Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC. Бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" бе тамошобин мегузарад. ВИДЕО


Бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд" бе ҳузури мухлисон мегузарад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020 бе тамошобин баргузор мешавад. Дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 10-уми март дар Душанбе, дар меҳмонхонаи Taj Palace”, бо ҳузури масъулини AFC ва Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода шуд. Cармураббиёни ҳарду бошгоҳро ин ҳолат нигарон кардааст.

Виталий Левченко, сармураббии дастаи Истиқлол”:

"Мутаассифона, муҳити бозӣ ба иллати бе мухлисон доир шудани он барои мо хуш нест. Зеро бошгоҳи мо мухлисони зиёд дорад ва мо аз кумаки бозигари 12-ум маҳрум шудем. Вале умедворам, ки онҳо бозии моро тариқи пахши мустақим тамошо хоҳанд кард."

Никола Лазаревич, сармураббии дастаи “Хуҷанд”:

"Ин фазои футболӣ нест. Махсус дар Хуҷанд мухлисони зиёд ба бозии мо меоянд. Фикр мекунам, ин барои мо ва ҳам барои рақиб нохуш аст. Вале намешавад гуфт, ки ин омили калидист. Бозӣ бояд хуб гузарад."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ тавсия додааст, ки ба иллати хатари коронавирус чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар коҳиш дода шавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам тасмим гирифт, ки бозии Ҷоми AFC-2020 миёни ду бошгоҳи кишвар бидуни тамошобин доир карда шавад.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар даври интихобӣ дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистонро шикаст дод, ба даври гурӯҳии Ҷоми AFC роҳхат гирифт.

Никола Лазаревич, сармураббии дастаи “Хуҷанд”:

"Вазифаи мо дар ҳар як бозӣ пирӯз шудан аст. Фардо мо бозии хуб нишон доданием ва фикр мекунам, ки пирӯзӣ насиби мо мешавад. Ман ва дастаам талош дорем, дар ҳар як бозии чемпионат, Ҷоми AFC ва Ҷоми Тоҷикистон бозии беҳтарини худро нишон диҳем."

Қаҳрамони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар даври интихобии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз тими «Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ шикаст хӯрд, мисли солҳои қабл барои ба даст овардани Ҷоми AFC мубориза мебарад.

Виталий Левченко, сармураббии дастаи “Истиқлол”:

"Дар назди дастаи мо вазифаҳои аз ҳама баланд гузошта шудааст, аввалан аз гурӯҳ баромадан ва баъдан ғолиб шудан дар Ҷоми АФК. Мо ба ҳар як бозӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинем, рақибамонро хуб меомӯзем ва тактикаи бозии мо ҳамеша дигаргун мешавад."

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Ҳакамони ин бозӣ аз Кувайт мебошанд. Довари FIFA Аҳмад Ал-Алӣ сардовари бозӣ таъйин шудааст. Маҳюб Содиқ аз Фаластин нозири доварон ва Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб комиссари бозӣ мебошанд.

Ба ҷуз аз ду бошгоҳи Тоҷикистон, ба гурӯҳи “D” дастаҳои “Олтин Асир”, қаҳрамони Туркманистон ва “Дордой”, қаҳрамони Қирғизистон, дохиланд. Бо тасмими Конфедератсиони футболи Осиё бозӣ миёни дастаҳои «Дордой» ва «Олтин Асир», ки мебоист 11-уми март дар Бишкек доир мегашт, ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуд.

Ҷоми AFC-2020:

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 18:00

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Сардовар: Аҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).

Кӯмакдоварон: Яъқуб Ал-Мутаирӣ, Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ (ҳарду аз Кувайт).

Довари эҳтиётӣ: Умар Ашконанӣ (Кувайт).

Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Иморот).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG