Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ақибнишинии Толибон ба сӯи марзи Тоҷикистон


Харитаи Дарқад
Харитаи Дарқад

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангиёни Толибон дар вилояти Тахор таҳти фишори нирӯҳои давлатӣ ба самти марзи Тоҷикистон ақиб менишинанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангиёни ҷунбиши Толибон, ки як рӯз пеш маркази вулусволии Дарқад ва қисматҳои бузурге аз вулусволии Хоҷағорро тасарруф карданд, таҳти фишори нирӯҳои давлатӣ ба самти марзи Тоҷикистон ақиб менишинанд. Дарқад ва Хоҷағор ба вилояти Тахори Афғонистон марбут буда, бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарзанд ва ин марз дар қисматест, ки паҳнои дарёи Омӯ хеле васеъ мебошад.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, нирӯҳои давлатӣ баъди расидани нирӯҳои изофӣ ба хотири берун кардани ҷангиёни ҷунбиши Толибон баъд аз зӯҳри 29 октябр амалиёти густардаеро ба роҳ меандозанд.

Сунаттулоҳ Темур, сухангӯи волии вилояти Тахори Афғонистон, ки рӯзи 29 октябр бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз вулусволии ҷангзадаи Хоҷағор сӯҳбат мекард, гуфт, ба хотири рондани ҷангиён аз ин манотиқ аз маркази вилоят ва манотиқи дигари Афғонистон нирӯҳои изофӣ ҷалб шудаанд ва ба амалиёти зидди ҷангиён шахсан волии Тахор доктор Муҳаммадёсини Зиё, ки феълан дар Хоҷағор қарор дорад, раҳбарӣ мекунад.

Сухангӯии волии Тахор афзуд, аз шоми 28 октябр ба ин тараф дар набардҳо дастикам 20 тан аз ҷангиёни толиб кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар байни кушташудаҳо ҷангиёни тоҷикистониву узбакистонӣ низ зиёданд: “Хабарҳои расида аз ҷабаҳоти ҷанг ҳокист, ки шадидтарин муқовиматро ба нирӯҳои давлатӣ маҳз ҷангиёни тоҷикистониву узбакистонӣ нишон медиҳанд ва то ин соат чандин нафар аз онҳо низ кушта шудаанд.” Суннатуллоҳ Темур гуфт, маркази вулусволии Дарқад ҳанӯз дар дасти Толибон аст, вале ӯ изҳори умедворӣ кард, ки бо расидани нирӯҳои изофӣ “ба зудӣ ва шояд ҳатто дар соатҳои наздик хабарҳои хушеро аз ҷабҳаҳо хоҳем шунид.”

Ҷангиёни Толибон рӯзи 28 октябр дар пайи як рӯзи даргириҳои шадид вулусволии Дарқад ва қисматҳои бузурге аз вулусволии Хоҷағорро дар марз бо Тоҷикистон ба даст оварданд. Мақомоти Тахор мегӯянд, ин ҷангиён таҳти фишори нирӯҳои давлатӣ ба ақидбнишинӣ аз вулусволии Дашти Арчии вилояти ҳамсояи Қундуз маҷбур ба ақибнишинӣ шуда, ҷабҳаи ҷанги худро ба Дарқаду Хоҷағор кӯчондаанд.

Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҷангҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ба Толибон ҷангиён аз созмонҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, ки қасди густариши фаъолиятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, низ ҳамроҳ шудаанд. Тасарруфи вулусволии Дарқад дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар ҳолест ки дар поёни моҳи сентябр ҷангиёни Толибон барои чанд рӯз шаҳри Қундуз, маркази маъмурии вилояти низ бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатии Афғонистон танҳо баъди чанд рӯзи амалиёти густурда ва ҷалби нирӯҳои ҳавоии Амрико ва НАТО муяссар шуд, то ҷангиёни Толибонро аз ин шаҳри аз нигоҳи стратегӣ муҳим берун андозанд.

Ҳузури афзояндаи гурӯҳҳои ҷангии шарики Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ кайҳо боз мояи нигаронии кишварҳои ин минтақа, ба хусус Тоҷикистон шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, ки рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мураккаби ҷуғрофӣ ҳифозаташ мушкил аст. Масъулияти ҳифозати ин марзи тӯлониро аз соли 2005, дар пайи хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия, худи марзбонони тоҷик бар ӯҳда доранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар авоили моҳи октябр дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Сочи изҳори нигаронӣ кард, ки даргириҳо бо ҷангиёни Толибон алакай 60 дарсади манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистонро фаро гирифтаанд ва ин Душанберо сахт нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG