Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Аҳмад Зоҳир дар бораи падараш филм мегирад. САДО


Аҳмад Зоҳирро соли 1978 дар Афғонистон куштанд.
Аҳмад Зоҳирро соли 1978 дар Афғонистон куштанд.

Шабнам Зоҳир, духтари овозхони маъруфи афғон Аҳмад Зоҳир, мегӯяд, қасд дорад, дар бораи падараш як филми мустанад ба навор гирад.

Шабнам Зоҳир, ки муқими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, рӯзи 3-юми октябр ба хабарнигори Радиои Афғонистони Озод гуфт, сабти филми мустанад бар уҳдаи Сем Френч, коргардони амрикоӣ хоҳад буд. "Ӯ дар Афғонистон кор кардааст ва филми "Бузкашӣ Бой"-и ӯ ба ҷоизаи Оскар пешниҳод шуда буд", - мегӯяд ӯ.

Буҷети филм 50 ҳазор доллар аст ва Шабнам Зоҳир мегӯяд, ин пулро аз тариқи муроҷиат ба мухлисони овозхон дар Интернет ҷамъ оварданӣ ҳастанд.

"Аз тариқи Kickstarter барои 50 ҳазор доллар муроҷиат кардем, то анҷоми маърака 9 рӯз мондааст ва ҳоло 32 ҳазор доллар ҷамъ овардем", - гуфт, ӯ.

"Фикр мекардам, моҳ дар Афғонистон падари ман аст"

Шабнам Зоҳир
Шабнам Зоҳир

Духтари овозхони маъруф умедвор аст, ки алоқамандону мухлисони падараш аз Осиё ва аз ҷумла Тоҷикистон дар сабти филми мустанад саҳм мегузоранд: "Ман фикр мекунам, онҳое, ки ростӣ хонданҳои падари маро дӯст медоранд, падарамро дӯст медоранд, аз ҳар тараф, аз Аврупо, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ва Амрико метавонанд ба ин маърака (ҷамъоварии пул) ҳамроҳ шаванд."

Шабнам Зоҳир мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ падари худро надидааст, чун "рӯзе ки таваллуд шуд, падараш фавтид". Ба гуфтаи ӯ, то панҷсолагиаш фикр мекард, ки падараш зинда аст, чун то ин замон хабарги марги падарро аз ӯ пинҳон доштаанд.

“Модарам ба ман мегуфт, ки падарам дар Афғонистон аст ва ба хайр меояд. Вақте бо модарам шабона дар роҳ мерафтем, ман ба моҳтоб нигоҳ мекардам ва фикр мекардам , ки моҳтоб дар Афғонистон ва падари ман аст, ки ба ман нигоҳ мекунад” – мегӯяд, Шабнам Зоҳир.

Ҳамин эҳсосот ба гуфтаи Шабнам Зоҳир дар зеҳнаш эҳё шуд ва барои ҳамин тасмим гирифт, ки дар бораи падараш филми мустанаде бисозанд.

Духтари Аҳмад Зоҳир дар бораи падараш филм мегирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим

Шабнам Зоҳир, ки дар шаҳри Вирҷинияи Амрико зиндагӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ ба Афғонистон сафар накардааст. Ӯ соли 1980 дар як солагӣ бо модар Афғонистонро тарк кардааст ва орзуяш ин будааст, ки рӯзе ба онҷо баргардад ва зодгоҳашро аз наздик бубинад ва дар онҷо мактаберо ба номи падараш таъсис диҳад.

Ҳанӯз ҳам таронаҳояш дар Тоҷикистон таъсир дорад

Ба гуфтаи ӯ, падараш агар зинда мебуд, ҳамчунон маҳбубу маъруф буд, чун таронаҳояш рост ба қалби инсон мераванд. “Чиҳил сол аст, ки бобоям нест, вале ҳанӯз ҳам хонданҳояш дар хонаҳо дар Афғонистон, Тоҷикистон чӣ қадар таъсири зиёд дорад” мегӯяд, ӯ.

Шабнам Зоҳир мегӯяд, истеъдоди овозхонӣ надорад. Ҳамаи таронаҳои падарашро дӯст медорад. Ба ин суол, ки кадом таронаи Аҳмад Зоҳирро дӯст медорад, чунин посух дод:

“Марбут ба он рӯз аст вобаста ба эҳсосам дар он рӯз. Рӯзе ҳаст, ки мехоҳам, фақат овозашро мешунавам. Ҳамин рӯз ки бо фарзандонам будам, эҳсос кардам, мехоҳам таронаи “Аз ту дурам”-ро бишнавам. Таронаҳои падарам барои ман аз хурдӣ алла буд, модарам мегузошт, то бихобам. Падарамро надидам, вале медонам, ки сурату руҳи у бо ман аст.”

Аҳмад Зоҳир, ки дар миёни мардуми тоҷик ҳам маҳбубияти зиёд дорад ва ба сабки овозхонҳои зиёде таъсир гузоштааст, 40 сол пеш дар як ҳодисаи мармуз кушта шуд. Зиёда аз 400 тарона ба мерос гузоштааст.

Бештари сурудҳояш аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Бедил, Турсунзода, Лоҳутӣ, Фуруғи Фаррухзод ва даҳҳо шоири маъруфи дигар мебошад. Аҳмад Зоҳир борҳо унвони «Беҳтарин овозхони соли Афғонистон»-ро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG