Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистон ба мушкили дигаре печид


Абдулло Абдулло рақиби деринаи раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аст.
Абдулло Абдулло рақиби деринаи раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аст.

Рақиби аслии интихоботии Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гурӯҳи нозиронашро аз ҷараёни шумориши раъйи мардум дар интихоботи гузашта берун кардааст.

Абдулло Абдулло, рақиби деринаи Ашраф Ғанӣ ва раиси ҳукумати иҷроия дар ин бора рӯзи 10-уми ноябр эълон кард. Ӯ гуфт, дар сурати ҳузур надоштани нозиронаш дар ҷараёни шумориши раъйҳо, натиҷаҳое, ки Кумиссиёни Марказии Интихоботи Афғонистон эълон мекунад, қонунӣ нахоҳад буд.

Қарори Абдулло Абдулло, зарбаи дигаре ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст, ки эълони натиҷаҳои онро чанд бор аст, ба таъхир меандозанд. Моҷаро ҳам дар замонест, ки Афғонистон талош дорад, бо кӯмаки Амрико ва нерӯҳои кишварҳои дигар Толибон ва гурӯҳҳои дигари ошӯбгарро саркӯб кунад ва аз ҷанги тӯлоние, ки даҳсолаҳо идома дорад, ба худ биёяд.

Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло ҳарду иддао доранд, ки дар интихоботи рӯзи 28-уми сентябр пирӯз шудаанд ва ҳамдигарро ба тақаллубкорӣ дар интихобот муттаҳам кардаанд. Мақомоти расмӣ қаблан гуфтаанд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботро рӯзи 14-уми ноябр эълон мекунанд, вале аз ҳоло аломат додаанд, ки мумкин аст, ин корро ба таъхир андозанд.

Ҳаво Алам Нуристонӣ, раиси Кумиссиёни Мустақили Интихобот дар Афғонистон, интихоботро «масъалаи сарнавиштсоз» номида ва гуфтааст, ки мақомот «шаффофиятро қурбони суръат намекунанд.» Намояндагони кумиссиён аз нозирони интихоботии Абдулло Абдулло хостанд, дигарбора барои корашон ба кумиссиён баргарданд.

Забеҳулло Содот, яке аз сухангӯёни кумиссиён шоми 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: «Мо ҳам умедвор ҳастем, ки номзадҳои муҳтараме, ки то ҳол дар ин арса ҳамроҳи кумиссиён ҳамкорӣ надоштанд ва то имрӯз нозирони худро равон накарда буданд, баъд аз ин ҳамкорӣ дошта бошанд. Кумиссиёни мустақили интихобот бар асоси муқаррарот, тафтиш ва бозшумории ороро пеш мебарад.»

Иддаоҳо дар бораи қонуншиканӣ ҳангоми раъйдиҳӣ, мушкилоти фаннӣ дар ҷамъоварии баргаҳои раъй ва гирифтани иттило аз системаи электронии биометрии раъйдиҳандагон монеи эълони саривақтии натиҷаҳои интихобот шудааст. Ҳамин таъхир аз ҳоло ҷанҷолҳои сиёсӣ ва иттиҳомот дар бораи тақаллубро доман задааст.

Соли 2014 баъди моҷаро бар сари натиҷаҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Афғонистон, номзадҳо ба ин мақом, Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло бо миёнҷигарии Амрико ҳукуматро тақсим карданд. Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло раиси ҳукумати иҷроия шуд. Агар дар интихоботи имсола ҳеҷ яке аз номзадҳо нисфе аз раъйи мардумро ба даст наоварда бошад, даври дуввум пирӯзро маълум мекунад.

Бо кӯмаки Амрико ва дигар нерӯҳои хориҷӣ ҳукумати Афғонистон ҳоло ба зидди Толибон ва дигар гурӯҳҳои тундрави шарики гуруҳи “Давлати исломӣ” меҷангад. Талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои сулҳ бо Толибон, ки соли 2001 аз қудрат барканор шуданд, чанде пеш аз ҳам пошид. Амрикову Толибон гуфтанд, ки ба созиш барои хотима додан ба ҷанг ва хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон наздик шудаанд, вале баъди ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дастур дод, гуфтугӯҳо бо Толибон боздошта шавад.

XS
SM
MD
LG