаи Норакӣ" додааст. ВИДЕО, САДО


Мақомоти интизомии Русия Тоҷиддини Назаров, як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро, ки дар сафи гурӯҳи мамнӯи ба ном “Давлати исломӣ” эҳтимолан бо лақаби Абу Усомаи Норакӣ фаъолият мекунад, масъули омода кардани се нафар барои анҷоми амалҳои интиҳорӣ дар Маскав номидаанд.

Ин се шаҳрванди Тоҷикистон, ки ахиран дар Маскав боздошт шудаанд, гӯё бо амри ин таблиғгари ДИИШ амал мекарданд ва ҳадафашон анҷоми ҳамлаҳои маргталабона дар пойтахти Русия будааст.

Матбуоти Русия аз қавли ФСБ - Хадамоти федеролии амният рӯзи 16

Гӯё боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки моро “Абу Усомаи Норакӣ” ба ин кор омода мекард

август навишт, ки се шаҳрванди Тоҷикистон бо фармони Т.М.Назаров мехостанд дар маконҳои серодами Маскав таркишҳои террористӣ анҷом диҳанд. Дар ҳоле, ки мақомот дар Тоҷикистон ҷузъиёти бештари марбут ба ин боздоштҳову нақшаҳои эҳтимолии гумонбаронро дар даст надоранд, вале мегӯянд, барои кӯмак дар тафтишот ва ҳам мушаххас кардани ҳуввияти гумонбарон бо ҳамтоёни русашон ҳамкорӣ мекунанд.

Рӯзи 16 август як манбаъ дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон, ки аз ҷараёни қазия огаҳ аст, ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, манзури тафтишоти Русия Назаров Тоҷиддин Мирзораҳимович, як сокини деҳаи Узбеклангари шаҳри Норак аст. Ба иттилои мақомоти тоҷик, Назаров соли 2014 ба узвияти гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваста, дар қаламравҳои зери назари ин созмони мамнӯъ бештар ба ҳайси таблиғгари ДИИШ кор кардааст. Мақомот бовар доранд, ки Назаров дар сафи ДИИШ бо лақаби "Абу Усомаи Норакӣ" фаъолият мекунад ва як шахси хатарнок маҳсуб меёбад.

Русия: Фармони тарконидани марказҳои тиҷоратиро "Абу Усомаи Норакӣ" додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим

Абу Норакӣ - хатарноктарин таблиғгари ДИИШ

Ин шахсро мақомоти тоҷик аз охири соли 2014 аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “зархаридӣ” дар пайгард қарор додаанд. Ин намояндаи сохтори интизомии Тоҷикистон гуфт, ки Русия иттилои эҳтимолии даст доштани Назаровро дар ин қазия дастрас кардааст, вале ҳанӯз далели пурра надорад, ки воқеан ҳам ин шахс метавонист фармоишгари ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ дар Маскав бошад.

Вай гуфт, “ба ҷуз маълумоти умумӣ” Русия барояшон ҷузъиёти зиёд надодааст. “Гӯё боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки моро “Абу Усомаи Норакӣ” ба ин кор омода мекард”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо. Рӯзи 14-уми август додгоҳи Лефортовои Маскав қарори ҳабси пешакии Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов - се шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми омодагӣ барои анҷоми амалҳои террористӣ дар пойтахти Русия содир кард. Ин нафарон бояд то охирҳои октябр дар боздошт нигаҳдорӣ шуда ба саволҳои тафтишот посух диҳанд.

"Абу Усомаи Норакӣ" кист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

Ба ҷуз иттилои расмӣ дар бораи боздошти ин афрод ҳанӯз ҷузъиёти дигари марбут ба ҳуввияти онҳо, кору зиндагӣ ва машғулиятҳояшон дар Русия дар даст нест. Танҳо мушаххас шудааст, ки онҳо сокинони навоҳии дурдасти кишвар мебошанд. Ҳамчунин мушаххас нест, ки то куҷо боздоштшудаҳо худро воқеан ҳам дар иттиҳомоти пешакӣ гунаҳгор арзёбӣ мекунанд. Дар хабарҳои расмии матбуоти Русия аз қавли ФСБ гуфта шуд, ки гӯё ду боздоштшуда иттиҳомоти воридаро эътироф карда як нафар худро бегуноҳ номидааст.

Мурофиаи ҳабси пешакӣ дар пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин замина иттилои зиёд надоранд. Ҳамчунин феълан маълум нест, ки оё боздоштшудаҳо ба вакили дифоъ дастрасӣ доранд ё на ва то куҷо баёноти онҳо довталабона ва бидуни фишор ба даст омадааст. Тоҷиддин Назаров ё худ “Абу Усомаи Норакӣ”-ро мақомот аз “хатарноктарин таблиғгарони ДИИШ” медонанд.

Паёми охирин аз зинда будани Гулмурод буд

Ба иттилои мақомоти тоҷик, ин шахс дар ҷалби ҷавонҳои тоҷик ба сафи ДИИШ тавассути Интернет хеле фаъол буда дар давоми наздики се соли узвияташ дастикам ҳафт шаҳрванди Тоҷикистонро водор кардааст, ки ба Афғонистон рафта ба сафи гурӯҳҳои шӯришӣ бипайванданд. Зимнан, охирин паёми аудиоӣ, ки бовар меравад аз забони худи Назаров сабт шуда рӯзи 3 августи имсол дар Интернет пахш шуд, иддао мекунад, ки Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик зинда аст.

Абу Усомаи Норакӣ
Абу Усомаи Норакӣ

Садои Назаровро дар хонаводаи падар дар шаҳри Норак ҳам шинохтанд. Падари 60-солааш, Маҳмадраҳим Назаров ба радиои Озодӣ гуфт, ки писараш бо онҳо аслан тамосе надорад ва онҳо дар бораи шароити зиндагиву фаъолияти ӯ аслан маълумот надорад.

"Раҳнамои терроризм"

Маҳмадраҳим Назаров, ки ошкоро писарашро маҳкум мекунад, гуфт, дар бораи фаъолиятҳои писар дар сангари ДИИШ гоҳо аз мақомоти интизомӣ хабарҳо дарёфт мекунад ва чизеро дар ин замина тасдиқ ё рад карда наметавонад. Ин мард гуфт, аз замони пайвастанаш ба ДИИШ Тоҷиддин ҳеҷ гоҳ бо онҳо тамосе надоштааст. Дар хабари матбуоти Русия аз қавли ФСБ гуфта мешавад, ки гӯё раҳнамои гумонбарон дар таҳияи нақшаи ҳамлаи интиҳорӣ дар Маскав “нафаре бо исми Назаров Т.М.” буда, ба ҳамватанонаш ҷузъиёти нақшаи ҳамла, васоил ва методи таҳияи маводи таркандаро таълим додааст.

Гӯё ин нафар гуфтааст, ки дар фурсати баъдӣ таърихи дақиқи анҷоми ҳамлаҳо маргталабонаро ба онҳо хабар медиҳад. Санҷидани дурустии ин ҳарфҳо тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Мақомоти тоҷик ҳам феълан мегӯянд, дар робита бо ин қазияву ҷузъиёташ иттилои зиёд надоранд.

Хадамоти федеролии амният гуфтааст, ки дар миёни боздоштшудаҳо як мутахассиси омодакунандаи маводи тарканда ва ду фарди анҷомдиҳандаи таркиши маргталабона мебошанд. Дар наворе, ки ниҳодҳои амниятии Русия аз ҷараёни боздошти ин афрод дар як манзиле дар Маскав нашр карданд, инчунин автомати Калашников, норинҷак ва дигар маводи тарканда ошкор шудааст. Инчунин субҳи 15 август сохторҳои ҳифзи қонуни Русия аз ошкор шудани як захирагоҳи азими силоҳ дар атрофи шаҳри Маскав хабар дода ва гуфтанд, ки иртиботи онро бо гумонбарони боздоштшуда дар терроризм мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони ҳамкорӣ бо ДИИШ ва нияти анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия чор моҳ баъди як ҳамлаи террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург сурат мегирад.

Сарнавишти Азимовҳо аз Қирғизистон ва шубҳа дар кори тафтишот

Рӯзи 3 апрел дар паи таркиш дар як қатори метрои шаҳри Санкт-Петербург 15 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуд. Аз рӯи ин ҳодиса 10 нафарро дастгир карданд. Тафтишот сокинони Қирғизистон – бародарон Аброр ва Акрам Азимовҳоро ташкилкунандаи ҳамла эълон карданд.

Аброр Азимов
Аброр Азимов

Рӯзи 19 апрел Хадамоти федеролии амнияти Русия навори боздошти Акрам Азимов дар Маскавро пахш кард. Модари Азимов боздошти ӯро "саҳнасозӣ" номид ва гуфт, ки чанд рӯз пеш аз ин кормандони Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон писари ӯро аз бемористони хусусии Уш берун оварда, ба хадамоти махсуси Русия супурданд. Охири моҳи июл боздоштшудаҳо аз шиканҷа шуданашон дар “зиндони махфӣ”-и ФСБ шикоят карданд. Вакили онҳо Дмитрий Динзе гуфт, ки баъди ин кормандони хадамоти махсус Аброр Азимовро муҷбур карданд, ки шикояти худро дар мавриди шиканҷа бозпас бигирад, вагарна худаш ва наздиконаш кушта мешаванд.

Муҳоҷират ба Русия истгоҳи охир нест

Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мегӯянд, мушаххас шудааст, ки аксари шаҳрвандони ин кишварҳо, ки ба узвияти ДИИШ пайвастаанд, ба ҳангоми кору зиндагӣ дар Русия ба ин гурӯҳ шомил шуда ба Сурияву Ироқ сафар кардаанд. Русия солҳои охир барои миллионҳо тоҷикистониҳо ва мардуми Қирғизистону Узбакистон макони аслии кору даромади мавсимӣ шудааст.

Таҳлили сохторҳои интизомӣ нишон медиҳад, ки дар ҳамин сафарҳо гоҳо шаҳрвандони мусалмонтабори ин кишварҳо ба ҳам омада дар маҳфилҳои гурӯҳӣ ба доми таблиғгарони ДИИШ меафтанд. Онҳое, ки дар Русияи дучори бӯҳрони иқтисодӣ кору даромади дуруст намеёбанд ваё эҳсосоти мазҳабиашон мавриди истифода қарор мегирад, даъват ба Сурияву Ироқро илоҷи кору зиндагӣ дармеёбанд. Шумори ҷангиёни тоҷикистонӣ дар ин қаламравҳо аз 1100 нафар бештар арзёбӣ мешавад ва аксари онҳо, бино ба таҳлилҳо, маҳз баъди муҳоҷират ба Русия ба қаламравҳои ДИИШ сафар кардаанд.

XS
SM
MD
LG